Sunday, November 1, 2026
Место для Реклама!
HomeИқтисодАз дуздии навзод то қаҳрамонии муҳоҷирони тоҷик. Моҳи октябр дар Тоҷикистон бо...

Аз дуздии навзод то қаҳрамонии муҳоҷирони тоҷик. Моҳи октябр дар Тоҷикистон бо чӣ хотирмон буд?

Моҳи октябр дар Тоҷикистон бо рӯйдодҳои мухталифи сиёсиву иҷтимоӣ, фарҳангиву варзишӣ ва чанд қазияи пурсарусадо сипарӣ шуд. Аз оғози даъвати тирамоҳӣ ба артиш ва дуздии навзод аз таваллудхонаи Душанбе то Синамоиҷашнвораи “Тоҷи сомон”-у ҷашнвораи театрҳои лӯхтак ва қаҳрамонии муҳоҷирон дар Русия аз рӯйдодҳои муҳиме буданд, ки давоми моҳ дар маркази таваҷҷуҳи ҷомеа қарор доштанд.

“Азия-Плюс” муҳимтарин рӯйдодҳои моҳи октябрро гирд овард.

Оғози даъвати тирамоҳӣ ба артиш

1-уми октябр мавсими тирамоҳии давъат ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ оғоз шуд. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ), шаҳрҳои Бохтару Гулистон, ноҳияҳои Тоҷикобод, Вахш ва ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара, водии Рашт ва чанду шаҳри навоҳии дигари вилояти Хатлон ва Суғд аз иҷрои пурраи он хабар доданд.

Акс аз саҳифаи "фейсбук"-ии ҳукумати вилояти Хатлон

Дар даҳ рӯзи аввали ҷалби ҷавонон ба сафи Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон бошад, нақшаи даъват 84% иҷро шуд.

Зимнан, Муҳимҷон Раҳмонов, омӯзгоре, ки даъво дошт, аз сӯи бародари як шогирдаш дар ноҳияи Нуробод “лутукӯб шуд”, вале баъдан бо қарори додгоҳ ҷарима шуд, ба хидмати ҳарбӣ рафтааст.

Гум шудани навзод аз таваллудхона

Яке аз қазияҳои баҳсбарангези моҳ гум шудани кӯдаки навзоде аз таваллудхонаи №1-и Душанбе буд. Ин писарчаи навзод шаби 11 ба 12-уми октябр, тақрибан соати як аз Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон бедарак шуд. Мақомот чанд рӯз пас гуфтанд, навзод пайдо карда, ба модараш супориданд. Пулиси Душанбе чанде пас бо гумони дуздии ин тифл Зарина Саймуддиноваи 26-сола, сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ боздошт кард. 

Зарина Саймуддинова. Намогирифт аз гузори РВКД дар Душанбе

Мораторий то соли 2029 дароз шуд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 14-уми октябр, дар як суҳбат бо сармоягузорону соҳибкорон муҳлати мораторий ё қатъи санҷиши соҳибкоронро барои ду соли дигар дароз кард. Акнун то 1-уми январи соли 2029 ҳеҷ ниҳоде ба истиснои мақомоти андоз ҳақ надорад, ки фаъолияти соҳибкоронро дар Тоҷикистон санҷиш кунад.

Фармони мораторийро раисҷумҳур рӯзи 28-уми октябр имзо кард. чаро мораторий дароз шуд ва санҷиш сарфи назар аз мораторий чӣ ҷазо дорад, дар ин пайванд хонед.

Қаҳрамонии муҳоҷирони тоҷик дар Русия

Давоми моҳи октябр дастикам ду ҳодисаи қаҳрамонии муҳоҷирони тоҷик дар Русия расонаӣ шуд. Дар қазияи аввал Юсуф Қаюмов ном ронандаи тоҷик дар шаҳри Владивостоки Русия аз сар задани садамаи пурқурбонӣ пешгирӣ кард. “Азия-Плюс” ин муҳиҷири тоҷикро пайдо карда, бо ӯ суҳбат кард ва ӯ гфт, “танҳо хостам, одамонро наҷот диҳам”.

Чанде баъд Намояндагии Вазорати кору муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия хабар дод, ки Хисравшоҳ Маликов ва Зоҳиршоҳ Ҳасанов, ду шаҳрванди Тоҷикистон дар шаҳри Стерлитамаки Бошқирдистони Русия ду сокини маҳаллиро аз коми оташ наҷот додаанд. “Азия-Плюс” бо онҳо низ суҳбат кард, ки инҷо хонед: “Вазифаи инсониро иҷро кардем”. Ду ҷавони тоҷик, ки дар Русия одамонро аз оташ наҷот доданд, кистанд?

Омӯзгор ва донишҷӯи сол

Ҳамчунин, дар остонаи Рӯзи омӯзгорон “Омӯзгори соли Тоҷикистон-2026” ҳам эълон шуд. Ӯ Шариф Шарифзода, омӯзгори риёзиёт ва фановарии Гимназияи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе буда, диплом ва 30 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ дарёфт кард. “Азия-Плюс” атрофи пешаи омӯзгорӣ, корнома, дастовардҳо ва нақшаҳои минбаъда бо “Омӯзгори соли Тоҷикистон” гуфтугӯ кард.

Рӯзи 12-уми октябр бошад дар Душанбе ба ғолибони Озмуни “Донишҷӯйи сол – 2026” ҷоизаҳо тақдим шуд.

Ҷамила Раҳматшоева, донишҷӯйи соли чоруми риштаи молия ва иқтисоди Донишгоҳи байнулмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ “Донишҷӯйи сол–2026” дар Тоҷикистон эълон шуд. “Азия-Плюс” бо ӯ атрофи озмун, забономӯзӣ, роҳи пешгирифта ва ҳадафҳояш суҳбат кард, ки дар ин матлаб хонед: Донандаи 7 забон. “Донишҷӯи сол”-и Тоҷикистон кист ва чӣ корнома дорад?

Ҷамила Раҳматшоева, Акс аз қаҳрамон

Зимнан, рӯзи 29-уми октябр даври ҷумхуриявии озмуни “Илм фурӯғи маърифат” низ ҷамъбаст шуд, вале боз касе “Шоҳҷоиза”-ро соҳиб нашуд. 

Эмомалӣ Раҳмон зодрӯзашро чӣ гуна таҷлил кард?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки рӯзи 5-уми октябр зодрӯз дошт, имсол дар рӯзи мавлудаш бо сафари корӣ дар шаҳри Кӯлоб буд ва зодрӯзашро “бе барномаи махсус ва вохӯрии хосса” ва “бо реҷаи маъмулии корӣ” гузаронид.

Ӯ дар Кӯлоб оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат кард ва чанд корхона ва мактабу кӯдакистонро ба истифода дод. Ҳамчунин дар ҷашни истиқлол дар Кӯлоб ширкат кард.

Субҳи 8-уми октябр раисҷумҳури Тоҷикистон барои иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил ва Мулоқоти 8-уми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон ба Туркманистон рафт. Сарони давлатҳои Тоҷикистону Туркманистон ба рушди устувори муносибатҳои байни ду кишвар таъкид карданд

Рӯзи 19-уми октябр бошад Эмомалӣ Раҳмон барои ифтитоҳи бархе зерсохтҳои нав ва мулоқот бо сокинон ба ноҳияи Рӯдакӣ рафт ва бинои Раёсати маориф, қасри фарҳанг ва чанд иншооти дигарро ифтитоҳ кард

Охири моҳ бошад, раисҷумҳур дар Душанбе Маркази аутизм, чанд корхонаи истеҳсолӣ ва меҳмонхонаи “Radisson”-ро ба истифода дод.

Аз Фурқат Саидзодаву Мансур Бобохонов то садсолагии Муҳамммадҷон Шакурӣ

Рӯзи 5-уми октябри ин моҳ Фурқат Саидзода, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ба синни 59 қадам гузошт. Ӯ дар мусоҳибае бо “Азия-Плюс” аз забон ва талаффузи Шашмақом, сафарҳои хориҷӣ ва ҷоизаҳо, суруди сартосарии миллӣ, поси хотири устодон ва нақшаҳои ояндааш гуфтугӯ кард. Мусоҳибаи моро дар ин матлаб хонед:  Фурқат Саидзода: “Ҳеҷ гоҳ ҳунарманди шахсе, қумондоне, мансабдоре ва пулмасте набудам!”

Рӯзи 9-уми октябр бошад дар Маркази мероси хаттии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ҳузури ҳампешагону ҳамкорон ва шогирдону наздикони Мансур Бобохонов, муаррихи шинохтаи тоҷик аз корномаи ӯ ёд карданд. Зимнан, ҳафтаи охири моҳ дар Душанбе 95-солагии Мансур Бобохонов таҷлил шуд. Гузриши моро аз ин маҳфил инҷо тамошо кунед:

Дар Душанбе 95-солагии Мансур Бобохонов чӣ гуна таҷлил шуд?Тамошои навор: Дар Душанбе 95-солагии Мансур Бобохонов чӣ гуна таҷлил шуд?

Раҳмат Назрӣ, Шоири халқии Тоҷикистон низ 15-уми октябр 75-солагиаро тақлил кард. Ӯ дар як гуфтугӯи телефонӣ перомуни ташвиши ҷашнворааш, эҳсоси танҳоӣ пас аз реҳлати устодону ҳамандешон, роҳи ба журналистика омаданаш, рисолати шоирӣ ва қадру қимати унвонҳо суҳбат кард.

Ҳамчунин, ба муносибати солрӯзи Раҳмат Назрӣ дар Душанбе таҳти унвони “Гулбоғи меҳргон” шоми эҷодӣ баргузор шуд, аҳли фарҳангу адаб, академикҳо, сарояндагон ва мухлисони каломи бадеъ гирд омаданд.

Дар Душанбе 75-солагии Раҳмат Назрӣ таҷлил шудТамошои навор: Дар Душанбе 75-солагии Раҳмат Назрӣ таҷлил шуд

Рӯзи 28-уми октябр дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (ИНТ) ба муносибати 100-солагии Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ, яке аз олимони забардаст ва эътирофшуда дар кишварҳои ҳавзаи форсӣ, маҳфили илмӣ-адабӣ баргузор шуд. Пешниҳод шуд, ки як кӯчаи Душанбе ба номи ин олим гузошта шавад. 

Аз Муҳаммадҷон Шакурӣ ба унвони “дарахти тановари маърифат” ёд мешавад. Дар бораи шахсият ва корномаи ӯ дар ин матлаб бештар хонед.

Зимнан, ба муносибати 90-солагии Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ, донишманди саршинос ва яке аз пешгомони ҳаракати равшанфикриву худшиносии миллии тоҷик Суҳроб Зиё, рӯзноманигори тоҷик филми мустанади “Шаҳсавори хубон”-ро сабт кардааст.

Даргузашти Раҳмат Назрӣ ва Мушаррафа Ҷӯраева

Рӯзи 19-уми октябр профессор Мушаррафа Ҷӯраева, устоди факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллӣ бар асари беморӣ дар шаҳри Душанбе аз олам чашм баст.  Даргузашти ӯро ҳамкоронаш талафоти ҷуброннопазир хонда, ӯро муаллими пуркор, бо шогирдон қарин ва меҳрубону пуртабассум ёд карданд.

Рӯзи 29-уми октябр бошад Ҷӯра Ҳошимӣ, Шоири халқии Тоҷикистон ва аз чеҳраҳои шинохтаи адабиёти кӯдак дар 78-солагӣ дар пайи беморӣ даргузашт. Ӯ бо эҷоди асарҳои зиёди кӯдакона дар пешрафти адабиёти кӯдакон ва тарбияи насли наврас нақш гузоштааст.

«Тоҷи сомон» ва қисссаи «Қиморбоз»

Аз 15 то 19-уми октябр дар Душанбе Дирӯз, 19-уми октябр, дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ сеюмин  Синамоҷоизаи миллии “Тоҷи Сомон” баргузор шуд. Давоми ин рӯзҳо беш аз 30 филме, ки пештар доварон аз миёни  100 филми ватании барои озмун пешниҳодшуда интихоб карда буданд, манзури тамошобинон шуд.

Филми “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” аз миёни даҳҳо филм беҳтарин ва сазовори Шоҳҷоиза дониста шуд. Боз кадом филм ва ҳунарманд чӣ мукофот гирифт, дар ин пайванд хонед.

Дар ҳошияи Синамоҷоизаи “Тоҷи Сомон” дар Душанбе Рӯзҳои синамои Эрон, Ӯзбекистон, Русия ва Қирғизистон баргузор шуданд.

Аз ҷумла, рӯзҳои синамои Эрон бо намоиши филми “Қиморбоз” – қиссаи ифшои ҷосусон дар Эрон оғоз шуд. Гузориши моро инҷо тамошо кунед:

“Қиморбоз” – қиссаи ифшои ҷосусон дар Эрон. Синамоҷоизаи миллии “Тоҷи сомон” оғоз шудТамошои навор: “Қиморбоз” – қиссаи ифшои ҷосусон дар Эрон. Синамоҷоизаи миллии “Тоҷи сомон” оғоз шуд

Оғози мавсими нави театрӣ ва ҷашнвораи “Чодари хаёл”

Моҳи октябр бархе театрҳои кишвар мавсими нави театриро оғоз карданд. Аз ҷумла рӯзи 5-уми октябр, Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ мавсими 97-уми театрии худро бо намоиши таърихии “Тоҷгузории миллат” кушод. Театри ҷавонон ва Театри “Лухтак” мавсими навро пештар оғоз кардаанд, Театри мазҳакаи мусиқии шаҳри Хуҷанд рӯзи 13-уми октябр намоиши нав нишон дод.

Ҳамчунин, дар шаҳри Душанбе Ҷашнвораи VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак “Чодари хаёл” баргузор ва рӯзи 26-уми октябр ҷамъбаст шуд. Имсол дар қатори намоишҳои театрҳои лӯхтаки Тоҷикистон боз аз Ӯзбекистон, Қазоқистон, Туркманистон, Русия намоишҳо ба саҳна гузоштанд.

“Чодари хаёл” дар Душанбе чӣ хел гузашт, дар ин гузориши мо тамошо кунед:

“Чодари хаёл” дар Душанбе чӣ хел гузашт?Тамошои навор: “Чодари хаёл” дар Душанбе чӣ хел гузашт?

Бояд гуфт, ин моҳ баҳси ҳунармандони Театри Бохтар бо роҳӣари ин театр равсонаӣ шуд ва нигаронии зиёд дар пай дошт. Баъдан “Азия-Плюс” маълум кард, ки чанд ҳунарманди Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар бо даъвои напардохтани ҳаққи сафари ҳунариашон аз Отахон Саидзода, роҳбари ин театр, ба Додситонии шаҳри Бохтар шикоят бурда, қариб 20 ҳазор сомонӣ рӯёнидаанд.

Баъди расонаӣ шудани баҳс миёни роҳбарият ва ҳунарпешаҳои Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар, ҳарду ҷониб гуфтанд, ки суҳбате доштанд ва ба созиш расидаанд.

Дастоварди варзишгарони тоҷик

Моҳи октябр варзишгарони тоҷик дар чандин мусобиқоти бонуфуз муваффақ шуданд. Дастаи Тоҷикистон дар Бозиҳои Осиё – 2026, ки то 4-уми октбяр дар шаҳрҳои Айти ва Нагояи Ҷопон баргузор шуд, 16 нишон – 2 тилло, 5 нуқра ва 9 биринҷӣ дарёфт карда, аз рӯи маҷмӯи медалҳо мақоми 22-юмро соҳиб шуданд.

Ҳамчунин, дастаи Тоҷикистон Бозиҳои панҷуми параосиёии Ҷопонро, ки дар шаҳри Нагоя баргузор шуд, бо як нишони нуқра ба поён расонд ва аз рӯи маҷмӯи медалҳо дар ҷойи 28-ум қарор гирифт.

Дар мусобиқоти ҷудо – “Тоскулоҳи бузурги Абу-Забӣ-2026” бошад, ҷудокорони тоҷик соҳиби се медал шуданд.

Дастаи “Хуҷанд” бошад соҳиби Ҷоми Тоҷикистон-2026 ва роҳхат ба Ҷоми даъвати Осиё шуд.

Аз Федератсияи ҷудои Тоҷикистон гуфтанд, 7 ҷудокори шинохтаи тоҷик, ки барои вайрон кардани интизоми касбӣ, аз ширкат дар мусобиқаҳо маҳрум шуда буданд, метавонанд аз 4-уми ноябр ба тамринҳои дастаҷамъӣ баргарданд ва ҳаққи ширкат дар мусобиқаҳоро пайдо кунанд.

Муҳаммад Наимов бошад пас аз ду бохти пайдарпай аз UFC хориҷ карда шуд.

Моҳи октябр бо мусобиқаи муҳорибаҳои омехтаи “ACA 209 Dushanbe” ҷамъбаст шуд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular