Thursday, October 29, 2026
Место для Реклама!
HomeСиёсат“Зистан мехоҳам”: Ҷалби беш аз 5300 зодаи Тоҷикистон ба ҷанги Русия дар...

“Зистан мехоҳам”: Ҷалби беш аз 5300 зодаи Тоҷикистон ба ҷанги Русия дар Украина

Тарҳи давлатии Украина — “Зистан мехоҳам” (“Хочу жить”) менависад, ки то 1-уми октябри соли 2026 Русия 20 ҳазору 437 тан зодаи панҷ кишвари Осиёи Марказиро барои ҷанг алайҳи Украина ҷалб кардааст, ки аз ин теъдод 5 ҳазору 308 каси он зодаи Тоҷикистон будаанд.

Дар ин бора ин тарҳ дар саҳифаи худ дар телеграм хабар дода, гуфтааст, ки онҳо бо Вазорати мудофиаи Русия шартнома бастани шаҳрвандони хориҷиро пайгирӣ мекунад.

Тоҷикистон дар ин рӯйхат дар куҷост?

Ба иттилои манбаъ, дар байни кишварҳои минтақа Тоҷикистон дар ҷои дуюм аст, яъне 26 дарсади ба ҷанг ҷалбшудагони Осиёи Марказӣ тоҷикистонианд. Рӯйхат чунин аст:

Ба гуфтаи муаллифони тарҳ, ин теъдод 44 дарсади тамоми хориҷиёнеро ташкил медиҳанд, ки шахсияти онҳо ҳамчун касоне, ки бо артиши Русия шартнома бастаанд, муайян шудааст. Теъдоди умумии ин хориҷиён, ба навиштаи тарҳ, 45 ҳазору 959 кас аст.

Дар солҳои охир чӣ тағйир ёфт?

Аз рӯи ҷадвали тарҳ, теъдоди тоҷикистониҳо, ки ба ҷанг ҷалб шудаанд, чунин афзудааст:

Яъне соли 2025 нишондиҳанда нисбат ба соли 2024 тақрибан ду баробар зиёд шудааст. Дар тамоми минтақа афзоиш 2,1 баробар буд.

Муаллифони тарҳ менависанд, ки теъдоди шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Нерӯҳои мусаллаҳи Русия аз теъдоди ҳарбиёни артиши Тоҷикистон бештар аст. Ба гуфтаи онҳо, ҷалби сокинони кишварҳои ҳамсоя ба сабаби пайвандҳои забонӣ, фарҳангӣ ва муҳоҷиратӣ барои Русия махсусан созгор аст.

Коршиносон мегӯянд, Русия вақти ҷалби зодагони кишварҳои ОМ аз омили “пайвандҳои забонию фарҳангӣ” истифода мекунад, аммо бо муҳоҷирони ин кишвар бархӯрдӣ тунду таҳқиркунанда дорад.

“Зистан мехоҳам”  аз ҳукуматҳои кишварҳои минтақа хостааст, аз Маскав дар бораи сарнавишти шаҳрвандони худ ҷавоб пурсанд, ҳолатҳои ҷалби онҳоро муайян кунанд ва барои баргардонидани онҳо чора андешанд.

Мақомоти Тоҷикистон дар ин бора чӣ мегӯянд?

Ҳеҷ як мақомоти кишварҳои ОМ то ҳол ба нашри рӯйхати тарҳи “Зистан мехоҳам” вокуниши расмӣ накардаанд. Дар Тоҷикистон ҷангидан дар артиши хориҷӣ ҷиноят ҳисоб мешавад. Вале моҳи августи соли 2025 Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулл, гуфт, ки то ин вақт ҳеҷ кас барои ширкат дар ҷанги Украина ба ҷавобгарӣ кашида нашудааст. Ҳамон вақт Воҳидзода гуфт, ки оморе дар бораи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Украина меҷанганд, ҷамъ карда намешавад.

Коршиносон мегӯянд, Русия дар симои муҳоҷирон аскари тайёрро мебинад ва ҳарчи бештар онҳоро дар ҷанг қурбон кардан мехоҳад.

Русия ҳеҷ гоҳ пинҳон накардааст, ки шаҳрвандони кишварҳои дигар, аз ҷумла Тоҷикистонро барои имзои шартнома бо артишаш ва минбаъд ҷанг дар Украина ҷалб мекунад.

Барои ҷалби шаҳрвандони кишварҳои дигар ба ҷанг бо дастури раиси ҷумҳури ин кишвар тарзи соддакардашудаи гирифтани шаҳрвандӣ низ пешниҳод гардидааст. Аммо ин кишвар аз ҳолатҳои зиёди фиреб, таҳдид, фишор ва сӯйистифода аз вазъи танги муҳоҷирон барои имзои иҷбории шартнома бо артишаш сухан намегӯяд.

Аз ҷумла, аз зиндониён, ки зодаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳастанд ва ба ҷанги Украина иҷборӣ ҷалб мешаванд, мақомоти Русия ҳарфе намезанад, ҳарчанд расонаҳо борҳо шикояти зиндониёнро нашр карданд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular