Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ зани 59-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки 27-уми апрели соли 2017, тахминан соати 14:00-дақиқа, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди хонаи истиқоматиаш шуда, аз он ҷо ҷавоҳироти тиллоӣ, ки арзишашон 6 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Ҳамчунин дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ду нафар сокинони ноҳияи Бохтар, марди 29-сола ва ҷавонписари 16-сола бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир гардидаанд.
Муайян карда шудааст, ки шаби 29-уми апрели соли 2017, аз дохили оғилхонаи марди 54-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ориёни ноҳияи мазкур ду сар чорвои калони шохдорро, ки арзишашон 5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Дафтари матбуотии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ки ҳамарӯза аз рӯйдодҳо ва қонуншиканиву ҷиноятҳои содиршуда иттилоот нашр мекунад, дуздӣ дар раъси хабарҳои ин ниҳод меистад. Аксари хабарҳо аз дуздии молу колои шаҳрвандон буда, рӯзе то чору панҷ хабари дар бораи рабудани тиллову гушворӣ, пули мардум, ашёи рӯзғор, чорво ва ғайра нашр мешавад.
Аммо дар бораи пешгирии ин амали манфур ҳеҷ ниҳоди ҳукуматие ба ҷуз чораҳои муҷозотӣ ягон чораи чашмрасе наандешидаанд.
Аксари ташкили ҷамъомадҳо, ки бо мусоидати ВКД анҷом мешавад ба пешгирии амалҳои террористӣ-экстремистӣ нигаронида шуда, ингуна ҷамъомадҳо бо тобиши сиёсӣ ва бадном кардани мухолифони сиёсии ҳукумати Тоҷикистон анҷом меёбанд.
Ин дар ҳолест, ки Форуми байналмилалии Ҷаҳонӣ Тоҷикистонро аз паи як пажӯҳиш дар мақоми аввал байни кишварҳои Осиёи Миёна қарор дода ин кишварро аз амнтарин кишвар дар минтақа донистааст.
Пас ҳадаф аз тарсонидани мардум аз терроризми набудаву ҳабси ҳазорон бегуноҳ танҳо ба хотири изҳори назар дар интернет чист? Мақомот мехоҳанд ҳушу ёди мардумро аз мушкилоти воқеъӣ ба дур кашанд то аз авҷи қонуншиканиҳо ва ноӯҳдабароии мақомот ҳарф зада нашавад?
Аксари ҷиноятҳои дуздӣ дар Тоҷикистон бо гузашти солҳо ошкор нашуда мемонанд. Ҳатто дуздии хазинаҳои чандин бонкҳо ва мағозаҳои тилловориву дуконҳои ивази асъор ошкор нашудаанд. Вале вазири корҳои дохила ҳар сол аз боздошти садҳо террористи эҳтимолӣ ва пешгирии амалиёти террористӣ гузориш медиҳад. Пас кашфи террористон аз дуздон осонтар аст ё террористон беақлтаранд?