Саробсозии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва ҳукумати Тоҷикистон мабнӣ бар боздошти фасодкорон, ки инак як моҳ бештар аст сари забонҳост, дорад асрореро ифшо мекунад, ки худи саробсозон интизорашро надоштанд.
Хадамоте, ки хостанд бо ин роҳ ҳам обрӯи худро назди ҷомеъа боло баранд ва ҳам бо халос шудан аз чанд заъифпуште маблағҳои ҳангуфт кор кунанд, дарк карданд, ки аз ин бештар пеш рафтан ба худашон зарар меоварад. Чун кофтукови бештар дар равобити фасодкорони дастгиршуда онҳоро ба хонаҳои… худашон хоҳад овард. Қаблан иттило дода будем, ки пуштибони Фирӯз Холмуродов бо иқрори худи ӯ Абдуфаттоҳ Ғоиб аст ва дар Оила ин баҳс ҳам рӯ задааст, ки бо ӯ чӣ кор кунанд. Баъдан як иттилои дигар расид, ки аз Ғоиб худи тиме, ки алайҳи фасод “мубориза”-ро оғоз кардааст, яъне ҳамонҳое, ки Холмуродовро дастгир карданд, дифоъ намудаанд. Аз диди аввал аҷиб нест магар? Аҷиб аст, вале дар асл “муборизон бо фасод” дарк кардаанд, ки шикастани Ғоиб ба шикасти худашон мувоҷеҳ хоҳад шуд.
Агар КДАМ аз як тараф ба Абдуфаттоҳи Ғоиб бархӯрда маҷбур ба ақибнишинӣ шуд, аз тарафи дигар тобеъини Ятимов ба дӯст ва ҳампаймони ӯ — вазири корҳои дохила Рамазон Раҳим бархӯрданд. Дар масъалаи Ғоиб ақибнишинӣ буд ӯ аҳд байни ду тараф, фарзияе ҳаст, ки ба он ҷои дигар бар хоҳем гашт. Вале ин ки чаро баъзеҳо озод мешаванду (10 нафар) баъзеи дигар дар боздоштгоҳҳо боқӣ мемонанд ва хонаҳояшон кофтукову ошкор мешавад, маълум шуд. Ҳарф сари пардохти ҳақи боздошткунандаҳо нест, чун масалан Хайров қудрати пардохти ҳади ақал 35 миллионро дошт. Албатта аз гирифтани масалан 35 миллион пора аз Хайрову озод карданаш ва гирифтори овозаву пурсишҳо шудан, осонтару фоидаовартар аст, ки ҳамаи молу мулкашро бо шумули ҳамон 35 миллион ғасб куниву “мубориз бо фасод” боқӣ монӣ. Вале чаро қисме аз онҳо озод мешаванд? Масалан Умед Камолов – собиқ муовини сардори раёсати ҷиноятҳои вобаста ба мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, писари вазири собиқи амният генерал Саиданвар Камолов? Фикр мекунед ӯ дар фасод дасти камтар доштааст? Ё пуштибони қавитаре доштааст? Магар Ниёзбадалов пуштибон надошт?
Ана дар ҳамин ҷо масъала ба Рамазон Раҳимзода бармегардад. Пурсуҷӯи Умед Камолов ва кофтукови амволаш “муборизон”-ро ба хонаи дӯсти наздики ӯ, муовини сардори Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохила Шодӣ Ҳафизов хоҳад бурд, ки домоди хоҳарбузурги Раҳимзода аст. Албатта ба яке аз хонаҳояш. Аниқтараш хонаи бузурге, ки дар назди Сарраёсати умури зиндонҳо дар кӯчаи Лоҳутӣ қарор дорад. Чаро маҳз ба он хона? Зеро он хона ба Ҳафизов аз тарафи Умед Камолов ҳадя шудааст. Ин гуна амвол танҳо ба хотири дӯстӣ ҳадя намешаванд ва кофтуков метавонад ҷиноятҳоеро ошкор кунад, ки Шодӣ Ҳафизов дар ҳамдастӣ бо Умед Камолов ё бидуни ӯ муртакиб шудааст. Албатта ҷиноятҳоеро, ки Шодӣ муртакиб шудааст ними мардуми Тоқикистон медонад, вале вақте қазия расмӣ мегардад, масъала дигар аст. Дар ин сурат табъи Рамазон Раҳимзода, дӯсти Ятимов хира хоҳад шуд, ки дар ин марҳала ба Ятимов нафари хеле зарурист.
Раҳимзода ҳам он қадар сода нест, ки ба Ятимов пурра эътимод намуда, домоди хонаводаро ба тақдир ҳавола кунад. Чун дар сурати ба каҷӣ рафтани коса на танҳо ба обрӯяш латма ворид мешавад, балки аз як даричаи воридотии сейфаш ҳам маҳрум хоҳад шуд. Бинобар ин тасмим гирифт домодтӯраро аз бало ҳазар, ба дуртар фиристад ва ӯро ба ҳайси намояндаи ВКД-и Тоҷикистон дар Русия пешниҳод намуд. Вале ин пешниҳоди ӯ аз тарафи Озода Раҳмон рад гардид.
Ҳанӯз маълум нест сабаби рад гардидани ин пешниҳод ҷиноятҳои Шодӣ Ҳафизов аст ва ӯ зери тири ҳадаф қарор дорад, ё танҳо ба он хотир, ки Озода Раҳмон нафари худашро тасдиқ кардааст. Вале ин нукта мусаллам аст, ки айни ҳол “мубориза” танҳо бо ҳамон фасодкорони Оҷонсии мубориза бо фасод ҷараён дорад, ки худ ё ҳамдастонашон мисли вазири корҳои дохила пуштибони қавие надоранд.