Friday, May 16, 2025
ads
HomeХабарҳоЁ теъдоди минибусҳoро зиёд кунед, ё Убайдуллоевро баргардонед!

Ё теъдоди минибусҳoро зиёд кунед, ё Убайдуллоевро баргардонед!

Ман ҳашт сол аст, ки бо минибуси хатсайри 8 ба кор мераваму аз кор ба хона бармегардам. Тайи ҳашт сол мушкиле набуд: хонаам дар истгоҳи охири хатсайри 8 дар маҳаллаи Зарафшон аст, мебаромадаму савор мешудам ва баъди 15-18 дақиқа ба маҳалли кор мерасидам, бегоҳ пас аз кор низ на беш аз даҳ дақиқа интизор мешудаму савор мешудам.
Вале инак беш аз як моҳ аст, ки субҳ соати 8 ба истгоҳ мебароям, то ин муддат донишҷӯён ба дарс ва кормандон ба муассисаҳояшон мераванд ва ман бидуни талошу сабқат метавонам ба минибус бинишинам, албатта то 20 дақиқаю ним соат ба кор таъхир мекунам, вале ин таъхир беҳтар аз асабонияти ҳосил аз даводавӣ дар истгоҳ аст. Ва аммо бегоҳ: дар ин беш аз як моҳи охир гоҳе як соат мунтазир мемонам, гоҳе 40-45 дақиқа, гоҳе то нимароҳ савор мешавам. Ҳар рӯз яку ним-ду соат вақтам, ки арзишмандтарин ҳадияи Худо ба бандагонаш аст, дар роҳ ва асабониятҳои ҳосил аз он сарф мешавад.
Имрӯз, ки бо як нафар масъули хатсайри 8 суҳбат доштам, маълум гардид, раёсати ҷадиди шаҳрдорӣ дар талоши танзими васоили нақлияи шаҳрӣ, на танҳо таксиҳои сесомонаро манъ кардааст, балки теъдоди минибусҳои хатсайрро низ коҳиш дода. Ва чи коҳишеву чи “ҳиммате”: аз 350 минисбуси мавҷуд дар хатсайр 320-тоашро кам кардаанд (бештарро ба хатсайри ҷадиди 39 додаанд) ва танҳо 30-то боқӣ гузоштаанд. Ва дар ин ҳол теъдоди автобусҳои 8-ро низ афзоиш надоданд (ва низ хати сайри автобуси 8 бо хатти сайри минибуси 8) тафовути назаррас дорад. Дар масири ин хатсайр маҳаллаҳои Зарафшони 1 ва 2, Испечаки 1 ва 2, микрорайони 112, минтақаи ҳамшафати шаҳри ноҳияи Рӯдакӣ воқеъ шуда, ки ва даҳҳо ҳазор аҳолӣ доранд. Албатта, шаҳрдори ҷавону муовинонаш дар минибус савор намешаванд, вале магар дар шаҳрдорӣ касе нест, ки аз вазъи мардум, аз саргардонии онҳо барои ба дарсу кор рафтану омаданашон огоҳ бошад ва ба тасмимгирандагон бирасонад, то ба ҳикмати мардум гӯш бидиҳанд, ки то асп нахаридаӣ, зинҳор харатро нафурӯш. Яъне то автобусҳои ваъдагиатонро ба шаҳр наовардаед, чаро мардумро саргардон мекунед!
Албатта, медонам, ки Убайдуллоев дигар ба курсии шаҳрдорӣ наменишинад, дар титр, ки номашро овардам, ба ин маънист, ки кори накунед, ки мардум замони шаҳрдории Убайдуллоевро ба ҳасрат ёд бикунанд. Пас дар қадами аввал теъдоди минибусҳои хатсайри 8-ро афзоиш бидиҳед!

Абдуқодири Рустам

(аз саҳифаи фейсбукии муаллиф)

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика