Friday, May 16, 2025
ads
HomeХабарҳоЧаро Э.Раҳмон номи писари худро аз Тоҷикистон авлотар медонад?

Чаро Э.Раҳмон номи писари худро аз Тоҷикистон авлотар медонад?

Аз таҷрибаи байналхалқӣ ҳамагон медонанд, ки ҳар як роҳбари давлат вақте ба хориҷа ба сафари расмӣ меравад, бо таёраи давлатӣ парвоз мекунад, ки номи кишварро дошта бошад. Пештар ҳам Эмомалӣ Раҳмон ҳамин хел мекард ва бо ҳамин хел таёра, яъне Тоҷик Эйр ба сафарҳои хориҷӣ парвоз мекард.

Вале ин чиз дер давом накард. Агар ёд дошта бошед, вақте ки хусурбачааш ба пули барои сохтмони нирӯгоҳи барқи обии “Роғун” ҷамъ кардаи мардум, ки 200 млн доллари ШМА ҷамъ шуда буд, ду адад таёраи нави “Боинг” харид ва номи ширкаташро Сомон Эйр гузошт, Э.Раҳмон Тоҷик Эйри давлатиро партофту ба Сомон Эйри хусусӣ гузашт. Ҳамагон медонанд, ки Сомон номи писари хурдии Э.Раҳмон аст. Ба замми ин Э.Раҳмон чунон кард, ки Тоҷик Эйр ба як ширкати беобрӯ ва рейтингаш паст мубаддал шавад ва ҷои онро дар парвозҳои хориҷӣ Сомон Эйр гирад.

Яъне барои Э.Раҳмон номи писараш аз ном ва обрӯю эътибори ватани мо Тоҷикистон авлотар аст. Дигар роҳбарони давлатҳо агар барои эҳтиром ва баланд бардоштани обрӯю номи давлат ва кишвари худ танҳо бо таёраи номи кишвари онҳоро дошта парвоз кунанд, Э.Раҳмон аз афташ аз номи Тоҷикистон чандон хушаш намеояд, ки бо таёрае, ки номи писараш Сомонро дорад, парвоз мекунад.

Боз ӯ ба мо ҳар рӯз аз  телевизион эҳтиром кардани муқаддасоти миллиро меомӯзонаду доимо даҳон аз ватандӯстӣ мекушояд. Лекин аз ин бармеояд, ки дар асл барояш манфиатҳои шахсии худаш ва оилааш аз обрӯю эътибори Тоҷикистон ва номи азизи Ватани мо Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ болотар меистад.

Як худатон ба суратҳои дар инҷо омадагӣ нигоҳ кунеду муқоиса намоеду хулоса бароред.

Як гурӯҳ коркунони КВД Тоҷик Эйр

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика