Friday, May 16, 2025
ads
HomeХабарҳоБоздошти Иззат Амон дар Маскав

Боздошти Иззат Амон дар Маскав

Вакили дифоъ, ҳомии ҳуқуқ ва роҳбари созмони Ҷавонони муҳочири точик дар Русия Иззат Амон аз тарафи шӯъбаи корҳои дохилии Якиманкаи Маскав боздошт шудааст.

Сабаби боздоштро пулис “тазоҳуроти бидину иҷозат” номидааст. Ваде худи Иззат Амон мегӯяд, ки онҳо на барои тазоҳурот, балки барои талаби музди меҳнати муҳоҷирони тоҷик ҷамъ шуда буданд.

Ӯ дар як тамоси кӯтоҳ ба “Паём” гуфт, ки бо даъвати муҳчирони ҷабрдида ба ширкати Элит.ру рафтааст, ки инак шаш моҳ аст музди меҳнати муҳоҷирони тоҷикро намепардозад. Вале баъди занги раиси ин ширкат, пулис ҳамаи ҷамъшудагонро ба иддорааш бурдааст.

Иззат мегӯяд, ҷамъшавии онҳо ҳеҷ шабоҳате ҳам ба тазоҳурот надошт, вале бо “заказ”-и раиси ширкат пулис онҳоро боздошт кардааст. Баъди як соати боздошт, Иззат Амон дар саҳифааш навишт, ки ӯро раҳо кардаву хостаанд, ки рӯзи душанбе ҳозир шавад, вале каме дертар хабар дод, ки бо қарори сардори ин шӯъба Василев Павел Генадевич то баргузории додгоҳ, яъне ҳади ақал то рӯзи душанбе дар боздоштгоҳ боқӣ мемонад.

Тафсилоти бештар нашр хоҳад шуд

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика