Рӯзи 28-уми октябр дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (ИНТ) ба муносибати 100-солагии Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ, яке аз олимони забардаст ва эътирофшуда дар кишварҳои ҳавзаи форсӣ, маҳфили илмӣ-адабӣ баргузор шуд. Академик Кароматулло Олимов пешниҳод кард, ки як кӯчаи Душанбе ба номи ин олим гузошта шавад. Академик Абдуҷаббор Раҳмонзода дар суҳбати ҷудогона ба “Азия-Плюс” ин пешниҳодро дастгирӣ карда, афзуд, месазад яке аз муассисаҳои таҳсилоти умумӣ низ ба номи устод Шакурӣ гузошта шавад. Ҳоло дар пойтахти Тоҷикистон ба номи ин донишманд ҳеҷ чиз нест.
Дар ин маҳфил олимон, адабиётшиносон, шоирону нависандагон ва ихлосмандони илму адаб ҷамъ омаданд. Бештари суханронон бо Шакурӣ ба таври мустақим ошноӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ доштанд ва шарафи шогирдии ӯро низ дарёфта буданд.
“Мерос замоне зинда аст, ки хонда шавад”
Профессор Шодимуҳаммад Сӯфизода, яке аз донишмандони тоҷик, мероси Шакуриро аз нигоҳи “поетикаи пайвастагии фарҳангӣ” баррасӣ кард. Ба гуфтаи ӯ, ин на назарияи худи Шакурӣ, балки равишест, ки барои фаҳмидани робитаи дохилии осори ӯ кумак мекунад: аз адабиётшиносӣ ва матншиносӣ то забон ва таърихи Бухоро.
“Мерос замоне зинда аст, ки хонда шавад, пурсиш барангезад, мавриди тафсиру баҳс қарор гирад ва ба тарзи андешаву ҷаҳонбинии наслҳои баъдӣ таъсир расонад”, — гуфт Сӯфизода.

asia+
Ӯ ба фаъолияти матншиносии Шакурӣ ва нашри осори падари ӯ — Садри Зиё таваҷҷуҳ кард. Ба гуфтаи Сӯфизода, Шакурӣ дар баррасии рӯзгору осори падар танҳо ба хотира ва муҳаббати фарзандӣ такя накард, балки навиштаҳои Садриддин Айнӣ, дастнависҳо ва санадҳои таърихиро низ муқоиса намуд. Сӯфизода инро намунаи ахлоқи илмӣ номид: “Пайванди шахсӣ бо мавзӯъ метавонад ангезаи ҷиддии пажӯҳиш бошад, вале набояд ҷойи далелу санадро гирад”.
Шодимуҳаммад Сӯфизода ёдовар шуд, ки Шакурӣ дар рисолаи “Сарнавишти форсии тоҷикӣ” навишта буд, ки “имрӯзу фардои мо вобаста ба дирӯзу парерӯз аст” ва таъкид дошт, ин ҷумла муносибати олимро бо таърихи забон нишон медиҳад.
Сӯфизода гуфт, ки Шакурӣ ба кори пешинаи худ низ бо нигоҳи интиқодӣ менигарист. Ба гуфтаи ӯ, дар сарсухани нашри дуюми китоби “Диди эстетикии халқ ва насри реалистӣ” олим ошкоро навиштааст, ки рисола дар сатҳи адабиётшиносии солҳои 60 таълиф шуда, ҳанӯз маҳдудиятҳои назарияи шӯравиро дар худ дорад.
Аз ёддошти Абдураҳмон Абдуманнонов низ намуна оварда шуд. Ба гуфтаи ӯ, Шакурӣ дар посух ба пурсише гуфтааст: “Забон асоси симои миллат аст. Маданияти халқ аз бисёр ҷиҳат ба маданияти забони он вобаста аст”.
Нақши Шакурӣ дар мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ
Академик Абдуҷаббор Раҳмонзода роҳи илмии Шакуриро аз ибтидо баррасӣ кард. Ба гуфтаи ӯ, Шакурӣ дар таҳияи “Очерки таърихи адабиёти советии тоҷик” (ду ҷилд, солҳои 1956 ва 1959) ширкат дошт. Баъдан як силсила рисола ба осори Садриддин Айнӣ бахшид, аз ҷумла китобҳои солҳои 1978, 1986, 2000 ва 2006.

asia+
Раҳмонзода таъкид кард, ки Шакурӣ аз солҳои 80-ум ба масъалаи забон бештар таваҷҷуҳ зоҳир кард. Рӯзи 25-уми ноябри соли 1988 мақолаи ӯ дар “Адабиёт ва санъат” нашр шуд. Соли 1989 Шӯрои Олии Тоҷикистон комиссияи давлатӣ таъсис дод ва рӯзи 22-юми июли ҳамон сол қонуни забони давлатӣ қабул гардид. Раҳмонзода хидмати Шакуриро дар ин раванд бузург номид.
Абдураҳмони Абдуманнон, адабиётшиноси шинохтаи тоҷик ҳам зимни бозгӯйии хотироташ таъкид кард, ки дар мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ Муҳаммадҷон Шакурӣ яке аз пешсафони ин ташаббус буд ва ҳатто охири солҳои 1980-ум дар ин мавзӯъ дар рӯзномаҳои Русия мақолаҳо нашр мекард.

Аasia+
“Маро аз Бухоро ҷудо карданд”
Академик Кароматулло Олимов хотираҳояшро ёдовар шуда, гуфт, ки соли 1992, вақте барои як истилоҳи молиявӣ муодили тоҷикӣ лозим шуд, вожаи “вомбарг”-ро пешниҳод кардааст. Шакурӣ, ки чанд муддат дар Академияи илмҳо мудири шуъбаи истилоҳот буд, аз ин вожаи нав хеле шод шудааст.
Ӯ боз гуфт, ки боре аз Шакурӣ пурсидааст, чаро аз ақидаи коммунистӣ даст кашидааст. Ба гуфтаи ӯ, Шакурӣ посух додааст, ки дар шӯравӣ дастовардҳои бузург низ буд, вале як чиз ҳамеша дилашро озор додааст: “Маро аз Бухоро ҷудо карданд. Сарҳадро нодуруст тақсим карданд”.
Олимов ҳамчунин гуфт, ки Шакурӣ дар баҳси забон бо Мирзо Турсунзода ихтилофи назар доштааст. Ба гуфтаи ӯ, Турсунзода дар як сӯҳбат гуфта будааст, ки забонҳои хурд аз байн мераванд ва шеъри тоҷикиро шояд минбаъд дар Эрон бихонанд. Худи Шакурӣ аслан ба ин назар зид будааст.

asia+
“Душанбе паноҳгоҳи Шакурӣ шуд”
Абдулҳамид Самад, Нависандаи халқии Тоҷикистон, гуфт, ки Шакурӣ ба чанд ҷиҳат шоистаи ҷашн аст ва хонаводаи ӯ як мактаби адабӣ буд. Ӯ ёдовар шуд, ки ба Душанбе бисёр донишмандон аз шаҳрҳои қадимӣ, аз ҷумла аз Бухоро ва Самарқанд, омада, дар ин шаҳр паноҳ ёфтаанд. Ба гуфтаи ӯ, ин ҳақиқат барои мо ифтихор аст.
Абдуҷаббор Раҳмонзода гуфт, ки китобҳои шахсии Шакурӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар рафҳои алоҳида нигоҳ дошта мешаванд ва дастхатҳои ӯ ба Институти забон ва адабиёт супорида шудаанд.
Ӯ инчунин гуфт, ки омода кардани куллиёти Шакурӣ чанд сол пеш оғоз шуда, ҳоло донишмандони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров онро ба анҷом расонидаанд.
Дар маҳфил академик Носирҷон Саломӣ, Муҳаммадюсуф Имомзода ва профессор Аъламхон Кучарзода, суханронӣ карда, Ҳасани Султон ва Бузургмеҳр Баҳодур ба ёди Шакурӣ шеър хонданд.

asia+
Муҳаммадҷон Шакурӣ кист?
Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ адабётшинос, забоншинос, пажӯҳишгар, адиб ва нависандаи тоҷик, аъзои Фарҳангистони улуми Тоҷикистон ва Фарҳангистони забону адаби форсии Эрон, яке аз муаллифони Қонуни забони тоҷикӣ, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ ва донишманди саршиноси тоҷику яке аз пешгомони ҳаракати равшанфикриву худшиносии миллӣ аст.
Соли таваллудаш расман 30-юми октябри соли 1926 сабт шудааст. Аммо тибқи навиштаҳои худи устод, на соли 1926, балки моҳи феврали соли 1925 таваллуд шудааст.

“Ин аз он ҷо маълум мешавад, ки дар соли муш ба дунё омадаам ва ҳазрати қиблагоҳам Садри Зиё дар таваллуди ман рубоъиеро бо моддаи таърих гуфтаанд”, – навиштааст ӯ дар “Зиндагиномаи худнавишт”.
Шакурӣ соли 1939 аз Бухоро ба Душанбе кӯчид, соли 1945 Донишкадаи омӯзгории Душанберо хатм кард ва то соли 1953 дар он ҷо дарс гуфт. Соли 1958 рисолаи номзадӣ ва соли 1971 рисолаи докториро дифоъ кард. Аз соли 1951 то 1989 дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ кор кард ва аз соли 1959 мудири шуъбаи адабиёти шуравии тоҷик буд.
Шакурӣ академики Академияи илмҳои Тоҷикистон (аз соли 1987), доктори илми суханшиносӣ ва узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (аз соли 1956) буд. Беш аз 45 асари илмӣ дорад, аз ҷумла “Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад”, “Нигоҳе ба адабиёти садаи 20” ва “Сарнавишти форсии тоҷикии Фароруд дар садаи бист”.
Ҳамчунин, чандин асар дар бораи худшиносӣ низ навиштааст. “Хуросон аст ин ҷо”, “Фитнаи инқилоб”, “Пантуркизм ва сарнавишти таърихии тоҷикон” аз ҷумлаи китобҳои арзишманди Шакурӣ аст.
Ӯ 16-уми сентябри соли 2012 дар Душанбе даргузашт.
Ахиран дар бораи Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ дар таҳияи рӯзноманигори тоҷик Суҳроб Зиё филми мустанад сабт шуд ва онро бори нахуст рӯзи 25-уми сентябр дар маҳфили бузургдошти 100-умин солгарди таваллуди Шакурии Бухороӣ дар шаҳри Лондон, пойтахти Бритониё ба намоиш гузоштанд.
Дар бораи дар бораи зиндагии Шакурӣ аз бекасӣ дар ҳавлиҳои Бухоро то рӯшангарии миллӣ муфассал дар матлаби “Азия-Плюс” маълумоти бештар дарёбед.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.


