Friday, October 30, 2026
Место для Реклама!
HomeСиёсатҲошияи ҷаласаи нахуствазирони СҲШ. Киҳо ба Душанбе омаданд ва бо Эмомалӣ Раҳмон...

Ҳошияи ҷаласаи нахуствазирони СҲШ. Киҳо ба Душанбе омаданд ва бо Эмомалӣ Раҳмон кадом масъалаҳоро баррасӣ карданд?

Имрӯз, 20-уми октябр шаҳри Душанбе мизбони ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳо (нахуствазирон)-и Созмони ҳамкории Шонгҳой (СҲШ) аст. Барои ширкат дар ин ҷаласа, нахуствазирон ва сарони ҳукуматҳои кившарҳои узви СҲШ ба пойтахти Тоҷикимстон омаданд ва бархе аз онҳо бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳур ва Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон мулоқоти дуҷониба доштанд.

Субҳи 20-уми октябр, қабл аз шурӯъи ҳамоиш, Эмомалӣ Раҳмон бо сарони ҳукуматҳо (нахуствазирон)-и кишварҳои аъзои СҲШ мулоқот кард. Ба иттилои Хадамоти матбуоти раисҷумҳур дар ин дидор таъкид шудааст, Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори ҳалли осоиштаи низоъҳо ва тақвияти нақши марказии ҳамоҳангсози Созмони Милали Муттаҳид мебошад.

“Мо ба тақвияти минбаъдаи нақши Созмон дар таъмини сулҳу субот, рушди устувор ва фазои эътимод дар тамоми самтҳои фаъолияти он манфиатдорем”, — изҳор доштааст Эмомалӣ Раҳмон.

Эмомалӣ Раҳмон бо сарони ҳукуматҳо (нахуствазирон)-и кишварҳои аъзои СҲШ. Акс аз хадамоти матбуотии раисҷумҳур

Мавзуҳои амният, тақвияти муборизаи муштарак бар зидди даҳшатафканӣ ва ифротгароӣ, таҳдидҳои роёнаӣ (сайберӣ), қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, аз масъалаҳои дигари баррасишудаи ин нишаст будааст.

Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Ли Сян ва Муҳаммадризо Ориф

Дар мулоқоти алоҳидаи Эмомалӣ Раҳмон бо Муҳаммадризо Ориф, муовини аввали раисҷумҳури Эрон, ки шоми дирӯз, 19- уми октябр баргузор шуд, масоили ҳамкории гуногунпаҳлӯйи ду кишвар, аз ҷумла густариши ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ дар соҳаҳои нақлиёт, энержӣ, саноат, кишоварзӣ, тандурустӣ, дорусозӣ, ҳамчунин, васеъ кардани номгӯйи молу маҳсулот барои тиҷорати дуҷониба ва рушди истеҳсолоти муштаракро баррасӣ шудааст.

Акс аз саҳифаи Муҳаммадризо Ориф дар телеграм

Хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон дар робита ба ин мулоқот ҷузъиёти дигаре нашр накардааст. Вале расонаҳои давлатии Эрон баъзе ҷузъиёти дигари ин дидорро эълом карданд.

Ба иттилои пойгоҳи иттилоърасони давлатии ин кишвар, дар ин мулоқот, Эрон омодагии худро барои барои ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар фаъолиятҳои иктишофии нафту газ, саноати петрошимӣ ва содироти маҳсулоти нафтиву газӣ иброз доштааст.

Ҳамчунин, Муҳаммадризо Ориф тарҳи пешниҳодии Эмомалӣ Раҳмон дар бораи эҷоди долони энержии “Порси Ҷанубӣ — Афғонистон – Тоҷикистон”-ро тарҳе мусбат ва созанда хондааст.

Эмомалӣ Раҳмон бо Ли Сян.
Акс аз хадамоти матбуотии раисҷумҳур

Қабл аз ин, Эмомалӣ Раҳмон бо Ли Сян, нахуствазири Чин масъалаҳои густариши ҳамкории иқтисодӣ, аз ҷумла гардиши савдо, ки дар ҳашт моҳи соли равон ба зиёда аз 2,5 миллиард доллар расидааст, баррасӣ кардааст.

Татбиқи тарҳҳои нави муштарак дар соҳаҳои саноат, энержӣ, нақлиёт, зерсохтор ва кишоварзӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифта, баҳрабардорӣ аз фанновариҳои муосир, бо шумули ҳуши маснуӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва омодасозии кадрҳо ҳам аз мавзуъҳои муҳими суҳбати ҳарду ҷониб будааст.

Қоҳир Расулзода бо киҳо дидор дошт?

Ҳамчунин, дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳо (нахуствазирон)-и СҲШ, Қоҳир Расулзода бо Ли Сян, Муҳаммадризо Ориф ва Исҳоқ Дор, муовини нахуствазир ва вазири корҳои хориҷии Покистон дидор доштааст.

Ҷузъиёти мулоуоти Қоҳир раслузодаро бо Ли Сян дар ин хабари мо хонед: Байни ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон ва Чин панҷ санади ҳамкорӣ ба имзо расидааст

Муҳаммадризо Ориф дар дидор бо Қоҳир Расулзода гуфтааст, ки Душанбе ва Теҳрон бояд муносибатҳои худро фаротар аз протоколҳои дипломатӣ густариш диҳанд.

Муҳаммадризо Ориф ва Қоҳир Расулзода. Акс аз АМИТ "Ховар"

Ба навиштаи саҳифаи «Телеграм»-и муовини аввали раисҷумҳури Эрон, ӯ хостори афзоиши дидорҳои дуҷониба ва боло бурдани сатҳи ҳамкориҳо дар бахшҳои тиҷорат, иқтисод, энержӣ ва рушди роҳҳои иртиботӣ шудааст ва аз мавқеъ ва ҳимоятҳои Тоҷикистон аз Эрон дар ҳамлаҳои Амрико ва Исроил қадрдонӣ кардааст.

“Ҳамон тавре ки қаблан низ ишора кардаам, нигоҳи Эрон ба Тоҷикистон бар асоси протоколҳои муносибатҳои хориҷӣ нест. Мо эҳсос мекунем, ки ҳоло дар хонаи бародари худ ҳастем ва Эрон низ хонаи шумо ба шумор меравад. Ҳар ду кишвар бояд мустақил аз протоколҳо, дидорҳои дуҷонибаи худро барои расидан ба сатҳи болотари муносибатҳои кунунӣ афзоиш диҳанд”, — гуфтааст Ориф.

Ҳамчунин, дар мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Исҳоқ Дор Покистон масъалаҳои муҳими ҳамкории дуҷониба ва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Покистон баррасӣ шудаанд.

Акс аз хадамоти матбуотии раисҷумҳур

Густариши ҳамкории сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, энержӣ ва ҳамлу нақл, аз самтҳои афзалиятноки муносибатҳои ду кишвар гуфта шудааст.

Ҳарду ҷониб зарурати афзун кардани нишондиҳандаҳои савдои дуҷониба, таҳияи Барномаи дарозмуддати ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, рушди сармоягузорӣ ва таъсиси корхонаҳои муштаракро муҳим арзёбӣ кардаанд.

Ёдовар мешавем, ки барои ширкат дар ин ҷалса Ли Сян , Михаил Мишустин раиси ҳукумати Русия, Муҳаммадризо Ориф, Исҳоқ Дор, Раҷантх Сингх вазири дифои Ҳиндустон, Олжас Бектенов, нахуствазири Қазоқистон, Доняр Амангелдиев муовини якуми Раиси Девони вазирони Қирғизистон, Абдулло Орипов нахуствазир Узбекистон Александр Турчин нахуствазири Беларус ба Душанбе омадаанд. Ин 25-умин ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳо (нахуствазирон)-и СҲШ аст.

СҲШ, ки соли 2001 таъсис шуд, ҳоло аз 10 давлати аъзо — Беларус, Ҳиндустон, Эрон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон, Русия, Тоҷикистон, Узбекистон, 2 давлати нозир — Афғонистон ва Муғулистон ва 14 шарикони муколамаи СҲШ – Озарбойҷон, Арманистон, Баҳрайн, Миср, Камбоҷа, Қатар, Кувайт, Малдив, Мянмар, Непал, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Арабистони Саудӣ, Туркия, Шри-Ланка иборат аст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular