Имрӯз, 30-юми октябр Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар Душанбе бинои нави Маркази аутизм ё дархудмондагӣ, чанд корхонаи истеҳсоли дору, дару тиреза ва шиша, меҳмонхонаи “Radisson collection Dushanbe”-ро ба истифода дода, ба сохтмони Маркази пайванди узвҳо ва бофтаҳои бадан ва чанд иншооти дигар санги асос гузошт.
Тибқи иттилои хадамоти матбуоти раисҷумҳур,Маркази дархудмондагӣ, барои ташхису табобат, тавонбахшӣ ва таълими кӯдакони дорои аутизм, синдром “Дауна”, фалаҷи кӯдаконаи майнаи сар, ақибмонии инкишофи нутқу равонӣ ва нишонаҳои норасоии диққат пешбинӣ шудааст.
Марказ аз се бинои 5, 6 ва 7-ошёна иборат буда, дорои бахшҳои тавонбахшӣ, таълимӣ, меҳмонхона, синфхона, 1 ҳуҷраи корӣ ва маъмурӣ, ҳуҷраи техникӣ ва ёрирасон мебошад. Ба иттилои расмӣ, дар ин ҷо дар як вақт то ба 400 табобатгиранда хидмат расонида мешавад.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин, дар кӯчаи Неъмат Қарабоев бо тарҳи бунёди Маркази пайванди узвҳо ва бофтаҳо (трансплантология) низ шинос шуда, ба сохтмонии он санги асос гузоштааст.
Ин марказ барои ташхису табобати беморон, гузаронидани ҷарроҳӣ ва пайванди узвҳою бофтаҳо, нигоҳубини беморон баъдиҷарроҳӣ ва барқарорсозии саломатӣ пешбинӣ шудааст.
Маркази дорои 15 ошёна хоҳад буд ва дар қисми болоии он майдони махсус барои нишасту парвози чархбол сохта мешавад.
Дар идома, раисҷумҳур дар маҳаллаи Арбобхотуни ноҳияи Синои пойтахт корхонаи хусусии “Разес Фарма”-ро ифтитоҳ кардааст, ки дар он истеҳсоли 100 номгӯй дору ба роҳ монда шудааст.
“Иқтидори солонаи корхона ба 1 миллиарду 400 миллион қурс, 300 миллион ғилофак, 21 миллион воҳиди доруҳои моеъ барои истифодаи берунӣ ва 13 миллион воҳиди малҳам, крем ва гел баробар мебошад”-гуфтааст манбаъ.
Дар ин ҷо нақшаи амалисозии марҳилаи дуюми тарҳи мазкур муаррифӣ шуда, гуфта шудааст, ки коргоҳи нави истеҳсолӣ бо беш аз 150 миллион сомонӣ бунёд мешавад.
Ҳамчунин имрӯз дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии “Тамдид” ба кор оғоз кардааст, ки иқтидори он дар як баст то 100 маҳсулро ташкил медиҳад. Дар корхона, дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикӣ, деворҳои шишагии калонҳаҷм, системаҳои фасадӣ, дарвоза ва дигар намуди маҳсулоти сохтмонӣ истеҳсол мешавад.
Ба навиштаи манбаъ, дар марҳилаи дуюми тарҳи мазкур, бунёди коргоҳи муосири коркарди шиша бо иқтидори солонаи истеҳсоли 36 ҳазор дона шиша пешбинӣ шудааст.
Ҳамчунин, раисҷумҳур аз тарҳҳои нави истеҳсолӣ, лоҷистикӣ, кишоварзӣ ва тиббӣ боздид карда, барои бунёди чанд сохтмони дигар санги асос гузоштааст. Аз ҷумла, дар маҳаллаи Арбобхотун сохтмони маҷмааи муосири лоҷистикӣ ва истеҳсолии ширкати “Ёвар” оғоз шудааст.
Дар ҳамин маҳалла, тарҳи корхонаи истеҳсолии ширкати “Хонаи ман” муаррифӣ шудааст, ки дар як сол иқтидори истеҳсоли 10 ҳазор миз, 5 ҳазор рахти хоб, 4 ҳазор ҷевон, 4 ҳазор курсии гуногун ва 5 ҳазор таҷҳизоти тиббиро хоҳад дошт.
Ҳамчунин, сохтмони Маркази агролоҷистикӣ сар шудааст, ки барои қабул, нигоҳдорӣ, коркард ва бастабандии маҳсулоти кишоварзӣ пешбинӣ шудааст.
Дар идома, тарҳи бунёди сардхонаи ширкати “Мармарӣ” бо ғунҷоиши 2 ҳазор тонна маҳсулот муаррифӣ шудааст.
Дар идомаи рӯз бо ҳузури раисҷумҳур дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе меҳмонхонаи 5 ситорадори “Radisson collection Dushanbe” ба истифода дода шудааст. Ба иттилои расмӣ, меҳмонхона дорои 206 ҳуҷра мебошад.
“Ҳуҷраҳои президентӣ бо истифода аз санъати миллии кандакории тоҷикӣ ва мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ оро ёфтааст”-навиштааст манбаъ.
Ба навиштаи манбаъ, иншоот бо ҷалби 500 коргар сохта шуда, дар ошёнаҳои 1 ва 21-уми он тарабхонаҳо барои 420 меҳмон бунёд шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон зимни боздиди тарҳҳо, ба масъалаи истифодаи фанновариҳои муосир, таъмини сифати корҳои сохтмонӣ, рушди истеҳсолоти ватанӣ, фароҳам кардани ҷойҳои корӣ ва беҳтар кардани хидматрасонӣ ба аҳолӣ таваҷҷуҳ карда ба масъулин дастуру тавсияҳо додааст.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

























