Дар Тоҷикистон нусхаи нави китоби «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» таҳия ва тасдиқ гардида, аллакай мавриди истифода қарор гирифтааст. Тибқи маълумоти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз феҳристи қаблӣ тақрибан 1700 ном хориҷ шуда, ба ҷойи онҳо наздики 1000 номи нав ворид гардидааст.
Дар ин бора Диловар Каримов, сармутахассиси шуъбаи номгузорӣ ва танзими истилоҳоти Кумитаи забон ва истилоҳот, хабар додааст.
Тибқи қонунгузории амалкунанда, шаҳрвандони Тоҷикистон ҳангоми интихоби ном барои фарзандони навзоди худ бояд аз рӯйхати тасдиқшудаи Кумитаи забон истифода баранд. Дар сурати интихоби номи берун аз феҳрист, волидон бояд исбот намоянд, ки он ном барои фарҳанг ва суннатҳои тоҷикӣ бегона нест.
Ба гуфтаи масъулони Кумита, феҳристи пешин, ки соли 2023 нашр шуда буд, дорои 4056 ном буд. Пас аз бознигарӣ аз он 1745 ном хориҷ карда шуда, 2311 ном боқӣ монд. Баъдан ба ин рӯйхат 965 номи нав аз китоби «Фарҳанги зебономҳои ориёӣ» илова гардид. Ҳамин тавр, феҳристи нави номҳои миллӣ ҳоло 3461 номро дар бар мегирад.
Мақомоти Кумитаи забон мегӯянд, ки қисме аз номҳо аз сабаби надоштани решаҳои таърихӣ ва фарҳангии тоҷикӣ аз рӯйхат хориҷ шудаанд. Ҳамчунин, мутобиқи талаботи қонун, номҳои марбут ба ашё, асбобҳо, паррандагон ё дигар номгузориҳои ғайримаъмул ба феҳрист ворид карда намешаванд.
Ба гуфтаи Диловар Каримов, баъзе шаклҳои номгузорӣ низ ғайримеъёрӣ дониста шудаанд. Масалан, шаклҳои «Амира» ва «Алия», ки аз номҳои «Амир» ва «Али» гирифта шудаанд, ба феҳрист дохил карда нашудаанд.
Ҳамчунин номи машҳури «Жасмин» бо шакли аврупоии худ пазируфта нашудааст. Ба ҷойи он дар феҳрист номҳои тоҷикии «Ёсамин» ва «Ёсуман» ворид шудаанд.
Дар байни номҳои нави воридшуда чандин номҳои дорои маъноҳои мусбат ва решаҳои фарҳангии тоҷикӣ ҷой гирифтаанд. Аз ҷумла:
- Ануш — ҷовидон ва абадӣ;
- Арғавон — номи дарахти машҳури ороишӣ;
- Армин — оромишбахш ва сарбаланд;
- Арнавоз — некном ва хушсухан;
- Баҳорноз — зебо ва дилоро;
- Беҳваш — дорои хислати нек;
- Беҳина — беҳтарин;
- Вис — номи қаҳрамони достонҳои қадимӣ;
- Гетӣ, Гавҳарон, Гулбахш, Гулбом, Гулбӯ ва Гулдухт.
Ба иттилои Кумитаи забон, феҳристи нав аллакай аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуда, қарори дахлдор рӯзи 26 феврали соли 2026 ба имзо расидааст. Нусхаи электронии он ба тамоми ниҳодҳои дахлдор, аз ҷумла мақомоти Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ирсол гардидааст ва ҳангоми бақайдгирии кӯдакони навзод истифода мешавад.
Ёдовар мешавем, ки соли 2016 ба қонунгузории Тоҷикистон тағйирот ворид карда шуд, ки тибқи он истифодаи номҳое, ки барои фарҳанги тоҷикӣ бегона дониста мешаванд, маҳдуд гардид. Ҳамчунин истифодаи унвонҳо ва лақабҳое чун «Мулло», «Тӯра», «Хоҷа», «Амир», «Шайх», «Сӯфӣ», «Халифа» ва монанди инҳо дар номгузории кӯдакон манъ карда шуд.
Ин иқдом солҳои охир яке аз баҳсбарангезтарин мавзӯъҳо дар соҳаи забон ва ҳувияти миллӣ маҳсуб мешавад. Бархе аз шаҳрвандон онро барои ҳифзи арзишҳои миллӣ муҳим мешуморанд, дар ҳоле ки дигарон аз маҳдуд шудани интихоби ном барои фарзандонашон интиқод мекунанд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

