Thursday, May 15, 2025
ads
HomeНомаҳо ба президентМуроҷиати ҷавонон ба мақомот: зидди тағйири сунъии симои зоҳирӣ чора андешанд

Муроҷиати ҷавонон ба мақомот: зидди тағйири сунъии симои зоҳирӣ чора андешанд

Дар шабакаи иҷтимоии Facebook муроҷиати як гурӯҳ ҷавонони фаъоли кишвар ба мақомоти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр гардид. Ин муроҷиатро Маҳмадсаид Саидов, пайрави Пешвои миллат ва яке аз аъзои фаъоли гурӯҳи “Авангард”, ки наздик ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дониста мешавад, паҳн кардааст. Дар муроҷиат дақиқан зикр нашудааст, ки кадом ҷавонон онро омода намудаанд.

Дар муроҷиати мазкур чунин омадааст:

Муроҷиати
ҷавонони фаъоли кишвар ба мақомоти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳусну латофати худододагии зани тоҷик, чашму абрӯ дар ҳама давру замон ифодагари зебоӣ, ақли расо, ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ва инчунин идомадиҳандаи анъанаҳои қадимаи аҷдодиамон буда, обрӯи миллати тоҷик ва зани тоҷикро дар байни халқу миллатҳои дигар доимо баланд мебардорад.

Мутаассифона, мо ҷавонони фаъоли кишвар вақтҳои охир дар ҷомеа мушоҳида карда истодаем, ки баъзе аз занон ва ҷавондухтарон ба тариқи сунъӣ дар кошонаҳои ҳусн ва муассисаҳои тиббӣ симои зоҳирии худро ба хотири зоҳирпарастӣ, шаҳвату худнамоӣ, махсусан лабон, кафаси сина, чашму абрӯ ва мӯйҳои худро (ботекс, кератин) мекунанд, ки боиси коста гардидани обурӯй ва эътибори духтарони тоҷик гардида истодааст.

Ҳамзамон, бо ин намуди зоҳирӣ аксарияти онҳо дар сомонаҳои иҷтимоӣ, марказҳои фароғатӣ-фарҳангӣ (тарабхонаҳо, дискоклубҳо, калянбарҳо) баромад намуда, ба шаъну шараф, обрӯ ва эътибори зани тоҷик иснод оварда истодаанд.

Хотиррасон мекунем, ки дар аксари вақт ҳангоми ҷарроҳӣ ва иваз кардани симои зоҳирӣ ба тариқи сунъӣ боиси ба касалиҳои гуногун ва аз даст додани симои аслии хеш шудани мизоҷон ба қайд гирифта шудааст.

Инчунин дида мешавад, ки бо чунин намуди зоҳирӣ духтарон ва занон ба зиёрати хонаи Худо мераванд, ки аз нигоҳи дини мубини Ислом, низ тағйир додани намуди зоҳирии инсон (ба ғайр аз ҳолатҳои истисноӣ) манъ мебошад.

Вобаста ба ин мо ҷавонони фаъоли кишвар якчанд пешниҳод менамоем:

  • Дар қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳо ворид карда, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ пешбинӣ карда шавад;
  • Муассисаҳое, ки дар ин самт фаъолияти хизматрасонӣ мебаранд, новобаста аз шакли моликияташон, андоз аз даромадашон чандин маротиба боло бардошта шавад;
  • Бо чунин намуди зоҳирӣ рафтани занону духтарон ба зиёрати хонаи Худо қатъиян манъ карда шавад.

Мо ҷавонон, ки аксарияти қишри имрӯзаи ҷомеаи Тоҷикистонро ташкил медиҳем, шукргузор аз дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мекунем ва сиёсати пешгирифтаашонро дар ҳама самтҳо дастгирӣ ва аз он пайравӣ менамоем.

Як гурӯҳ ҷавонони фаъол

Ба гуфтаи коршиносон, ин муроҷиат метавонад баҳсу баррасиҳои зиёдро дар ҷомеа ва расонаҳои кишвар ба вуҷуд орад, зеро масъалаи озодии шахсӣ ва ҳуқуқи ҳар фард барои интихоби намуди зоҳирӣ яке аз мавзӯъҳои ҳассоси замони муосир маҳсуб мешавад.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

1 COMMENT

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика