Friday, May 16, 2025
ads
HomeХабарҳоҒариву пешхезӣ. Ё тӯҳмати навбатии Эмомалӣ Раҳмон ба ҲНИТ ва эълони ҷанги...

Ғариву пешхезӣ. Ё тӯҳмати навбатии Эмомалӣ Раҳмон ба ҲНИТ ва эълони ҷанги нави иттилоотӣ

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониаш дар маросими ифтитоҳи Донишгоҳи давлатии Данғара, ки онро унвони пурдабдабаи “Дарси сулҳ” ҳам додааст, эълон кард, ки ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистонро ҲНИТ ва муллоҳо оғоз кардаанд.

“Мо оқибатҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандиеро, ки ҳанӯз дар оғози давраи соҳибистиқлолӣ рух дода, сабабгори талафоти даҳҳо ҳазор мардуми бегуноҳ гардида, таъсираш то ҳол аз хонаводаҳои мардуми тоҷик, бахусус сокинони вилояти Хатлон аз байн нарафтааст, фаромӯш накардаем. Ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон аз масҷидҳои ҳамонвақта, аз ҷониби баъзе муллоҳо ва бо ташаббуси Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон, ки тибқи қонун ҳизби террористӣ эътироф шуда, фаъолияти он манъ гардидааст, оғоз шуда буд” — гуфтааст раисҷумҳури Тоҷикистон.

Албатта як расиҷумҳури дипломат ва сиёсатмадор агар ба касе ё гурӯҳе тӯҳмат заданӣ шуд, ин корро бо дасти навкаронаш мекунад, то худаш “мусичаи бегуноҳ” бошад. Эмомалӣ Раҳмон барои ин кор садҳо “сухангӯ” дорад, ки метавонист ором яке аз онҳоро истифода кунад. Аммо мутаассифона ё хушбахтона ӯ вазире надорад, ки вақти суханронияш ресмони ба пои раисҷумҳур басташударо ба даст дошта бошаду дар вақти зарурӣ бикашад. Аслан як чунин суханҳои ҷанҷолбарангез, фач, ғайридипломатӣ ва тӯҳматборро ӯ вақте мегуфт, ки сараш болои қоғази дасташ хам набошад. Яъне бидуни протокол. Баъдан коргардонҳо онро қайчӣ мезаданд.

Аммо ин дафъа тӯҳмати ӯ протоколӣ буд. Аз тарафи як раисҷумҳур садо додани ҳарфҳое, ки далел надоранд ва ҷиноятеро бор кардан ба сари як нафар ё гурӯҳе бидуни қарори додгоҳ, камоли бемасъулиятист. Аммо вақте ӯ ин корро протоколӣ мекунад, ин ба он маънист, ки минбаъд дар Тоҷикистон таърих бознавис хоҳад шуд.

Дар ин изҳороташ Раисҷумҳур хоста ё нохоста бисёр ишораи хубе кардааст: “..таъсираш то ҳол аз хонаводаҳои мардуми тоҷик, бахусус сокинони вилояти Хатлон аз байн нарафтааст..”. Воқеъан таъсираш то ҳол дар хонаводаву зеҳни ин мардум то ҳол боқист. Ин мардум ҳанӯз фаромӯш накардаанд, ки кӣ ба хонаҳояшон ҳуҷум ва амволашонро тороҷ карду хонаҳояшонро сӯхт ва аз дасти кӣ онҳо ба Афғонистон гуреза шуданд.  

Мо чанд моҳ пеш аз масъулини ҲНИТ дархост карда будем, арқому далелҳое, ки онҳо аз таърихи ҷанги шаҳрвандӣ ва хиёнатҳои баъдиҷангӣ, яъне баъди имзои созишномаи сулҳ аз тарафи режимро дар ихтиёр доранд ба мо бифристанд, то саҳифаи махсусе аз таърихи ҷанги шаҳрвандӣ ва баъдиҷангӣ боз кунем. Аммо онҳо аз мо хоҳиш карданд ин корро накунем, чун метавонад ба як ҷанги иттилоотии дигар оғоз бахшад, ки оқибатҳои хуб надорад. Вале замоне, ки худи раисҷумҳури Тоҷикистон ин ҷангро расман оғоз бахшид, хомӯш нишастан дигар ҷиноят аст.

Мо эълон мекунем, ки рӯзҳои наздик, новабаста аз он ки масъулини ҲНИТ бо мо ҳамкорӣ хоҳанд кард ё на, ду саҳифа — яке таърихи ҷанги шаҳрвандӣ ва дигаре хиёнатҳои режими Раҳмон ба сулҳ боз хоҳем кард. Аз тамоми муаррихон, шоҳидон ва онҳое, ки санаде дар даст доранд хоҳиш менамоем ба хотири пешгирӣ аз таҳрифи таърих бо мо ҳамкорӣ намоянд. Кафолат медиҳем, ки тамоми маълумоти ирсолшуда ва шахсияти эшон махфӣ хоҳанд монд.  

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика