Thursday, May 15, 2025
ads
HomeХабарҳоТанзими расму оин —стратегияи муҳими давлат?

Танзими расму оин —стратегияи муҳими давлат?

Сайфулло Сафаров, муовини аввали директори Маркази тадқиқотии стратегии назди Президенти Тоҷикистон дар як навиштааш, ки дар “Ҷумҳурият” чоп шудааст, панҷ пешниҳод барои такмили қонуни танзими расму ойин кардааст.

Стратеги рақами дуввум дар нашрияи рақами аввали кишвар замоне ба мавзӯъи қонуни танзими ҷашну маросимҳо пардохтааст, ки мавзӯъи рақами аввали расонаҳо ва гуфтугӯи мардум фасоди мансабдорони баландпояи давлатӣ аст. Албатта ин “иқдоми стротегии” Сафаров намоишӣ буда таъсири кофӣ дар умури зиндагии мардум надорад ва мебояд пеш аз ҳама сарфакориро аз хароҷотҳои ҳангуфти давлатӣ, аз қабили сафарҳои ботантанаи раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҷашнҳои пуршукӯҳи тамаллуқӣ оғоз кард, ки дар баробараш тӯйи мардуми камбизоат як наҳорӣ менамояд.

Баъдан ҷаноби Сафаров аз коҳиши фасод ва тарғиби қонунсолорӣ миёни ҷавонон ёдовар шудаанд. Дарҳоле, ки тибқи хабарҳои ахир фасоду ришвахорӣ ба дараҷае баданаи ҳукумати Раҳмонро фалаҷ кардааст, ки худи Агентии зидди фасод дар ин падидаи номатлуб ғӯтавар шудааст. Инҷо лозим ба ёдоварист, ки Фирӯз Холмуродов яке аз кормандони боздоштшудаи Агентӣ баён дошта буд, ки «ман танҳо нахӯрдаам» яъне фасод дар радаҳои болоии ҳокимият ҷо дорад, ки мебояд тадқиқоти эшон бар ин самт равона бошад аз онки чашми мардум хок мепошанд.

Тадқиқот ва ҷилавгирӣ аз фасоду исрофкориҳо дар ядрои ҳукумат ва риояи қонун аз ҷониби мансабдорон худ як дарси амалӣ барои ҷавонон аст, ки мебояд шумо мансабдорон пеш аз ҳама аз худатон оғоз кунед.

Танзими ҷашну маросимҳоро аз хонаи мансабдорон шурӯъ намоед, ки ин шабу рӯз танҳо аз таҳхонаҳои мансабдорон миллионҳо доллар пайдо мешавад ва мардуми омма тавони маросими бузургро надорад.
Баъдан ба ин ҳукуматдорон чи шудааст, ки аз муфтиёт то ба раисиҷумҳур ва ахиран Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳама ба ин қонуни танзим панҷа нарм кардаанд? Ё дигар мавзӯъе барои гул задани мардум ва дарак додан аз мавҷудияту ҳастии худ намондааст?

Муртазои Мирзо

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика