Friday, May 16, 2025
ads
HomeХабарҳоТақризи Исфандиёри Назар ба мақолаи  Ятимов

Тақризи Исфандиёри Назар ба мақолаи  Ятимов

Инсофан, Ятимов тақрибан ягона роҳбарест, ки бо навиштани мақолаҳои илмӣ дар соҳаи хеш ба матбуот ҳамкорӣ мекунад. Ман мақолаҳои зиёди Ятимовро хондаам ва атрофи чанде аз онҳо низ андешаҳоямро навиштаву чоп кардаам.
Дар ҳамин мақола низ мағзи ҷони мушкилӣ, таъкид ба донишу илм аст!
Ҳама гуна зуҳуроти номатлуб, аз ҷинояти сода то ҷиноёти азим ва табиист, ташкили гуруҳу дастаҳои ба ном «динӣ», вале дар асл душманона барои кулли башар, мисли «ДОИШ», «Толибон», «Ваҳобия», «Салафия»… аз надоштани дониши амиқ, аз яктарафа амал кардан дар роҳи касби дониш, ҷудо кардани дониш ба дунявию ухравӣ, наомӯхтани ториху фарҳанги гузашта ва таҳлил накардани он… сарчашма мегиранд!
Мушкил танҳо бо ин мақола ҳал намешавад.
Мушкил дар кишвари мо баста ба ду рукни аслист:
1. Иқтисод. То замоне, ки кишвар истеъмолгар аст ва баъзан ба одитарин чизҳо ниёзманду вобастаи истеҳсолоти хориҷист ва то замоне, ки корхонаву маоши лоиқ вуҷуд надорад, амнияти зеҳнӣ, фарҳангӣ, торихӣ ва миллӣ осебпазир боқӣ мемонад.
2. Маориф. То даме, ки ин соҳа комилан чун об соф карда нашавад, то даме, ки муаллим бениёз аз хоста гардонида нашавад (ба пули талаба муҳтоҷ бошад), то даме, ки васоили таълимӣ арзиши баланд дораду барои дастраси доимӣ буданаш тавони ҳама намерасад ва то даме, ки ҳазорон василаи саддэҷодкун барои касби дониш ба оммаи мардум вуҷуд дорад, Миллат ва Давлат осебпазир хоҳад буд!
Содатарин баҳсҳоро дар интернет хондаву хулоса кардан мушкил нест, ки қишре аз ҷавонон дар кадом поя дониш доранд, то куҷо дар таъассубу ҷаҳлу нафрат ғарқанд ва дар сурати дастёбӣ ба ончи иддиъо доранд, чи сели хунеро роҳ меандозанд!
Бо ин ҳама, побарҷоии як Давлат ва амнияти миллии он баста ба интихоби саҳеҳи кадрҳои он дорад. Вақте дар ин самт кор комилан нодуруст, балки аз бунмояаш нодуруст сурат гирифтаву ҷараён дорад, (бахши кадрии имрӯза аз ҳеч кас пинҳон нест), намешавад аз масоили кӯчактар ҳарф зад.
Иштибоҳоте дар роҳи мубориза ба муқобили ифроту тафрит ҷой дорад, ки роҳро на танҳо ҳамвор, балки харобтару душвор мегардонанд ва гардонидаанд!
Муҳимтарин нуктае, ки бояд дар кишвар ба он таваҷҷуҳ шаваду нашуда,ин аст, ки бе будани заминаи мустаҳками илмӣ мехоҳем дар зеҳни ҷавонон тасаввури «ояндаи нек» ва дарки мафҳуми Ватан, Миллат ва Арзишҳои онро ҷой диҳем.
Пешниҳод карда будам, ки бояд бо гунае осори даврони реносанс, ки тақрибан ҳамагӣ бо форсӣ тарҷимаву чоп шудаанд, бо хати тоҷикӣ баргардон ва дар тамоми макотиби ҷумҳурӣ дастрас карда шаванд.
Дастрасӣ ба кутуб дар китобхонаҳои кишвар дар кадом поя аст, ҳама медонад. Аз ҳар китоби нашршуда чанд донаӣ дар китобхонаҳои мактабҳову марокизи илмӣ вуҷуд дорад? Теъдоди нашри ҳар китоберо дидаву худ хулоса бароред.
Ин тарафи масъала бениҳоят муҳим аст! Бениҳоят!
Бигзарем. мақолаи ҳозир хеле хуб навишта шудааст. Ман на холабачаи муаллифи онаму на дӯст ва ҳамчун хонанда боз ҳам назар медиҳам. Аз мушкилоти ҷойдошта то буданам дар Ватан навиштаву ҳоло ҳам изҳори назари худро мекунам. Агарчи ин изҳориназаркарданҳоро бархе нодуруст фаҳманд ё бархе ба суди худ донанд.
Хондани ин мақолаву баҳс дар атрофи он бояд сурат гирад.
Бе хондани матлабу дарки он ва чи хостани муаллиф, чи гуна метавон баҳс кард?
Бояд дигар аз шеваи норавои гирифтани як ҷумла ё як калима ё порае иқтибос, ки ба танҳоӣ метавонад зиддият ба дине ё ба гуруҳе ё ба миллатеро нишон диҳад, сарфи назар кард.
Ман ин мақоларо хондам, ҷойҳои дигаре ҳам ҳаст, ки бояд баҳс кард, бояд суол гузошту пурсид, аммо ин кори умуми хонанда бояд бошад, на кори танҳо Сафват, ки мақоларо гузошт ё ман, ки новобаста аз он, ки дар мавридам чи мегӯянду менандешанд ин назарро навиштам.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика