Наврӯз муборак, ҳамватанони азиз!
Наврӯз, ин ҷашни пурфараҳ ва саршор аз меҳру умед, имрӯз ба унвони як мероси фарҳангии ҷаҳонӣ дар гӯшаҳои гуногуни дунё таҷлил мегардад. Ин ҷашни бузург, ки аз умқи таърих бо мо омадааст, на танҳо рамзи бедории табиат, балки нишони тамаддуни куҳан ва андешаи илмии ниёгони мо мебошад.
Наврӯз – ҷашни офтоб, ҷашни навшавӣ, ҷашни дӯстиву эҳё аст. Ин ҷашн дар тули ҳазорсолаҳо бидуни таҳмилу таҳриф зинда монда, фарҳанг ва ҳуввияти миллии моро тавсия додааст. Он берун аз ҳама ғояҳои сиёсӣ ва мазҳабӣ, ҷашни ҳақиқии мардумӣ боқӣ мондааст.
Мо, тими хабарии TajNews, бо камоли эҳтиром ва муҳаббат фарорасии Наврӯзро ба тамоми мардуми Тоҷикистон, муҳоҷирони тоҷик дар ҳар гӯшаи ҷаҳон ва ҳамаи хонандагони гиромии мо табрик мегӯем.
Бигзор ин Наврӯз бароятон саодат, сулҳ, дӯстӣ ва фаровонӣ оварад. Наврӯз бошад оғози як зиндагии нав, тафаккури тоза ва рӯҳи созанда барои ҳар яки шумо.
Бо таманниёти нек,
Гурӯҳи расонаии TajNews.org
Наврӯз муборак!