Хатмкунандагоне, ки аз касби омӯзгорӣ сарфи назар кардаанд назди додгоҳ ҷавоб хоҳанд гуфт.
Дар шаш моҳи соли равон аз 516 нафар мутахассисе, ки тибқи буҷаи давлатӣ Донишгоҳро хатм намудаанд, ҳамагӣ 6 нафар бо сабабҳои гуногун ба ҷои кор ҳозир нашуданд, ки нисбат ба онҳо аризаҳои даъвогӣ ба судҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои ҷойи зисташон фиристода шудааст.
Дар ин бора Салимӣ Носирҷон Юсуфзода, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ ба номи Садриддин Айнӣ зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Инчунин иттилоъ дода шуд, ки дар зинаи магистратура 200 нафар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Барои 81 нафар магистри лаёқатманд ва дорои дониши хубу аъло стипендия муқаррар карда шуд, ки аз ин шумора ба 20 нафар стипендияи аъло дода мешавад. Имсол зинаи таҳсилоти магистратураро 98 нафар хатм мекунанд.Сомонаи Донишгоҳ tgpu.tj таҷдиди назар шуда, ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ гардид. Дар сомонаи мазкур тамоми хабарҳо, мақолаҳо ва маводи нашрияҳои донишгоҳ ворид карда шудаанд.
«Таҷрибаи омўзгорӣ яке аз самтҳои асосии таълим ба ҳисоб рафта, воситаи муҳим дар тайёр намудани омўзгорони оянда мебошад. Соли ҷорӣ бо корхонаҳои шаҳри Душанбе – Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта», шуъбаи маъорифи шаҳри Душанбе, Аксесбонк, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ш. Душанбе, Раёсати истифодабарии роҳҳои н. Шоҳмансур ва ВКХ шартномаҳо ба имзо расонида шудаанд, ки тибқи он донишҷўёни факултетҳои таърих, забони англисӣ ва иқтисодиёт дар соҳаи маориф малакаву маҳорати худро бе восита дар амалия месанҷанд»- дар охир иброз дошт ректор.