Thursday, May 15, 2025
ads
HomeХабарҳоӮзбакистон дар замони ҳукмронии Ислом Каримов (Инфографика)

Ӯзбакистон дар замони ҳукмронии Ислом Каримов (Инфографика)

1-уми сентябр Ӯзбакистон ҷашни истиқлол дошт, ки 25 сола шуд. Ин 25 сол Ӯзбакистонро бидуни истисно Ислом Каримов роҳбарӣ кард, ки ду рӯз қабл аз ҷашни 25-ум дунёро падрӯд гуфт.

Гузоре мекунем ба ин 25 сол дар шакли инфографика:

  

Давоми ин солҳо созмонҳои ҳуқуқи башар ва мухолифини Ӯзбакистон ҳукумати Каримовро барои саркӯбии дигарандешону мухолифон бо шиддат интиқод мекарданд.

Шумори аҳолии Узбакистон дар замони Каримов 1,53 маротиба афзуда, аз 20,6 миллион дар соли 1991 ба 31,7 миллион дар соли 2016 расид.

  

Кӯчбандии сокинони Ӯзбакистон ба Русия тамоми ин солҳо меафзуд. Агар дар соли 1991 ҳамагӣ 39,6 нафар ба Русия кӯч баста бошанд, дар соли 2014 132200 нафар барои зиндагии доимӣ ба Русия рафтанд. Мувофиқи қонунҳои Ӯзбакистон дар сурати қабули шаҳрвандии кишвари дигар, аз шаҳрвандии Ӯзбакистон маҳрум мешаванд.

  

Дар асл беш аз 30 дарсади аҳолии Ӯзбакистонро тоҷикон ташкил медиҳанд, ки миллаташон дар шиносномаҳояшон бидуни ихтиёри онҳо ӯзбак қайд шудааст.

  

Маҷмӯъаи маҳсулоти дохилии Ӯзбакистон дар ин солҳо беш аз 5 маротиба афзуда, аз 13,7 миллиард доллар дар соли 1991 ба 66,7 миллиард дар соли 2015 расид.

  

Тиҷорати хориҷии Тоҷикистон замони ҳукмронии Ислом Каримов 5,6 маротиба афзуд. Агар дар соли 1921 он 4,5 миллиард долларо ташкил медод, дар соли 2015 ба 25,3 миллиард доллар расид.

  

Истихроҷи нафт дар 10 соли охир 1,8 маротиба кам шуда, аз 5,4 миллион тон дар соли 2005 ба 3 миллион тон дар соли 2015 поён фаромад.

 

Истихроҷи гоз 6,85% афзуда аз 6,85% —  54 млрд метри кубӣ ба 57,7 млрд метри кубӣ расид.

29 августи соли 2016 замони Ислом Каримов ба охир расид…

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика