Friday, October 30, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетДу медали ҷудокорони тоҷик дар рӯзи аввали “Тоскулоҳи бузурги Абу-Забӣ”

Ду медали ҷудокорони тоҷик дар рӯзи аввали “Тоскулоҳи бузурги Абу-Забӣ”

Дар рӯзи аввали баргузории мусобиқоти ҷудо — “Тоскулоҳи бузурги Абу-Забӣ” ду ҷудокори тоҷик соҳиби медали нуқра ва биринҷӣ шуданд ва як ҷудокори тоҷики дигар, ки бо парчами давлати Баҳрайн ҳунарнамоӣ мекунад, медали тилло гирифт.

Лоиқ Қутбуддинов, ҷудокори ҷавони тоҷик дар вазни то 60 кг нишони нуқра гирифт. Ӯ рақобатҳояшро аз даври дуюм оғоз карда, пас аз шикаст додани ҳарифонаш аз Амрико, Исроил ва Қазоқистон ба даври ниҳоӣ баромад. Аммо Қутбуддинов дар финал аз намояндаи Озарбойҷон шикаст хӯрд ва барандаи медали нуқра шуд.

Ҷудокори дигари тоҷик Искандар Маҳмадхоҷазода дар вазни то 66 кг ба гирифтани нишони биринҷӣ даст ёфт.

Ин паҳлавони тоҷик пас аз ноком кардани рақибонаш аз Маҷористон, Бразилия ва Қазоқистон ба даври нимниҳоӣ баромад, аммо дар ин давр аз намояндаи Русия мағлуб шуд ва муборизаро барои ҷои сеюм идома дод. Ӯ барои дарёфти медали биринҷӣ бо Руслан Пашаев аз Озарбойҷон куштӣ гирифта, ғалаба ба даст овард.

Ҳамчунин, дар рӯзи аввали ин мусобиқа ду паҳлавони дигари тоҷик — Сарвар Абдушукуров (дар вазни то 66 кг) ва Меҳрзод Суфиев (дар вазни то 60 кг) ҳам вориди рақобатҳо, аммо дар марҳилаҳои гуногун ноком ва аз медалҳо маҳрум шуданд.

Сӯҳроб Боқиев, ҷудокори тоҷик, ки зери парчами давлати Баҳрайн майдондорӣ кард, дар вазни то 66 кг медали тилло гирифт. Ӯ дар финал бар намояндаи Русия Лаго Абуладзе ғолиб омад.

Дар “Тоскулоҳи бузурги Абу-Забӣ”, ки аз 29 то 31-уми октябр идома мекунад, Тоҷикистонро дар умум 13 варзишгар муаррифӣ мекунанд. Ҷудокорони дигари тоҷик имрӯз ва пагоҳ ба рақобат мепардозанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular