Кишварҳои узви Созмони Паймони амнияти дастҷамъӣ (СПАД) қасд доранд то поёни соли 2026 интиқоли силоҳу техникаи низомиро ба Тоҷикистон оғоз кунанд.
Ба гуфтаи дабири кулли СПАД, интизор меравад, то поёни соли 2026 чаҳор кишвари узв барои тақвияти марзи Тоҷикистону Афғонистон силоҳу техникаи низомӣ фиристанд.
Ба гузориши СПАД, Таалатбек Масадиков, дабири кулли созмон, рӯзи 21-уми октябр зимни нишасти хабарӣ гуфтааст, нахустин силоҳу таҷҳизот аз Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия ба Тоҷикистон ворид мешавад.
Бар асоси иттилои манбаъ, Тоҷикистон, ки худ узви ин паймон аст, таъминкунандагон ва маблағи фармоишҳоро мувофиқа кардааст. Аммо навъ, миқдор ва арзиши аслиҳа ҳанӯз эълон нашудааст.
Масадиков дар нишастии қаблии СПАД, рӯзи 16-уми октябр низ гуфта буд, ки рӯйхати аслиҳа, техникаи низомӣ ва воситаҳои ҳифзи марз мувофиқа шудааст ва ҳоло омода кардани шартномаҳо идома дорад.
Аммо маълум нест, ки хароҷоти таъминотро кадом кишвар ё ниҳод мепардозад ва чӣ қисме аз таҷҳизот ройгон ё бо шартҳои дигар дода мешавад.
Тоҷикистон худ узви СПАД ва ҳамоҳангсози барномаи таҳкими марз аст. Барномаро Шӯрои амнияти дастҷамъии созмон рӯзи 28-уми ноябри соли 2024 дар Остона тасдиқ карда буд. Мувофиқи шарҳи расмии СПАД, интиқоли таҷҳизот барои солҳои 2026–2027 пешбинӣ шуда, марҳалаи ниҳоӣ то соли 2029 идома мекунад.
Ин дар ҳолест, ки сиёсатмадорони минтақа аз эҳтимоли вуруди ҷангҷӯён аз қаламрави Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳушдор медиҳанд. Ба иттилои расонаҳо, Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия, рӯзи 16-уми октябр дар нишасти СПАД иддао кард, ки гурӯҳҳои ифротӣ барои гузаштан аз Афғонистон ба кишварҳои минтақа талош доранд. Ӯ гуфт, ки дар минтақаҳои ҳаммарзи Афғонистон бо Тоҷикистон, Узбекистон ва Туркманистон гурӯҳҳои террористию ифротӣ ва пойгоҳҳои омӯзишии онҳо ҳанӯз ҳам боқӣ мондаанд. Ба гуфтаи Лавров, хатари асосӣ аз шохаи “Хуросон”-и ДОИШ аст. Аммо, Толибон мегӯянд, ин гурӯҳро саркӯб кардаанд.
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон бо Афғонистон тақрибан 1400 километр марзи муштарак дорад.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.


