Ҷӯра Ҳошимӣ, Шоири халқии Тоҷикистон ва аз чеҳраҳои шинохтаи адабиёти кӯдак дар 78-солагӣ дар пайи беморӣ даргузашт. Дар ин бора наздикону дӯстони ӯ шаби гузашта хабар додаанд.
Ба иттилои наздикони марҳум, маросими ҷанозаи ӯ имрӯз, 29-уми октябр, соати 13 дар шаҳраки Ҳарбӣ (Военний городок) баргузор мешавад. Тибқи одати маъмул, шоирони халқии Тоҷикистон дар оромгоҳи шахистяҳои шинохта -Лӯчоб дафн карда мешаванд.
Аз Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” гуфт, ки Ҷӯра Ҳошимӣ чанд рӯз пеш бо сактаи мағзӣ дар беморхонаи шаҳрӣ (Медгородок) бистарӣ шуда буд.
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон бо ҳамдардӣ аз даргузашти Ҷӯра Ҳошимӣ навиштааст, ки «устод Ҷӯра Ҳошимӣ бо табъи баланди шоирӣ, сухани самимӣ ва осори пурмазмуни худ дар рушди адабиёти муосири тоҷик, бахусус адабиёти кӯдакону наврасон, саҳми арзишманд гузоштаанд».
Ҷӯра Ҳошимӣ 9-уми январи соли 1948 дар ҷамоати Пӯлодони ноҳия (ҳоли шаҳр)-и Конибодом ба дунё омадааст. Ӯ факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллӣ)-ро хатм карда, солҳо ҳамчун мусаҳҳеҳ, муҳаррир ва сардабир дар нашрияҳои гуногун, инчунин Кумитаи телевизион ва радио кор карда, аз соли 1991 мушовири бахши адабиёти кӯдакону наврасони Иттифоқи нависандагон буд.
Марҳум ҳамчун шоир солҳои 70-уми асри гузашта вориди адабиёт шуда, бо китобҳои ашъораш ба монанди»Соябони садранга», «Офтобак», «Ман Алифбо мехонам!» (бо ҳамқаламии Абдумалик Баҳорӣ), «Нинӣ бапо шуд», «Аз як-як то лак-лак“, «Баччаҳову кӯчаҳо“, “Мусиқии хомӯшӣ» ва чанд асари дигар дар пешрафти адабиёти кӯдакон ва тарбияи насли наврас нақш гузоштааст.
Ҷӯра Ҳошимӣ соли 2012 барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва соли 2022 Шоири халқии Тоҷикистон шуда буд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.


