Рӯзи 27-уми октябр дар Исроил интихоботи парлумонӣ баргузор шуд. То лаҳзаи нашри хабар, ки беш аз 85% овозҳо шумурда шудаанд, эътилофи Натанёҳу бо 53 курсӣ пешсаф аст.
Натиҷаҳои охирин нишон медиҳанд, ки ҳеҷ як аз ду эътилоф ба танҳоӣ наметавонад ҳукумат (кобина) навро ташкил диҳад. Чунин натоиҷи интихоботи Исроил эҳтимоли ҳамлаи тозаи Амрико ва Исроил ба Эронро пас аз интихоботи амрико бештар кардааст.
Ба назари коршиносон, натиҷаҳои охирини интихоботи парлумонии Исроил аз бунбасти сиёсӣ гувоҳӣ медиҳанд. На эътилофи нахуствазир Бинёман Натанёҳу ва на эътилофи мухолифин таҳти раҳбарии Гадӣ Айзенкот тавонистаад курсиҳои лозим барои ташкили ҳукуматро ба даст оварданд. Барои ташкили ҳукумат дар Кнессети аз 120-курсӣ ба 61 курси зарур аст.
Ин нахустин интихоботи Исроил пас аз ҳамлаи ҲАМОС ба Исроил, ки дар 7-уми октябри соли 2023 анҷом шуд, мебошад. Ба иттилои расонаҳо, дар ин ҳамла аз ҷониби Исроил 1200 нафра кушта ва наздики 300 нафар гаравгон гирифта шуданд, баъдан озод шуданд. Аммо дар ҳамлаҳое, ки Исроил ба Ғазза анҷом дод ва то ҳол идома доранд, то имрӯз 74 ҳазору 564 нафар кушта шуда, наздики 176 ҳазори дигар захмӣ ва ҳудуди 2 миллион аҳолӣ овора шуда, қисми бузурги Ғазза ба харобазор табдил гашт. Созмонҳои ҳуқуқи башар ва кумиссиюни таҳқиқи Созмони Милали Муттаҳид Исроилро ба наслкушӣ дар Ғазза муттаҳам мекунанд, вале Исроил ин иттиҳомро рад мекунад.
Натанёҳу аз аксарият бозмонд
Тибқи натиҷаҳое, ки рӯзномаи “Haaretz” соати 14:32-и имрӯз ба вақти маҳаллӣ нашр кард, бо шумориши 85,6 дарсади овозҳо (92,9 дарсади сандуқҳои раъй), эътилофи ростгаро ва динии Натанёҳу 53 курсӣ касб кардааст. Ин дар ҳолест, ки дар интихоботи соли 2022 этилофи ӯ 68 курсӣ дошт ва ҳоло 15 курсияшро аз даст додааст. Вале, ҳизби Ликуди Натанёҳу ҳанӯз бо 26 ҷойгоҳ дар интихобот пештоз аст, ҳарчанд, ки нисбат ба интихоботи гузашата чанд курсияшро аз датс додааст.
Эътилофи мухолифин бо раҳбарии ҳизби “Яшар” (Yashar)-и Айзенкот то кунун 48 курсӣ дорад ва он ҳам аз аксарият дур аст. Ҳизбҳои арабӣ якҷоя 19 курсӣ ба даст овардаанд.
| Ҳизб | Party | Курсӣ |
|---|---|---|
| Ликуд | Likud | 26 |
| Яшар | Yashar | 21 |
| Беяҳад | B’Yachad | 12 |
| Феҳристи муштарак | Joint List | 12 |
| Демократҳо | The Democrats | 8 |
| Ӯтсма Еҳудит | Otzma Yehudit | 7 |
| Раъам | Ra’am | 7 |
| Шас | Shas | 7 |
| Яҳудияти муттаҳиди Таврот | United Torah Judaism | 7 |
| Исроил Байтену | Yisrael Beytenu | 7 |
| Саҳюнизми динӣ | Religious Zionism | 6 |
- Эътилофи Нетаняҳу: Ликуд (Likud), Ӯтсма Еҳудит (Otzma Yehudit), Шас (Shas), Яҳудияти муттаҳиди Таврот (United Torah Judaism) ва Саҳюнизми динӣ (Religious Zionism), ҷамъан 53 курсӣ.
- Эътилофи Айзенкот: Яшар (Yashar), Беяҳад (B’Yachad), Демократҳо (The Democrats) ва Исроил Байтену (Yisrael Beytenu), ҷамъан 48 курсӣ.
- Ҳизбҳои арабӣ: Феҳристи муштарак (Joint List) ва Раъам (Ra’am), ҷамъан 19 курсӣ.
Назарсанҷиҳои пас аз овоздиҳии Шабакаи 12-и Исроил (N12) дар шаби интихобот ба эътилофи Айзенкот 52 курсӣ ва ба эътилофи Натанёҳу 50 курсӣ дода буданд. Дар яке аз сарлавҳаҳои N12 омада буд: “Исроил бар зидди Натанёҳу раъй дод, аммо маълум нест, ки кӣ метавонад ҳукумати навро ташкил диҳад”.
Натиҷаҳо ҳанӯз ниҳоӣ нестанд. Овозҳое, ки дар “конвертҳои дугона” дода шудаанд, аз ҷумла овозҳои сарбозон, дар охир шумурда мешаванд.
Натанёҳу: “Фурсати таърихӣ“
Натанёҳу дар ситоди интихоботии “Ликуд” (Likud) дар Байтулмуқаддас гуфт: “Исроил дар баробари фурсати таърихӣ ва бесобиқа дар иттиҳод бо дӯсти мо, раисҷумҳур Трамп, қарор дорад. Эрон ҳар замон заифтар ва Исроил дар ҳар замина нерӯмандтар аст.” Ӯ афзуд: “Ба мо давлати ростгаро, миллӣ ва нерӯманд лозим аст.” Ӯ ҳамкорӣ бо ҳизбҳои арабиро “шармовар” номид.
Ҳизбҳои арабӣ: натиҷаи бесобиқа ва сарнвиштсози интихобот
Ду ҳизби арабӣ якҷоя 19 курсӣ доранд: “Феҳристи ягона” (Joint List) 12 ва “Раъам” (Ra’am) 7. Ин тақрибан 16 дарсади курсиҳои Кнессет аст. N12 ин натиҷаро “бесобиқа” номид. Ҳизбҳои арабӣ дар интихоботи солҳои 2021 ва 2022 ҳар бор 10 курсӣ ва дар авҷи худ дар соли 2020 15 курсӣ ба даст оварда буданд.
Тибқи гузоришҳои ибтидоии расонаҳо, иштироки арабҳо дар раъйгирӣ тақрибан 80 дарсад будааст, дар ҳоле ки дар соли 2022 ин рақам тақрибан 53 дарсад буд. Иштироки умумии дар интихобот тақрибан 77 дарсад буд, ки нисбат ба 70,6 дарсади чаҳор сол пеш бештар аст. Оморҳои ниҳоии расмӣ ҳанӯз нашр нашудаанд ва ин оморҳои авалия мебошанд ва омори ниҳоӣ шояд каме тағир кунад.
Расоаҳои ғарбӣ аз аҳзоби арабӣ ба унвони ҳизбҳои “подшоҳсоз” ва “ҳалкунанда” ёд мекунанд. Эътилофи Айзенкот бо 48 курсӣ бидуни ҳамкори бо арабҳо наметавонад 61 курсиро ҷалб кунад, вале бо онҳо ба 67 курсӣ мерасад. Бо ин ҳол, Айзенкот дар ҷараёни маърака ваъда дода буд, ки барои ташкили давлат ба ҳизбҳои арабӣ такя намекунад.
Ба сӯи бунбасти сиёсӣ
Денӣ Ситриновитс, коршиноси исроилии умури Эрон, субҳи чоршанбе дар мусоҳиба бо CNN гуфт: “Мо бояд ҳанӯз мунтазири натиҷаҳои ниҳоӣ бошем, аммо ба назар мерасад, ки Исроил ба сӯи бунбасти сиёсӣ меравад.”
Ситринович навишт: “Бо вуҷуди натиҷаи чашмгири Натанёҳу ва дастовардҳои интихоботии “Ликуд”, ба назар мерасад, ки ӯ аксарияти порлумонии худро аз даст додааст ва ҳоло роҳи равшане барои ташкили давлат надорад.”
Ба гуфтаи ӯ, Айзенкот низ бо мушкили монанд рӯбарӯст: эътилофи ӯ “бидуни пуштибонии ҳизбҳои арабӣ наметавонад давлат ташкил диҳад, коре, ки Айзенкот дар ҷараёни маъракаҳои интихоботӣ ваъда дода буд, ба он такя накунад. Оё ӯ омода аст аз ин ваъда даст кашад, ҳанӯз пурсиши бепосух аст.”
Тибқи гузориши N12, раисҷумҳур Исҳоқ Ҳерсог ба машваратҳо дар бораи он ки вазифаи ташкили давлат ба кӣ супурда шавад, омодагӣ мебинад. Гуфта мешавад, ки ӯ мехоҳад ҳатто дар сурати идомаи бунбаст аз интихоботи дубора пешгирӣ кунад.
Омили Эрон
Ба навиштаи рӯзномаи “Wall Street“, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба муттаҳидони худ дар Халиҷи Форс дар бораи эҳтимоли аз сар гирифтани ҷанги кӯтоҳмуддат, вале шадид бар зидди Эрон пас аз интихоботи миёндавраи 3-юми ноябри ИМА ҳушдор додааст.
Ситринович гуфт, ки чунин сенария метавонад сиёсати Исроилро дигаргун кунад: “Ҷанги тозаи низомӣ, ки ба бовари ман эҳтимоли ҷиддӣ дорад, метавонад муодилаи сиёсиро аз бунёд тағйир диҳад ва метавонад ба Натанёҳу фурсат диҳад, ки барои ташкили давлати ваҳдати миллӣ талош кунад ва эҳтимолан бо вуҷуди аз даст додани аксарияти порлумонӣ дар қудрат бимонад.”
Ӯ дар поён гуфт: “Давлати ояндаи Исроил на танҳо аз рӯи натиҷаҳои интихобот, балки ҳамчунин аз рӯи таҳаввулот дар атрофи Эрон шакл хоҳад гирифт.”
Чаро Осиёи Марказӣ ва кишварҳои форсизабон ин интихоботро бодиққат пайгирӣ мекунанд?
Ҷанги Ғазза, ҳамлаҳои муштараки Исроил ва Амрико ба Эрон ва хатари даври тозаи ҷанг ин интихоботро барои мардуми минтақа муҳим кардааст ва ҳама мунтазири тағир ҳастанд.
Ин даргириҳо нархи сӯзишворӣ ва нақлиётро дар саросари минтақа боло бурда, роҳҳои тиҷоратиро мухтал кардаанд. Онҳо ҳамчунин ба кишварҳое, ки аз тариқи энержӣ, тиҷорат ва муҳоҷирати корӣ бо Эрон ва кишварҳои ҳошияи Халиҷи Форс пайванди наздик доранд, фишори иқтисодии иловагӣ овардаанд.
Барои бисёре аз мардуми минтақа пурсиши аслӣ ин аст, ки оё Натанёҳу дар қудрат мемонад ё на. Бисёриҳо бовар доранд, ки рафтани ӯ дастикам даргирӣ ва ранҷу азоби камтар меоварад ва аз шиддати буҳронҳои иқтисодие, ки ҷангҳо амиқтар кардаанд, мекоҳад. Дигарон ёдовар мешаванд, ки сиёсати Исроил дар қиболи Фаластин ва Эрон дар миёни ҳизбҳои гуногун ба таври густурда муштарак аст ва худи Айзенкот раиси пешини ситоди кулли артиш аст. Аз ин ҷиҳат чигунагии тағйирот ҳанӯз равшан нест.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.


