То имрӯз ҳар ҷинояте дар ватани мо сар задааст, содиркунандааш ба таври сохта аксаран аъзои ҲНИТ ном гирифта мешуд. Ахиран генерал ва муовини вазири дифоъ Абдуҳалим Назарзодаро низ шомилм ин ҳизб дониста, дар муддати 1 ҳафта ҲНИТ-ро созмони террористӣ эълон намуданд. Додгоҳи Олӣ ва вазорати Адлия қарори баста шудани ҲНИТ-ро дар муддати кӯтоҳ содир намуда, нисбати аъзои зиёдаш, бо шумули 27 узви раёсати ин ҳизб парвандахои бофта тартиб дода, ба мӯҳлатҳои тӯлонӣ паси панҷара равона сохтанд. Ин тӯҳматҳо боис гашт, ки аз он рӯз то ба ҳол номи ин ҳизб дар садри хабарҳои ВАО-и давлативу хусусӣ қарор бигирад.
Пас 17 ришвахори «муборизи зидди коррупсия» ва 40 корманди гумрук шомили кадом ҳизбанд? Чаро раҳбарони ин ҷинояткорҳо ба ҷавобгарӣ кашида намешаванд? Чаро ин ҳама дороиҳои ҳангуфт, ки танҳо аз манзили чанд корманди миёна пайдо шуд дар сархати ВАО қарор надорад?
Ба ин монанд суолҳои дигаре ҳаст, ки бояд шаҳрвандони Тоҷикистон посухашро дарёбанд ва аз воқеъият бохабар бошанд, ки чӣ касоне онҳоро ба қашшоқӣ расонида фарзандонашонро дар ба дар кардаанд. Магар мардуми заҳматкаши Тоҷикистон то он ҳад беэътибор гашта, ки ҳақ надорад аз ғоратгарони худ, ки сабаби ақибмондагии сарзамини биҳиштосои мову шумо гаштаанд иттилоъ дошта бошанд?
Ба даст омадани ин ҳама дороиҳои ҳангуфт дар чанд моҳу чанд сол ғайриимкон аст ва ин ошкоршавиҳо аз он дарак медиҳад, ки ҳама ниҳодҳои интизомӣ салоҳияти худро ба таври бояду шояд иҷро накарданд ё дар ин фасодкориҳо даст доранд, ки дар ҳоли ҳозир паси парда мондааст. Дар ин маврид Фирӯз Холмуродов (Холмуродзода) — раҳбари собиқи раёсати тафтишоти Агентии мубориза бо коррупсия дар баёноташ зикр намудааст, ки «ман танҳо намехӯрдам» ва ин ҷои таъаҷҷуб ҳам надорад, ки аксар сарони мақомоти интизомӣ дар ин фасодкориҳои саросарӣ даст дошта бошанд.
Гарчӣ дар ин шакки бузург аст, вале агар раҳбарияти кишвар воқеъан камари ҳиммат барои мубориза алайхи фасод бастаанд бояд аввалан нисбати мардуми шарифи тоҷик эҳтиром қоил шуда, ошкоро ҳақро ба ҳақдор бирасонанд ва тамоми сардорони мақомоти интизомиро барои даст доштан дар ин ҷиноятҳо ё хунукназарӣ нисбати мансаби давлатӣ аз кор пеш карда, мутахассисҳои лаёкатмандро, ки ба истилоҳ ҳанӯз «гург» нашудаанд сари кор биёрад то заррае эътимоди мардумро ба худ баргардонанд. Вагарна бо ин хомӯши ва гул задани мардум ба шармандагии аз ин беш хоҳанд расид.
Муҳаммад Тиллозода