Friday, May 16, 2025
ads
HomeХабарҳоТеъдоди гурезагон ба 65,5 миллион расид

Теъдоди гурезагон ба 65,5 миллион расид

СММ мегӯяд, шумораи гурезаҳо, паноҳҷӯён ва муҳоҷирони дохилӣ дар соли 2016 ба дараҷаи рекордӣ расида, ба 65 миллиону 600 ҳазор нафар баробар шуд, ки назар ба соли гузашта 300 ҳазор нафар бештар аст.

Ба ҳисоби миёна соли гузашта ҳар дақиқа 20 нафар маҷбур ба он гашт, ки хонаи худро тарк кунад, яъне ҳар се сония 1 нафар паноҳанда ё гуреза шуд.

Аксари паноҳандагон – панҷуним миллион нафар аз Сурияанд. Ба ғайр аз ин, тавре муаллифони гузориши СММ мегӯянд, афзоиши ташаннуҷ дар Судони Ҷанубӣ зимни шиддат гирифтани низоъ сабаби фирори наздик ба 800 ҳазор одам гардид.

Раҳбари идораи СММ дар умури паноҳандагон Филиппо Грандӣ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост, ҷойҳои пазириши паноҳҷӯёнро 13 мартаба бештар кунад. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло зиёда аз 1 миллион нафар ба камтарин шароити зист ниёз доранд.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика