Дар Тоҷикистон давлат ба касоне, ки хидматҳои арзишманд мекунанд, унвону ҷавоизи давлатӣ медиҳад, ки мукофотпулӣ ҳам дорад. Масалан, барандагони Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт ва Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника, соҳиби маблағе ба андозаи 3 ҳазору 500 доллар (бештар аз 32 ҳазор сомонӣ) мешаванд. Ин ҷоизаҳо одатан барои асарҳое дода мешаванд, ки омодасозии онҳо як умри инсонро талаб мекунад.
Агар заҳмати 40-солаи як зиёиро ба ин маблағ тақсим кунем, маълум мешавад, ки арзиши моддии фаъолияти ӯ дар як моҳ ба таври рамзӣ чизе камтар аз 70 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон, унвонҳои олии фахрӣ, ба мисли Нависанда, Шоир, Ҳунарпеша, Ҳофиз ва Рассоми халқии Тоҷикистон ё Арбоби ҳунар ва Арбоби илми Тоҷикистон ҳастанд, ки мукофотпулии нақдии якдафъаина надоранд ва танҳо ба маош ё пас аз баромадан ба нафақа 20% иловапулӣ медиҳанд.
Албатта, дар ин миён Ҷоизаи давлатии “Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон” истисност, ки бо маблағи қариб 195 ҳазор сомонӣ (2 ҳазору 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо) яке аз бузургтарин дастгириҳои мустақими давлатӣ ба шумор меравад.
Давлат чӣ гуна заҳмати олим, адиб ва ҳунармандро эътироф мекунад?
Ҷоизаҳо ва унвонҳои давлатии Тоҷикистон
Роҳҳои дигари қадрдонӣ кадомҳоянд?
Дар баробари унвону ҷоизаҳои давлатӣ, солҳои охир ҳукумат усули нави қадрдониву ҳавасмандиро ба роҳ мондааст. Таъсиси озмунҳои бузурги ҷумҳуриявӣ, ба мисли “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Илм – фурӯғи маърифат” бо шоҳҷоизаҳои 140 ҳазор сомонӣ аз он шумор ҳисобида мешавад.
Дар баробари ин, озмунҳои зиёди дигаре ҳастанд, ки вазорату идороти давлатӣ баргузор мекунанд. Аз он ҷумла, дар озмуни “Омӯзгори соли Тоҷикистон” ба ғолиби кулл 30 ҳазор сомонӣ, дар озмуни “Табиби сол” ғолиби кулл 15 ҳазор сомонӣ ва дар озмуни “Хонандаи соли Душанбе” ба ғолиби кулл 6 ҳазор сомонӣ ва диплом дода мешавад. Ҷоизаи ба номи Лоҳутӣ, ки Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ҳар сол ба чанд журналист медиҳад, 5 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ дорад.
Роҳҳои нави ҷалби таваҷҷӯҳ ба адабиёту фарҳанг?
Озмунҳое, ки бо супориши раисҷумҳур ба роҳ монда шудааст
Аммо дар муқобили ин кӯшишҳои давлатӣ, бозори озод қарор дорад, ки комилан “бо қонунҳои дигар” фаъолият мекунад. Дар ин ҷо сарчашмаи маблағгузорӣ на буҷети давлат, балки маблағгузории ширкатҳои тиҷоратӣ ва сарпарастон мебошад.
Масалан, дар озмуни шаҳрии “Зебосанами Душанбе”, ки ғолибан аксари мукофотпулиро ширкатҳои сарпараст мепардозанд, ғолиби асосӣ соҳиби 150 ҳазор сомонӣ ва тоҷи тиллоӣ мешавад ва барандагони номинаҳои дигар ҳар кадом 100 ҳазор сомонӣ ба даст меоранд.
Ё дар озмунҳои дигаре, ки “Блогери сол”-ро муайян ва қадрдонӣ мекунанд, мукофотҳое ба мисли тамғаи охирини телефони “Айфон” (ҳудуди 20 ҳазор сомонӣ) ва тахфифҳои чашмрасе барои хариди хона дода мешаванд.
Омӯзгор, табиб, рӯзноманигор ва блогер чӣ гуна қадрдонӣ мешаванд?
Озмунҳои дигари, ки касбу кори гуногунро ҳавасманд мекунад
“…ин куҷову он куҷо?”
Аммо вақте ба рақамҳо нигариста, каме амиқ таваҷҷӯҳ кунем, ки тафовути чашмрасеро мебинем: қадрдонии адибе, ки 40 сол заҳмат кашидааст – 32 ҳазор сомониву омӯзгоре, ки чанд наслро илм омӯзонидааст – 30 ҳазор сомониву табибе, ки ҷони садҳо танро аз марг наҷот додааст – 15 ҳазор сомониву рӯзноманигоре, ки садҳо мақолаву мусоҳибаву тадқиқот омода кардааст – 5 ҳазор сомонӣ ва арзиши як озмуни тиҷоратӣ – 150 ҳазор сомонӣ.
Тазоди арзишҳо аз нигоҳи коршиносон
Барои фаҳмидани он ки чаро чунин тафовути амиқ дар меъёрҳои қадрдонии ҷомеа ба миён омадааст ва ин ҳолат ба ояндаи ҷомеа ва кишвар чӣ гуна таъсир мегузорад, мо ба се коршиноси соҳаҳои гуногун – равоншинос, адиб ва ҳунарпеша муроҷиат кардем. Назари онҳо воқеияти имрӯзаро аз ҷанбаҳои мухталиф ифшо мекунад. Саволи асосӣ ин аст: вақте меъёрҳои қадрдонӣ ин қадар вожгун мешаванд, ояндаи мо чӣ гуна хоҳад буд?
Инфографика 4 аз 4 · Asia+
Дар Тоҷикистон кӣ чӣ гуна қадр мешавад?
Тафовути маблағ — аз зиёд ба кам (сомонӣ)
“Ба ин оварда мерасонад, ки адибу табибу омӯзгор мақоми худро гум кунанд”
Аз нигоҳи равоншиносӣ, аввалин зарбаро насли наврас мехӯрад. Нигина Мамадҷонова, равоншиноси тоҷик, мегӯяд, ки дар чунин шароит меъёри муваффақият дар зеҳни ҷавонон комилан тағйир ёфта, аз “маҳорату кордонӣ” ба “лайк ва боздид” мубаддал мешавад.
Ба қавли равоншинос, вақте кӯдак дар оила ва мактаб панди “нағз хону касб омӯз – муваффақ мешавӣ”-ро мешунавад, аммо дар зиндагии воқеӣ баръаксашро мебинад, мебинад, ки адибе дар нақлиёти ҷамъиятӣ сари пой ба хонааш равон асту масхарабозе бо мошини тамғаи охирин, таъсири бади равонӣ мебардорад.
Ин вожгунии арзишҳо, ба гуфтаи Мамадҷонова, ба табақаи зиёии миёнсолу куҳансол низ таъсири манфӣ мегузорад. Дар ниҳоят, ҳисси ноадолатии иҷтимоӣ ва хастагӣ боис мешавад, ки касбҳои роҳбурдӣ ва муҳим, ба мисли омӯзгорӣ, табибӣ, адибӣ ва илм мақоми худро гум кунанд, ки ин ё ба тарки соҳа ва ё ба муҳоҷирати мағзҳо оварда мерасонад.
“Маблағҳои чашмрас бояд ба адабиёту ҳунар ҳам сарф шаванд”
Ато Мирхоҷа, шоир, нависанда ва барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ, ин масъаларо ба ду тараф баррасӣ мекунад. Аз як тараф, тафовутро эҳсос мекунад: “вақте ки адибе чанд сол нишаста роман навиштааст, ба мукофоти давлатӣ пешниҳод мешавад – 3 ҳазору 500 доллар мегираду бархеи дигарҳо 5 баробар зиёд аз он, ҳақиқатан, беадолатӣ ҳис мешавад”.

Ин масъала, тавре Ато Мирхоҷа мегӯяд, борҳо аз ҷониби Иттифоқи нависандагон ва Кумитаи ҷоизаи Рӯдакӣ ба ҳукумат расонида шудааст. Ӯ пешниҳод дорад, ки маблағи Ҷоизаи Рӯдакӣ ба ақаллан 10 ҳазор доллар бирасад: “Вақте аз номи давлат ҷоизае медиҳанд, бояд мукофотпулии нағз дошта бошад, ба ному шону эътибори давлат мезебад”.
Адиби тоҷик озмунҳое мисли “Фурӯғи субҳи доноӣ”-ро аз манзари дарозмуддат арзёбӣ мекунад: “Сиёсат на ба 10 солу 20 сол, балки ба 100 соли оянда нигаронида мешавад. Маблағе, ки ҳозир мо барои озмунҳои шеъразбаркуниву китобхонӣ сарф мекунем, шояд баъди садсолаҳо, вақте ки мардум фарҳангдӯст шуда, адабиётро аз худ мекунанд, самара диҳад ва эҳтиёҷ ба ин озмунҳоро аз байн барад”.
Нисбат ба озмунҳои зебоӣ ва шоу, ин адиби тоҷик нигоҳи нисбатан мувозин дорад: “Ҳар як соҳа арзиши худашро дорад. Озмунҳои зебоӣ ва шоуҳо асосан аз ҳисоби сарватмандоне баргузор мешаванд, ки ба ин соҳа таваҷҷӯҳ доранд”. “
“Масалан, аз паси як тӯби футбол 24 кас давидан ба назари ман кори бефоидаест. Ё аспдавонӣ ҳам ҳамин тавр. Аммо бисёриҳо ба ин таваҷҷӯҳ доранд. Ман намегӯям, ки ин ё он кор, барнома ё озмун баргузор нашавад, аммо арзишҳо шинохта ва дуруст қадрдонӣ шаванд”
Ато Мирхоҷа шоир, нависанда ва барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ.
Ин адиби тоҷик ба зарурати шинохти арзишҳо таъкид карда, мегӯяд, ки “ҳамин гуна маблағҳои чашмрас бояд ба адабиёту ҳунар ҳам сарф шаванд”.
“Роҳбарон бояд ин масъаларо ҳал кунанд”
Моҳпайкар Ёрова, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон ва довари озмуни “Зебосанами Душанбе – 2026”, тафовути чашмраси қадрдонии ҳунару зебоиро мепазирад, аммо умедвор ҳам ҳаст, ки рӯзе арзишҳо дар ҷойҳои худ менишинанд.
Вале дар бораи озмуни “Зебосанами Душанбе” ӯ ба чанд нукта таъкид дорад: он бо супориши шаҳрдори Душанбе баргузор шуду сармоягузорон ба он ҷалб шуданд ва ҳадафаш таблиғи либосҳои миллӣ ва посдории фарҳанги тоҷикӣ буд.

Бо вуҷуди ин, ин ҳунарпешаи тоҷик ёдовар мешавад, ки дар бахши театр ҳам озмуни ҷумҳуриявии “Парасту” ҳаст, ҳарчанд мукофотпулии чашмрас надорад. Ӯ аз баргузории он ёдовар мешавад: “тахминан 10 сол пеш вақте ба ман ҷоизаи “Беҳтарин нақши занона” доданд 500 сомонӣ мукофотпулӣ дошт, вале соле пеш барои ҳамин ҷоиза ман 2 ҳазор сомонӣ гирифтам”. “
“Бале, ин ҳам маблағи зиёд ва арзанда нест. Вале сол то сол хуб мешавад. Агар дар озмуни “Парасту – 2027” сарпарастонро ҷалб кунанд – боз беҳтар мешавад”.
Моҳпайкар Ёрова
Моҳпайкар Ёрова бар ин бовар аст, ки масъалаи арҷгузориву арзишшиносиву мукофотпулиҳои арзанда “дар поёнҳо” ҳал намешавад: “роҳбарон бояд ин масъаларо ҳал кунанд, бо намояндаҳои касбу кори гуногун ҳамсӯҳбат шаванд, машварат кунанд, ҳарфи ману шумо дуруст, вале масъулияти мо нест, мо ҳал карда наметавонем”.
Се пешниҳод дар се самт
Дар ниҳоят, ин се коршинос бо шеваҳои гуногун мавҷудияти мушкилро тасдиқ карда, мегӯянд, ки тафовути чашмраси молиявӣ ва иҷтимоӣ байни заҳмати бунёдии зеҳнӣ ва соҳаҳои тиҷоративу фароғатӣ, дар ҷомеа як халои бузурги маънавӣ эҷод кардааст. Ин бӯҳрон ба ояндаи сармояи зеҳнии кишвар таҳдид эҷод мекунад. Барои берун рафтан аз ин вазъ, коршиносон пешниҳодҳои зеринро ба миён мегузоранд:
Эҳёи боварии насли наврас. Барои он ки ҷавонон ба ояндаи худ ноумед ва дучори духӯрагии арзишҳо нашаванд, ҷомеа ва давлат бояд дар амал нишон диҳанд, ки дониши бунёдӣ ва заҳмати зеҳнӣ кафолати зиндагии шоиста буда метавонад.
Афзоиши маблағгузории давлатӣ. Ҳукуматро лозим аст, ки пуштибонии молиявиро аз илму адаб ва ҳунар ба таври ҷиддӣ бештар кунад. Аз ҷумла, маблағи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ бояд ҳадди ақал то 10 ҳазор доллар боло бурда шавад, то ин подош ҳам ба шони давлат ва ҳам ба заҳмати чандинсолаи эҷодкор созгор бошад.
Мудирияти муосир ва ҷалби сармоя. Танҳо танқид кардани бозори озод ё озмунҳои шоу роҳи ҳал нест, зеро сармояи хусусӣ ҳамеша ба бахшҳои сердаромад ва фароғатӣ таваҷҷӯҳ мекунад. Роҳбарони соҳаҳои илму маориф ва фарҳангро зарур аст, ки худашон ташаббус нишон диҳанд, усулҳои муосири мудириятро омӯзанд ва сарпарастони хусусиро барои дастгирии лоиҳаҳои мондагори зеҳнӣ ҷалб намоянд.
Роҳи хуруҷ аз ин вожгунии арзишҳо дар он аст, ки давлат ва сохторҳои он заҳмати зеҳниро ба таври сазовор арҷгузорӣ кунанд ва мукофотпулиҳоеро таъин намоянд, ки дар муқоиса бо бахшҳои дигар барои аҳли илму адаб таҳқиромез ба назар нарасанд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

