Вакилони Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумон қонуни нав “Дар бораи мудофиаи ҳудудӣ”-ро ба тасвиб расонидаанд. То ҳол ҳудудҳо ё иншооти муҳими давлатӣ тавасссути санадҳои дохилии Вазорати мудофиа ҳимоят мешуд.
Рӯзномаи “Садои мардум”, нашрияи Маҷлиси олӣ, дар гузорише аз ҷаласаи 12-уми октябри ин ниҳоди қонунгузор иттилоъ додааст, ки қонун аз 5 боб ва 29 модда иборат буда, асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иқтисодии мудофиаи ҳудудӣ, ваколати мақомот ва ҳуқуқу уҳдадориҳои шаҳрвандонро дар ин соҳа муайян мекунад
Чаро ин қонун лозим шудааст?
Ба навиштаи манбаъ, Насрулло Маҳмудзода, вакили парлумон дар ҷаласа гуфтааст, ки то имрӯз масъалаҳои марбут ба мудофиаи ҳудудӣ бо санадҳои меъёрии Вазорати мудофиа танзим мешуданд.
Ба гуфтаи ӯ, мақсади асосии қонун, таъсиси низоми ягонаи мудофиаи ҳудудӣ ва омодагии давлат ба ҳифзи ҳудуд, аҳолӣ ва объектҳои муҳими инфрасохторӣ мебошад.
Маҳмудзода, тағйирёбии вазъи амният ва субот, афзоиши таҳдидҳои гуногун ва низоъҳои минтақавиро сабаби муҳимияти ин масъала номидааст.
Бобоҷон Саидзода, муовини якуми вазири мудофиа ва сардори Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳ зимни муаррифии лоиҳаи қонун афзудааст, ки қонун мақсаду вазифаҳо, принсипҳои асосӣ, назорати давлатӣ ва ваколату уҳдадориҳои шахсони мансабдор, мақомоти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳоро новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон танзим менамояд.
Саидзода гуфтааст, ки қонун дар низоми қонунгузории Тоҷикистон таҷрибаи нав аст ва яке аз қадамҳои аввал дар самти танзими мустақили қонунии мудофиаи ҳудудӣ мебошад.
Вакилон ба маърӯзакардаҳо савол надодаанд ва лоиҳа ҳамчун қонуни мукаммал яклухт қабул шудааст.
Акнун қонун дар Маҷлиси миллӣ тасдиқ шуда, пас аз имзои раисҷумҳур, дар матбуот ба чоп мерасад ва ҳукми амал мегирад.
Мудофиаи ҳудудӣ чист?
Дар Тоҷикистон ҳоло қонун “Дар бораи мудофиа” амал мекунад, ки танҳо моддаи 23-и он ба мудофиаи ҳудудӣ равона шудааст ва дар асоси он Низомномаи мудофиаи ҳудудӣ тасдиқ гардидааст.
Тибқи Низомномаи мудофиаи ҳудудӣ, вазифаҳои асосии мудофиаи ҳудудӣ инҳоянд:
Мубориза бо диверсантҳо: Ошкор ва нест кардани гурӯҳҳои диверсионию кашшофии душман ва сохторҳои ғайриқонунии мусаллаҳ.
Таъмини низоми комендантӣ: Мусоидат ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар нигоҳ доштани тартиботи ҷамъиятӣ ва низоми комендантӣ дар ҳолати ҷангӣ ё фавқулода.
Бартараф кардани оқибатҳо: Иштирок дар корҳои наҷотдиҳӣ ва бартараф кардани оқибатҳои зарбаҳои душман ё офатҳои табиӣ.
Мудофиаи ҳудудӣ одатан дар асоси тақсимоти маъмурию ҳудудии кишвар (вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо) ташкил мешавад. Ба он, қисмҳои ҳарбӣ, ҷузъу томҳои таъиноти махсус, ихтиёриён ва сокинони маҳаллӣ, ки таълими ҳарбӣ гирифтаанд, ҷалб карда мешаванд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.


