Сатру ҳиҷоб фарҳанги бегона, мини юбка, нофи кушода, думбаҳои урён ва синаҳои намоишгузошта фарҳанги худӣ?
Ё раиси Кумитаи кор бо занон ошиқи гардани занон мебошад?
Ба қавли сомонаи «Озодагон» даҳҳо гурӯҳи кории пешгирандаи сатру ҳиҷобпӯшӣ дар вилояти Суғд ба маҳаллаҳо, марказҳои савдо, сехҳои дӯзандагӣ, кӯдакистонҳо, марказҳои саломатӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва тарабхонаҳо сафарбар гардидаанд.
Пешгирандаи сатру ҳиҷоб. Чаро пешгирандаи миниюбкаву думбаҳои урёну синаҳои ба намоишгузоштаи занҳои ба қавли худашон «замонави» нестанд? Е раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумхурии Точикистон ба хулоса омадааст, ки зани сатру ҳиҷобпӯш ифротӣ мебошаду, занҳои кунлуч мояи амнияту оромӣ? Магар куни кушода фарҳанги тоҷиконаву сатру ҳиҷоб фарҳанги бегона? Дар дилу дидаи Шумо, ақлу заковати Шумо, фаҳму фаросати Шумо як зарра мафҳуми мантиқ чой дорад? Фикр мекунам, ки Шумо аз мантиқ, хирад, заковат фарсахҳо дӯред.
Дар идомаи хабар омадааст: “Дар ин бора сомонаи расмии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ барои гузаронидани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ҷиҳати пешгирии гароиши занону духтарон ба фарҳанги бегона ва аз байн бурдани сатру ҳиҷоб дар шаҳри Хуҷанд 21 гурӯҳи корӣ таъсис дода шудаанд.”
Хуб, мақсаду мароми Кумита ва гурӯҳи созмондодаашон аз байн бурдани сатру ҳиҷоб будааст. Пас оё Кумита ягон иқдом барои аз байн бурдани думбаҳои нимурёну синаҳои боз, фаҳшу фасод, он фоҳишаҳои кади кӯча, ки ошкоро худро ба намоиш ва фурӯш гузоштаанд, дар накша дорад? Ё танфурӯшии фоҳишаҳои бо либоси замонавии нимурён фарҳанги тоҷикон мебошад?
Дар идомаи хабар омадааст: “Тибки иттилои Кумита гурӯҳҳои корӣ аз 4 июл фаъолияти худро оғоз намуда, ба маҳаллаҳо, марказҳои савдо, сехҳои дӯзандагӣ, кӯдакистонҳо, бемористону мактабҳо ва тарабхонаҳо сафарбар гардидаанд.”
Чаро сафарбар намудани гурӯҳҳо ба манзили истикоматии имомхатибони масҷидҳо ва мансабдорони давлатӣ ба нақша гирифта нашудааст? Шумо як бор ба суроғаҳои зикргардида ташриф оред, «резултат» ва плани сатру ҳиҷобпӯш 200 фоиз ичро мешавад. Тамоми имомхатибони масҷидҳои вилояти Суғд, ки дурӯяву дуруғгуй мебошанд, аз минбари масҷид алайҳи сатру ҳиҷоб ҳарф мезананду завҷа, духтару келинҳояшон аз сар то пой бо сатру ҳиҷоб печида мебошанд. Хизматчиёни давлатӣ ва мансабдоронро намегӯед? Далел лозим? Марҳамат, агар чуръате доред камераи назоратии Суди шаҳри Хуҷандро бардоред. Як моҳ қабл, дар як баҳси шаҳрвандӣ ҳамсари сардори шӯъбаи кофтукови ҷинояти РВКД ҶТ дар вилояти Суғд полковники милитсия Истамзода Машраф ба мурофиаи судӣ ҳозир шуд, ки сатру ҳиҷоб ба бар кардааст. Чаро ба зани полковник сатру ҳиҷоб мумкин асту ба дигарон не?
Ман шахсан нисбати ин зани полковник ҳеҷ даъвое надорам, пӯшиши либос ҳақи ҳалоли худи инсон мебошад. Ва ҳамзамон, ман худам низ сатру ҳиҷоб надорам, ин ҷо сухан аз беадолатӣ ва нобаробарии қишри ҷомеъа дар назди қонун ва дахолат ба ҳаёти шахсии инсон меравад.
Дар идомаи хабар омадааст: “Сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Суғд Н. Мирзозода ба фаъолон оиди пурзӯр намудани фаъолияти гурӯҳҳои корӣ супориш додаааст: “Нақшаи чорабиниҳои доимоамалкунандаи Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд оид ба тарғибу ташвиқи аз байн бурдани либоси ба миллати мо бегона (сатру ҳиҷоб) дар шаҳри Хуҷанд тасдиқ гардид””.
Ҳамин мафҳуми сабилмондаи «аз байн бурдан»-ро агар Кумита шарҳ медод хеле олӣ буд. Сатру ҳиҷобро, ки аз байн бурдед, ба ҷои он чи пешниҳоде доред? Дар тобистон шортику, дар зимистон ҷинсу мини юбка? Акнун як суол ба ин раисаҳои намедонам мӯҳтарам ё номӯҳтарам бошанд, дорам: Ман сад дар сад мутмаинам, ки ҳеч кадоме аз аъзои Ҳукумати Ҷумхури Тоҷикистон зодаи шаҳр ва ё пойтахт нест. Шояд бо мурури замон вориди пойтахт гардидед. Акнун бигуед, ки оё дар деҳа модари Шумо бо сару куни луч ва мини юбка мегаштанд? Либоси онҳо ягон вақт мояи баҳс буд? Магар онҳо намозхон набуданд? Намозро бо либоси нимурёну тани луч мехонданд?
Шумо имрӯз мегӯед, ки сатру ҳиҷоб фарҳанги бегона ва бигузор ба сар рӯймол банданд, вале руймолро аз пушти сар баста гардан бояд боз бошад. Яъне, Шумо тарғибу ташвиқ мекунед, ки гардани зани тоҷик кушоду луч бошад. Магар ба Шумо гардани лучи занҳои тоҷик лозим ва ё ошиқи гардан ҳастед? Дар замони шоҳигарии рус дар қасри шоҳ Петри 1 аз ҳама зани зебо Екатерина буд, ки зебогиашро аз гардани дарозаш интихоб намуда буданд. Дар як вақт фоҳишаи рақами 1-и дарбори подшоҳӣ буд. Шояд имрӯз Кумитаи кор бо занон тасмим дорад, озмуни занҳои гардандарозро эълон кунад? Ё воқеъан раиси Кумита ошиқи гардани луч аст?
Файзинисо Воҳидова
Манбаъ: саҳифаи фейсбукии муаллиф