5 феврали сори ҷорӣ дар шаҳри Душанбе мизи мудаввар дар мавзуи «Фаъолияти дастаҷаъмона ҷиҳати дастгирии иҷтимоии занон ва кӯдакони аз минтақаҳои ҷангӣ баргардонидашуда» баргузор гардид. Дар чорабинӣ беш аз 30 намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ки ба тавонбахшӣ ва бозҳамгироии занон ва кӯдакони баргардонидашуда масъул мебошанд ва мутахассисони соҳаи кори иҷтимоӣ иштирок карданд.
Ҳадафи асосии чорабинӣ муҳокимаи имкониятҳои мавҷуда ва роҳҳои ҳамкории байнисоҳавӣ ҷиҳати мусоидат ба ҳамгироии иҷтимоии намояндагони гурӯҳи ҳадафӣ мебошад. Яке аз механизмҳои ҳамкории байнисоҳавӣ таъсис додани Гурӯҳи кории байнисоҳавӣ назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ мебошад, ки намояндагони ҳамаи сохторҳои асосиро дар бар мегирад.
Мавзуъҳои асосии муҳокима масъалаҳои натиҷаҳои таҳлили ҷонибҳои манфиатдор ва хадамоти иҷтимоӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон дар минтақаҳои ҳадафӣ ва механизми фаъолияти дастаҷаъмонаи тарафҳои манфиатдор, ҳайат, мақсад, вазифаҳо Гурӯҳи кории байнисоҳавӣ ва низоми бозравонасозиро дар бар гирифтанд.
Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) аз соли 2018 инҷониб бо ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии бозҳамгироии кӯдаконе, ки аз минтақаҳои ҷангӣ баргардонида шудаанд, ҳамкорӣ мекунад. Ҳукумати кишвар бо роҳбарии Комиссияи миллии ҳуқуқи кӯдак Гурӯҳи кории байниидоравӣ барои ҳамоҳангсозии раванди ҳамгироии кӯдакон ва парасторони онҳо дар сатҳи миллӣ таъсис додааст. Илова бар ин, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 сентябри соли 2023, № 481 “Барномаи барқарорсозӣ, ба ҳаёти муқаррарӣ мутобиқ намудан ва ба ҷойи кору таҳсил таъмин намудани занону кӯдакони аз минтақаи амалиётҳои ҷангӣ баргардондашуда барои солҳои 2023-2027” ва нақшаи чорабиниҳо қабул гардид. То моҳи июли соли 2024 дар маҷмӯъ 301 кӯдак (142 духтар ва 159 писар) ба Тоҷикистон баргаштанд, ки ин бо талошҳои дастаҷамъи ниҳодҳои давлатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ имконпазир гардид. Аммо дар раванди мутобиқшавии онҳо ба мушкилот, аз ҷумла мушкилоти иҷтимоишавӣ, дастрасӣ ба таҳсил ва шуғл ру ба ру мешаванд.
«Аксари занон ва кӯдаконе, ки ба кишвар бармегарданд, аз барномаҳои мутобиқсозии равонӣ мегузаранд ва малакаҳои иҷтимоиро меомӯзанд, ки ин як қадами муҳим дар самти зиндагии мустақилона мебошад. Бо вуҷуди ин, бисёре аз онҳо ҳамоно эҳсоси танҳоӣ мекунанд ва бо ҷомеаи маҳаллӣ иртибот надоранд»”, – гуфт Макнуна Ниёзӣ, иҷрокунандаи вазифаи роҳбари шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҳукумати шаҳри Душанбе.
Директори Ассотсиатсияи миллии мактабҳои кори иҷтимоии Тоҷикистон (АММКИТ) Ашӯров Субҳон қайд кард: “Барои бозҳамгироии бомуваффақияти занону кӯдаконе, ки аз минтақаҳои амалиёти ҷангӣ баргаштаанд, на танҳо ба ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои гуногун, балки ба эҳтиёҷоти инфиродии ҳар як оила таваҷҷӯҳ зоҳир кардан лозим аст. Раҳёфти маҷмӯӣ, ки саъю кӯшиши ниҳодҳои давлатӣ ва ҷамъиятиро муттаҳид мекунад, низоми ягонаи дастгирии иҷтимоиро ба вуҷуд меорад. Шахси калидӣ дар ин низоми дастгирӣ корманди иҷтимоӣ мебошад, ки аз дараҷаи салоҳиятҳои касбии ӯ натиҷаи раванди бозҳамгироӣ ва мутобиқсозӣ вобаста аст.”
Дар ҷамъбасти чорабинӣ иштирокчиёни мизи мудаввар тасмим гирифтанд, ки дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии чор ноҳияҳои ш. Душанбе Гурӯҳҳои кории байнисоҳавӣ таъсис дода шаванд, ҳайати тахминии ин гурӯҳро муайян намуда, онҳоро вазифадор карданд, ки ҳар семоҳа оид ба раванди бозҳамгироии занону кӯдаконе, ки аз минтақаҳои ҷангӣ баргаштаанд, маълумот диҳанд. Иштирокчиён инчунин ба зарурати баланд бардоштани иқтидори кормандони мақомоти давлатӣ оид ба технологияи кейс-менеҷмент ва низоми бозравонасозӣ таъкид карданд.
Қобили зикр аст, ки дар охири соли 2024 Гурӯҳҳои кории байнисоҳавӣ дар назди Ҳукуматҳои вилояти Суғд ва ноҳияи Кушониён ташкил карда шуданд.
Мизи мудаввар аз ҷониби филиали Ассотсиатсияи Каритас Олмон дар Тоҷикистон дар чаҳорчӯби лоиҳаи «Таҳкими малакаҳои касбии кормандони иҷтимоӣ оид ба пешгириии хасташавии касбӣ, ҷалби ҷомеаи маҳаллӣ ва бунеди механизмҳои ҳамозангсозӣ дар сатҳи ҷомеа барои дастгирии кудакони осебпазир» ташкил карда шуд. Лоиҳа аз ҷониби Иттиҳодияи Аврупо ва ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон маблағгузорӣ шуда, ҳадафи он таҳияи равишҳои ҳамаҷониба барои кор бо занон ва кӯдакони аз минтақаҳои ҷангӣ баргардонидашуда мебошад.
Больше на Хабарҳои Тоҷикистон – Садои мустақили мардум
Subscribe to get the latest posts sent to your email.