Friday, April 25, 2025
ads
HomeҶомеаЗани 27-сола бо иттиҳоми қаллобӣ ҳангоми иҷорадиҳӣ дар “Сомон.tj” боздошт шуд

Зани 27-сола бо иттиҳоми қаллобӣ ҳангоми иҷорадиҳӣ дар “Сомон.tj” боздошт шуд

Кормандони Шуъбаи ВКД-2 дар ноҳияи Сино Ҳазратқулова Умеда, сокини 27-солаи ноҳияи Шаҳритусро бо иттиҳоми қаллобӣ боздошт карданд.

Эълони бардурӯғ дар сомонаи “Сомон.tj”

Тавре мақомот хабар доданд, Умеда Ҳазратқулова бо нашри эълонҳои бардурӯғ оиди иҷора додани манзили истиқоматӣ дар сомонаи маъруфи “Сомон.tj” шаҳрвандони зиёдеро фиреб додааст.

Мақомот то ин замон 12 ҳолати фиреби шаҳрвандонро ошкор намудаанд. Ҳар кадоме аз шаҳрвандон аз 1000 то 2500 сомонӣ зарар дидаанд.

Огоҳии мақомот ба шаҳрвандон

Раёсати ВКД таъкид мекунад, ки чунин ҳолатҳои қаллобӣ ҳамарӯза ба қайд гирифта мешаванд ва шаҳрвандон бояд ҳушёр бошанд.

“Маблағи иҷораро танҳо пас аз қабул ва дидани манзили истиқоматӣ супоред,” — омадааст дар изҳороти мақомот.

Мақомот ҳамчунин аз ҳамаи онҳое, ки эҳтимолан мавриди фиреби Умеда Ҳазратқулова қарор гирифтаанд, даъват карданд, ки ба ШВКД-2 дар н.Сино ва ё бо рақами 018-02-02-02 ба милисаи пойтахт муроҷиат кунанд.

TajNews.org – ахбори саривақтӣ ва боэътимод!

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика