Thursday, May 22, 2025
ads
HomeХабарҳоИзҳороти Раёсати Олии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон

Изҳороти Раёсати Олии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон

Изҳороти Раёсати Олии ҲНИТ

16-уми августи 2016 раиси бахши ҲНИТ дар шаҳри Норак марҳум Қурбон Маннонов дар зиндони № 1 “советский”  шаҳри Душанбе  ба шаҳодат расид. Марҳум Қурбон Маннонов соли 2015 бо парвандаи сохта ва туҳмати таблиғи идеяҳои ДОИШ ҳабс гашта буд. Ҳанӯз қабл аз ҳабс, марҳум бо роҳбарияти ҳизб гузориш дода буд, ки мақомоти кишвар аз ӯ талаби изҳороти видоеӣ бар зидди ҳизб ва роҳбарияти он, инчунин қатъи фаъолияти ҳизб дар шаҳри Норак ва хориҷ шудан аз онро карданд. Дар сурати иҷори супориш бо ҷои кор ва замини наздиҳавлигӣ таъмин хоҳад шуд ва дар сурати сарпечӣ, худ ва хонадонашро ба душвориҳо рӯбарӯ хоҳад кард. Пас аз рад кардани ин талаботи ғайриқонунии мақомот, марҳум мавриди фишору таъқиби доимӣ қарор гирифта, ниҳоятан бо як парвандасозии интиқомҷӯёнаи мақомот вориди зиндон гашт.

Сабаби интиқомгирии мақомот аз ӯ на танҳо устуворӣ ва ҷасораташ буд, балки як амалиёти ҷинояткоронаи баъзе мақомоти кишварро бо дироят ва зиракии хеш дар шаҳри Норак хунсо намуд ва боиси пешигрии як туҳмати бузурги мақомот алайҳи мардуми Норак гашта буд. Бо пайдо кардани як порча матоъи сиёҳ дар дафтари кории ҲНИТ бо навиштаҷоти арабӣ, ки шабоҳат бо парчами ДОИШ дошт, билофосила ба дафтари марказии ҳизб ва баъдан ба шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Норак хабар расонд ва тақозои таҳқиқи ҳодисаро кард. Мақомоти шаҳри Норак бо ҳар баҳона аз баррасии ин ҳодиса саркашӣ карда, аз ӯ борҳо талаб карданд, ки ин масъаларо фаромуш кунад ва дигар матраҳ насозад. Вале, ӯ пайваста аз мақомот талаби пайдо кардани омилони ин ҳодисаро мекард ва бетарафии мақомотро ҳамчун манфиатдор набудани онҳо дар ошкор кардани парванда меҳисобид. Исрор ва пофишориҳои ӯ боиси хашм ва интиқоми мақомот гашт, ки ниҳоятан ӯ ва чандин ҷавонони фаъоли норакӣ бегуноҳ зиндонӣ гаштанд. Дар зиндон борҳо мавриди шиканҷа қарор гирифт ва ба ӯ пешниҳод шуд, ки дар сурати эътирофи чандин ҳолатҳои туҳматомез алайҳи ҳизб ӯро раҳо хоҳанд кард ё ҳукми сабук хоҳад гирифт. Дар натиҷаи яке аз ин латукубҳо миёни пирамарди 75 сола шикаста шуд, ки тӯли ин ҳама муддат натавонист табобат бигирад, ки дар натиҷа ба шаҳодати ӯ анҷомид.

Раёсати Олии ҲНИТ ҳаёт ва шаҳодати Қурбон Манноновро рамз ва нишонае аз устуворӣ, ҷасорат ва озодандешии мардуми Тоҷикистон медонад, ки бо вуҷуди зулм ва ваҳшонияти мақомоти кишвар фарзандони миллат онро гум накардаанд. Ин ҳодиса бори дигар моҳияти ғайриахлоқӣ ва ғайритоҷикии роҳбарони имрӯзаи кишварро ошкор месозад, ки ҳадафаш аз байн бурдани инсонҳои ғаюр ва ватандусту озод ва табдил додани миллат ба як тӯдаи беҳуввият ва беғайрат мебошад.

Роҳбарияти кишвар имрӯзҳо бо мақсади тарсонидани қишрҳои гуногуни ҷомеа аз интиқоди мақомот ва роҳ надодан ба гуногунандешӣ нисбати мухолифони сиёсии хеш, бахусус маҳбусони сиёсӣ аз тамоми василаҳои шиканҷаву азоб ва мусодираи амволу муҳосираи иқтисодӣ истифода мекунад. Маҳбусин аз камтарин шароити тиббӣ, санитарӣ ва сабукиҳои қонунӣ маҳрум мебошанд. Бо баҳонаи нарасидани ҷой, маҳбусинро дар утоқҳои тангу торик, бидуни кадом шароити гигиенӣ ва риояи меъёрҳои қонунӣ нигаҳ медоранд ва тавассути гумоштаҳои худ аз байни маҳбусин онҳоро азият мекунанд. Аз ҷумла, рӯзҳои ахир ҳаёти узви Шӯрои сиёсии ҲНИТ ва сардабири ҳафтаномаи “Наҷот”, Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода дар натиҷаи шиканҷа ва нагирифтани табобати саривақтӣ зери хатар қарор гирифт, ки танҳо пас аз изҳори нигаронии ҷомеаи байналмилалӣ ва дохилӣ иҷозаи табобат ба ӯ дода шуд. Дигар маҳбусони сиёсӣ аз мулоқот бо вакилон ва низдикони хеш маҳруманд ва касе аз шароити онҳо огоҳӣ надорад.

Вақтҳои охир мақомот даст ба муҳосираи иқтисодии хонадони зиндониёни сиёсӣ задаанд ва гирифтани кумакҳои молӣ аз аъзои оила ва хешовандони дар хориҷ бударо ба як амали ҷиноӣ баробар кардаанд. Чандин аъзои хонаводаи зиндониёни сиёсӣ ба хотири қабули кумакҳои молӣ аз наздикони худ мавриди шиканҷаи ҷисмонӣ ва равонӣ қарор гирифтанд. Ба хотири шиканҷаи бештар нашудан, аъзои хонаводаи маҳбусони сиёсӣ аз додани маълумотҳои дақиқ ва ному насаб худдорӣ мекунанд, ки баёнгари эҷоди фазои ваҳшат ва тарс байни онҳост. Роҳбарияти кишвар, на танҳо мухолифони сиёсии худро бо сахттарин ҷазо маҳкум мекунад, балки занону пиронсолону тифлакони наздики онҳоро ҳам дар муҳосираи иқтисодӣ ва шиканҷаи маънавӣ гирифтааст, ки ин ба ягон қонун ва ойину фарҳанг мутобиқат намекунад.

Раёсати Олии ҲНИТ дар баробари изҳори миннатдорӣ ба созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии кишвар дар масъалаи пайгирии қазияи маҳбусони сиёсӣ, боз ҳам диққати онҳоро ба бадтар шудани вазъи онҳо ва хонаводаҳояшон ҷалб мекунад.

Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон узви чандин созмони байналмилалӣ буда, барои нақз накардани ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсии шаҳрвандонаш дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ тааҳҳуд додааст. Аз ҷумла, Тоҷикистон соли 1994 ба “Конвенсияи байналмилалии зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ва таҳқиркунандаи шаъну шараф” пайваста ва соли 1995 ин санад барои ин кишвар ба ҳукми эътибор даромадааст. Илова бар ин, Тоҷикистон аз соли 1999 ба ин тараф узви “Паймони байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ” мебошад.

Аммо бар хилофи тааҳҳудоти додааш, роҳбарияти Тоҷикистон бо баҳонаи мубориза бо ифротгарӣ, мухолифони сиёсӣ, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, рӯзноманигорон, вакилони мудофеъ ва аъзову ҷонибдорони ҳизбҳои сиёсиро мавриди таъқибу пайгарди шадид қарор дода, бо маҳкама дар додгоҳҳои ноодилон ва пушти парда, парвандаҳои бо муҳри махфӣ ва асноди қалбакию шоҳидони иҷборӣ ба ҳабсҳои тулонимуддат равонаи зиндон сохта, тамоми арзишҳои инсонӣ ва озодиҳои сиёсӣ ва ҳуқуқиро аз онҳо салб кардааст. Илова бар ин, гирифтани эътироф бо роҳи зӯр ва шиканҷа аз боздоштшудаҳо, ба яке аз амалҳои оддии мақомоти қудратии кишвар табдил гардидааст.

Раёсати Олии ҲНИТ вазъи ба вуҷудомадаро натиҷаи сиёсатҳои ҷинояткоронаи алайҳи миллат дониста, роҳбарияи кишварро масъули асоси он ва мақомоти қудратиро ҳамшарикони ин ҷиноят меҳисобад. Табиист, ки ҳар ҷиноят ҷазое дорад ва сахттарин ҷазоро миллатҳои азияткашида дар тӯли таърих нисбати ҳокимони золими худ ва тамаллуқкорону гумоштагони онҳо раво дидаанд, ки миллати ғаюру баномуси тоҷик истисно нахоҳад буд. Идомаи ин ҷиноятҳо алайҳи озодандешон, фаъолони сиёсиву мазҳабӣ, вакилон, рӯзноманигорон ва махолифини сиёсӣ маънии онро дорад, ки як гурӯҳи ҳоким бо истифода аз абзорҳои давлатӣ ва пуштибонии хоҷагони хориҷиашон алайҳи миллат ва ҷанг эълон кардаанд ва ҳама василаву роҳро барои саркуб кардани миллат ва боқӣ мондан дар қудрат ҷоиз медонанд. Миллат ҳам ҷуз пазируфтани қоидаи бозии таҳмилшуда аз тарафи ҳокимияти худкома ва мубориза бо василаҳои машруъ, роҳи дигаре барои раҳо шудан аз зулм, таҳқир, фақру беадолатӣ ва помолшавии ҳуқуқҳояш нахоҳад дошт, ки масъулияти оқибатҳои он комилан бар души роҳбарияти кишвар ва тарроҳони ин ҷиноятҳои зиддимиллӣ мебошад.

Раёсати Олии ҲНИТ

17.08.2016

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика