Friday, October 30, 2026
Место для Реклама!
HomeСиёсат«Барои тақвияти марз». СААД охири сол интиқоли таҷҳизоти низомиро ба Тоҷикистон шуруъ...

«Барои тақвияти марз». СААД охири сол интиқоли таҷҳизоти низомиро ба Тоҷикистон шуруъ мекунад

Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) интиқоли таҷҳизоти низомиро ба Тоҷикистон барои тақвияти марз бо Афғонистон то охири соли ҷорӣ шуруъ мекунад. Ин нуктаро Таалатбек Масодиқов, дабири СААД рӯзи 21-уми октябр, дар як нишасти кӯтоҳи хабарӣ баён кардааст.

Ба гуфтаи ӯ, марҳилаи аввали барнома аллакай, ба анҷом расида, фармоишгарон дар Тоҷикистон таъминкунандагонро интихоб карда, маблағи фармоишҳоро мувофиқа кардаанд.

“Ҳоло марҳилаи дуюм идома дорад. Фикр мекунам, тирамоҳ, то охири соли ҷорӣ, интиқоли аввалини таҷҳизот аз Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Беларус ба Тоҷикистон оғоз мешавад. Ин барнома… силоҳро низ дар бар мегирад”, — афзудааст Масодиқов.

Маълум нест, ин таҷҳизот аз чӣ иборат аст ва миқдори он чӣ қадар аст.
 
Ҳамчунин, ӯ таъкид кардааст, ки барнома “ба ҳеҷ ваҷҳ” ба афғонистониҳо ва Афғонистон таҳдид намекунад. Ин барнома охири соли 2029 поён меёбад.

Моҳи августи соли равон Таалатбек Масадиқов гуфта буд, ки дар асоси барномаи байнидавлатӣ рӯйхати навъҳои силоҳ ва таҷҳизоти зарурӣ барои тақвияти марзи Тоҷикистон бо Афғонистон муайян шудааст. Вале ӯ он замон ҳам нагуфта буд, ки ин таҷҳизот аз чӣ иборат аст ва миқдори он чӣ қадар аст.

Ба таъкиди Масадиқов, амнияти марз “на танҳо барои Тоҷикистон, балқи барои ҳамаи аъзои созмон аҳамияти аввалиндараҷа дорад”.

Акси марбут аз саҳифаи Фейсбуки Хушнуд Раҳматуллоев

Пештар хабар дода шуда буд, ки таъминкунандагони эҳтимолӣ Русия, Беларус ва Қазоқистон хоҳанд буд.

Дар вокуниш ба интиқоли таҷҳизоти низомӣ ба марзи Тоҷикистону Афғонистон,  Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи расмии ҳукумати “Толибон”* гуфта буд, ки Афғонистон барои кишварҳои ҳамсоя таҳдид нест ва нигарониҳое, ки дар Осиёи Марказӣ баён мешаванд, беасос мебошанд.

Ба таъкиди номбурда, бархе сохторҳои иттилоотӣ, ки зидди ҳукумати кунунии Афғонистон ҳастанд, ба СААД маълумоти нодуруст пешниҳод мекунанд ва талош доранд, ки байни Кобул ва кишварҳои ҳамсоя душманӣ эҷод кунанд.

Тоҷикистон бо Афғонистон тақрибан 1400 километр марз дорад. Бо вуҷуди ваъдаҳои “Толибон” дар бораи истифода нашудани хоки Афғонистон аз сӯи гурӯҳҳои террористӣ, мақомоти тоҷик аз он тарафи марз нигаронӣ доранд. Ҷое, ки ба гуфтаашон қочоқчиёни маводи мухаддир ва ҷангҷӯён камин гирифтаанд.

Солҳои охир, ба иттилои расмӣ, дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон 80 дидбонгоҳи марзӣ сохта шуда, дар бунёди баъзе аз онҳо соҳибкорони маҳаллӣ ва созмону кишварҳои гуногун саҳм гирифтаанд.

Дар як соли охир аз хоки Афғонистон ба Тоҷикистон чанд ҳамла сурат гирифта, чанд тан, аз ҷумла даҳ коргар аз Чин кушта ва захмӣ шудаанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular