Як гуруҳ аз созмонҳои маъруфи байналмилалӣ бо нашри изҳороти муштарак аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, даъват кардаанд, ки ба ҳуқуқи инсон эҳтиром гузошта, ваъдаҳое, ки дар мулоқоти сарони минтақавӣ бо Иттиҳоди Аврупо дода буданд, ба амал бароранд.
Ба изҳорот, ки рӯзи 10-уми апрел нашр шуд, ҳашт созмони байналмилалӣ, аз ҷумла Civil Rights Defenders, Freedom Now, Norwegian Helsinki Committee, FIDH, OMCT ва дигарон имзо гузоштаанд.
Муаллифони муроҷиатнома хотиррасон кардаанд, ки дар ҷараёни нишасти сарони Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо дар шаҳри Самарқанд, раҳбарони кишварҳо дар як изҳорот ба риояи озодии баён, озодии фаъолияти ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муҳофизати ҳуқуқи инсон таъкид карда буданд.
Сарфи назар аз ин ваъдаҳо, созмонҳо мегӯянд, вазъ дар кишварҳои минтақа нигаронкунанда боқӣ мондааст. Онҳо даъват мекунанд, ки истифодаи васеи қонунҳои зидди ифротгароиро, ки ба гуфтаи онҳо асосан барои саркӯби мухолифон, фаъолон ва рӯзноманигорон истифода мешаванд, хотима дода шавад.
Созмонҳои имзокунанда аз президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, талаб кардаанд, ки барои озодии як қатор рӯзноманигорони боздоштшуда, аз ҷумла Рухшона Ҳакимова, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Аҳмади Иброҳим, Абдулло Ғурбатӣ, Далери Имомалӣ, Хуршеди Фозил, Хушом Ғулом ва Завқибек Саидаминӣ иқдоми фаврӣ андешад.
Ҳамзамон, ба озодии ҳомиёни ҳуқуқ ва ҳуқуқшиносон, аз ҷумла Улфатхоним Мамадшоева, Бузургмеҳр Ёров, Манучеҳр Холиқзода ва Фаромуз Иргашов низ таъкид шудааст.
Дар изҳорот омадааст, ки боздошт ва ҳабси ин афрод боиси ташаккули “фазои тарс” дар миёни ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон шудааст ва мақомоти кишвар бояд барои коҳиши ин фишорҳо ва таъмини озодиҳои асосии инсон чораҷӯӣ кунанд.
Инчунин зикр шудааст, ки якчанд нафаре, ки дар соли 2024 аз кишварҳои дигар маҷбурона ба Тоҷикистон бозпас оварда шуданд, зери шиканҷа ва таъқиб қарор гирифтаанд.
То ба ҳол мақомоти расмии Тоҷикистон дар робита ба ин даъват ва изҳороти созмонҳои байналмилалӣ ҳеҷ изҳори назаре накардаанд.