Thursday, May 15, 2025
ads
HomeХабарҳоПаёми табрики Раиси ҲНИТ ба муносибати иди Фитр

Паёми табрики Раиси ҲНИТ ба муносибати иди Фитр

Ба номи Худованди бахшанда ва меҳрубон

Бародарону хоҳарон, ҳамватанони гиромӣ!

Бо фарорасии иди саъиди Фитр якояки шуморо табрик гуфта, аз Худованд барои ҳамагон қабули ибодатҳо ва хушбахтиву тансиҳатиро таманно дорам.

Инак, моҳи шарифи Рамазон, моҳи раҳмату мағфират ва растагорӣ ба анҷом расид ва ҳамаи муъминон поёни онро бо хурсандӣ ва шукргузории Парвардигор ҷашн мегиранд. Муъминон аз он шоданд, ки ҳам яке аз фаризаҳои илоҳиро иҷро карданд ва умедворанд, ки Парвардигор тибқи ваъдааш ибодатҳои холисонаи онҳоро ба даргоҳаш пазируфта бошад. Фалсафаи шодиву хурсандӣ дар ин рӯз он аст, ки муъминон пас аз ин имтиҳони илоҳӣ вориди марҳалаи нави зиндагии худ мешаванд ва онро бо саҳифаи пок оғоз мекунанд. Бо умеди он, ки дар ин моҳи раҳмат ва мағфират тамоми гуноҳон бахшида ва аз номаи аъмоли бандагон пок гаштаанд. Ва барҳақ сазовори он аст, ки шодиву сурур моро фаро бигирад ва якдигарро бо чунин рӯзе табрик бигӯем.

Ҳамватанони гиромӣ!

Иди Фитр имсол бо 20-умин солгарди имзои Созишномаи сулҳ ва ваҳдати миллӣ рост омад, ки ба ҷанги хонумонсузи шаҳрвандӣ хотима бахшид. Новобаста аз он, ки бо ин Созишнома ва Ваҳдат чи рух дод, лозим аст, ки онро ҳамчун як рӯзи муҳим дар таърихи миллат ёдоварӣ кард ва арзишҳои бадастомадаро ҳифз кард. Сулҳ ва Ваҳдат моли кадом шахс, гурӯҳ ва ҳизбу ҳукумате нест, ин ҳама моли миллат аст ва миллат ҳақ дорад, ки онро ҳамчун як арзиш ҳифз намояд ва ҷашн бигирад. Ба ҳам омадани ин ду ид, яке миллӣ ва дигаре мазҳабӣ дар худ паёме дорад ва далолат ба созгор будани арзишҳои миллӣ ва мазҳабии мо мекунад.

Дар ин рӯзи муборак мехостам пеш аз ҳама бародарони зиндониро табрик гӯям, ки ин ду идро паси панҷараҳо пешвоз мегиранд. Байни онҳо кам нестанд касоне, ки сулҳу ваҳдат барояшон танҳо як рӯзи ҷашн набуда, балки таърихи зиндагӣ ва натиҷаи заҳматҳои фардиашон мебошад. Дар душвортарин рӯзҳои миллат онҳо ба ҳайси узви Комисссияи Оштии Миллӣ, Комиссияи назорат ба оташбас ва ё ба шакли дигар дар расидан ба сулҳу ваҳдат саҳми худро гузоштаанд. Ин ҷашн дар ҳақиқат рӯзи онҳост ва онҳо мебоист ин рӯзро дар озодӣ ва дар фазои ҷашну сурур пешвоз мегирифтанд, на паси панҷараҳои зиндон.

Дуо мекунам, ки идҳо ва ҷашнҳои ояндаро миллати мо дар фазои сулҳу оромиш ва ваҳдати воқеъӣ пешвоз бигирад ва Ватани азизамон аз зулму ситам ва худкомагиву диктотурӣ раҳо ёбад.

Бо умеди дуои шумо,

Муҳиддин Кабирӣ
Раҳбари ҲНИТ

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика