Беш аз 500 шаҳрванди Тоҷикистон дар марзи миёни Қазоқистон ва Русия як ҳафта боз дар шароити душвор интизорӣ мекашанд. Онҳо мехостанд ба қаламрави Русия ворид шаванд, қисме бо ҳадафи тамдиди муҳлати будубош ва баргашт, аммо бо мамониати марзбонони рус рӯ ба рӯ шуданд.
Ҳамсуҳбатони TajNews аз миёни шахсони дармонда мегӯянд, ки пас аз ҳамлаи террористӣ дар «Крокус Сити Холл», вуруд ба Русия барои шаҳрвандони Тоҷикистон сахттар шудааст.
«Аксарият моро намегузоранд, мегуфтаанд агар намояндагони сафорат наоянд, иҷозат намедиҳанд. Мо нон надорем, пул надорем, бо мо занону кӯдакони зиёданд, дар шароити хеле душвор қарор дорем», — гуфт яке аз мусофирон дар суҳбат бо TajNews.
Мусофирон аз набуди ғизо, об, шароити хоб ва ёрии тиббӣ шикоят доранд. Онҳо мегӯянд, ки бо вуҷуди дархостҳои зиёд, то ҳол ягон намояндаи консулгарӣ ва ё сафорати Тоҷикистон бо онҳо тамос нагирифтааст.
Дар пасманзари таҳқиқоти теракти «Крокус», мақомот дар Русия як силсила маҳдудиятҳо ва раддияҳои вурудро барои муҳоҷирон, махсусан аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба роҳ мондаанд. Мақомоти рус расман нагуфтаанд, ки бастани роҳ барои тоҷикон ба ин ҳодиса рабт дорад, вале шоҳидон мегӯянд, рад кардан асосан барои шаҳрвандони Тоҷикистон рух медиҳад.
Дар ҳамин ҳол, ҳомиёни ҳуқуқ ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ аз мақомоти тоҷик даъват доранд, ки ба ин масъала вокуниши фаврӣ нишон диҳанд ва шаҳрвандони худро дар чунин вазъияте танҳо нагузоранд.
TajNews вазъро пайгирӣ мекунад. Агар наздиконатон дар марз дармонда бошанд, метавонед бо мо дар тамос шавед.