Дар ин навишта мо аз заминфурӯшии Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд навишта будем, ки ӯро ба заминҷаллоби рақами аввали вилоят табдил кардааст.
Аммо Қодирӣ бо вуҷуди раиси вилоят будан ва дасти дароз доштанаш, дар заминфурӯшӣ бе рақиб ё конкурент набуд. Дар фурӯши заминҳои шаҳри Хуҷанд ӯ як рақиби тавоное дошт, ки барояш мушкил эҷод мекард. Ин рақиби сарсахти ӯ раиси собиқи Хуҷанд Аҳмадбой Раҷабзода буд. Рақобати онҳо бо чӣ анҷомид, мо бо инояти Худованд дар мақолаҳо дар бораи Раҷабзода қисса хоҳем кард. Алъон баргардем ба ҷиноятҳои Қодирӣ.
Дар қисми аввал гуфта будем, ки писари Қодирӣ маблағҳои барои обтаъминкуниву каналитзасия шаҳраки навбунёди Сайҳун ҷудошударо азхуд намуда, ба ҷои он, ки қубурҳои нав харад, қубурҳои кӯҳнаи шаҳраки Зафарободро канда ба онҷо мебарад. Аммо обёрии ин шаҳрак танҳо бизнесе нест, ки Қодирӣ аз бунёди он фоида ба даст меорад. Ӯ дар сохтмони биноҳои он бо нафаре аз аъзои Оила шарик аст. Ҳақи Қодирӣ дар он бизнес то ҳанӯз ба мо маълум нашудааст ва мо ҳам алъон аз ин мавзӯъ то дафъаи дигар даст мебардорем. Аммо роҳсозӣ ва мумфаршкунии роҳҳо бизнеси Қодирӣ аст. Ӯ дар ин кор таҷрибаи хуб дорад.
Вақте роҳҳои Хуҷандро мумпӯш карданд, расонаҳои вилоятӣ аз иқдоми хайрхоҳонаву ватандӯстонаи Қодирӣ чанд рӯз ҷор заданд. Аммо дар асл хайрхоҳу ватандӯсти маҷбурӣ сокинони маҳаллаҳое буданд, ки роҳашон мумпӯш шуд, чун аз ҳар хонавода 1800 сомонӣ барои ин кор ситонида шуд. Пулҳои аз буҷа барои роҳ ҷудошуда албатта ба кисаи раиси вилоят рафтанд. “Амали хайрхоҳонаи” ӯ ҳам ҳамин буд, ки беш аз се миллион сомонӣ дар се моҳ аз таъмири роҳ ба даст овард.
Аммо Қодирӣ на танҳо замину роҳ мефурӯшад. Яке аз сердаромадтарин бизнесҳои ӯ перзидентфурӯшӣ аст. Ӯ ҳар сафари раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро мефурӯшад. Ба тоҷирон, раисони хоҷагӣ ва корхонаҳову мансабдорҳо. Ҳар тоҷири муваффақ, раиси хоҷагӣ ё корхона, мансабдорони сердаромад муваззафанд, ки “барои тайёрӣ ба омадани “Пешвои миллат”” саҳми худро гузоранд. “Саҳм”-и баъзе тоҷирон ба 10000 доллар мерасад. Тасаввур кунед, ки дар сатҳи як вилояти калон ҷӣ қадар маблағ ҷамъ мешавад. Манбаъи мо иттилоъ дод, ки танҳо дар охирин сафари Раисҷумҳур, Абдураҳмон Қодирӣ 4 миллион доллар ҷамъ кардааст.
Аз сафари Раҳмон на танҳо Қодирӣ, балки тамоми мансабдорони масъули сафари ӯ дар ҳукумат, чӣ дар вилоят ва чӣ ноҳияҳо фоида ба даст меоранд. Ҷузъ ҳақе, ки онҳо аз пулҳои ҷамъовардаашон мегиранд, гилему матоъҳои зери пои Раисҷумҳур партофташуда, ҳатто меваву сабзавоти рӯи мизи Раҳмон, ки хоҷагиҳо меоранд, аз тарафи мансабдорон талаву тороҷ мешавад.
Қиссаи раиси як хоҷагии ноҳияи Конибодом дар ин масъала бисёр ҷолиб аст ва аз “ҳиммати волои” мансабдорони ҳукуматӣ ҳикоя мекунад, ки оварданашро инҷо бамавқеъ донистем.
Қодирӣ ба ин раиси хоҷагӣ (ному насабашро бо далелҳои маълум намеорем) амр мекунад, ки аз роҳ то замини зардолу тахтафарш карда, бо гилем пӯшонад ва дохили боғ як минбар дуруст кунад. Раиси бечораи хоҷагӣ аз фурӯшандагони бозор тахтаву гилеми зиёдеро ба иҷора гирифта амри раиси вилоятро иҷро мекунад. Вақте Эмомалӣ Раҳмон омаду хӯрду рафт ва меҳмонон пароканда шуданд, мансабдорони ноҳиявиву вилоятӣ ба нолаву зории раиси хоҷагӣ нигоҳ накарда, тахтаву гилемро байни худ тақсим мекунанд. Раиси хоҷагӣ барои пардохти пули тахтаву гилемҳо маҷбур мешавад боғеро аз хоҷагиаш фурӯшад. Ба сари сахти ин раис, Оҷонсии мубориза бо фасод аз ин кор огоҳ мешавад ва ӯро боздошт мекунад. Ӯ маҷбур мешавад ҳодисаро ба муфаттиш қисса кунад. Вале хайрхоҳон ба раиси бечораи хоҷагӣ маслиҳат медиҳанд, ки ошкор намудани масъалае, ки номи Раисҷумҳур дар онҷо гирифта мешавад, ба сари худаш бало меорад. Бечора маҷбур мешавад айбро ба дӯши худаш бигирад. Ва барои наҷот ёфтан аз Оҷонсии мубориза бо фасод аз бонк бо гузоштани ҳавлии шахсиаш қарз кунад.
Тиҷорати дигари мансабдорон сар аз Қодирӣ то руасои ноҳия, қайчии Эмомалӣ Раҳмон аст. Соҳибкорони содае ҳастанд, ки фикр мекунанд бурида шудани лентаи корхона ё иншооти онҳо аз тарафи Раҳмон имтиёзоте ба онҳо ва корхонаашон меорад. Ин соҳибкорон ба ҳукуматҳои маҳаллӣ муроҷиат мекунанд, то дар барномаи Раисҷумҳур кушодани корхонаашон ворид шавад. Ин воридкунӣ вобаста аз маҳалу ҳаҷми корхона ва суханронии Раҳмон дар он нархи худро дорад. Мо аз як пардохти 50000 долларӣ иттило дорем, аммо як манбаъ гуфт пардохтҳои 100000 долларӣ ҳам будаанд. Манбаи мо мегӯяд ин маблағҳо пурра дар дасти Қодирӣ намонда, то дастгоҳи Раисҷумҳур мераванд, аммо Қодирӣ ҳам дар он 35-40 дарсад ҳақ дорад.
Абдураҳмон Қодирӣ дар сафарҳои Раҳмон на танҳо мардумро ғорату фиреб мекунад, балки хури раисҷумҳурро низ гӯл мезанад. Дар сафари охиринаш Эмомалӣ Раҳмон лентаи хонаи бачаҳои ятимро дар шаҳри Чкаловск бо тантана бурид. Ин хонаи ятимон пурра бо мебелу бозича ва дигар асбобу лавозимот таъмин шуда буд. Ҳатто баъзе ширкаткунандагон ба ятимон ҳасад бурданд, ки аз фарзандони онҳо бештар шароит пайдо кардаанд. Аммо рӯзи дигар дар он хонаи ятимон ҳатто як палос боқӣ намонд. Маълум шуд ҳамаи чизҳои он хона аз боғчаҳои бачагонаи шаҳр оварда шуда будаанд ва баъди тантана масъулини боғчаҳо омада чизҳояшонро бурдаанд. Алъон дари он хонаи ятимон баста аст ва фаъолият намекунад. Ва ин ягона иншооте нест, ки танҳо рӯзи лентақайчизании Раҳмон боз шуда бошад.
Ин намунае аз ҷиноятҳои раиси вилояти Суғд буданд, ки пурра тасдиқи худро ёфтаанд. Мо маълумоти зиёде аз ҷиноятҳои дигари ӯ дорем, ки ҳанӯз далелашро пайдо накардаем. Дар сурати пайдо шудани он далелҳо ҳатман нашр хоҳем кард.
Ҷузъ ҷиноятҳои иқтисодӣ, Абдураҳмон Қодирӣ муртакиби ҷиноятҳои шахсӣ ва ахлоқӣ ҳам ҳаст. Яке аз онҳо ин аст, ки ӯ бисёр бадмаст аст ва бидуни нӯшидани машруботи спиртӣ дар ҳеҷ маъракае ширкат намекунад. Бештари бегоҳҳо бо ҳамкоронаш маъракаи айшу нӯш ташкил мекунад ва муҳофизонаш ними шаб ӯро масту аласт бардошта ба хонааш меоранд.
Меъёрҳои мову сомона иҷоза намедиҳанд ҷиноятҳои ахлоқии ӯро зикр кунем. Танҳо ҳаминро мегӯем, ки ӯ ба бадтарин ҷиноятҳои ахлоқӣ ҳам даст задааст, ки ҳатто алайҳаш дар КДАМ баёнот додаанд.