Ихтилофи Душанбе, Кобул ва Ишқобод бар сари роҳи оҳани нави минтақаӣ дар қаламрави Афғонистон ҳалли худро наёфт.
Ин се кишвар ба хотири макони пайвасти роҳи оҳани Туркманистон — Афғонистон — Тоҷикистон ихтилоф доранд.
Мақомоти Душанбе ба ин назаранд, ки нуқтаи пайвастшавии роҳи оҳани Туркманистон — Афғонистон ба ин кишвар, бояд ноҳияи марзии Шаҳритӯс бошад, ки масири он кӯтоҳтар ва камхарҷтар аст.
Ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон, дар сурати пазириши тарҳи ин кишвар, тӯли бахши афғонистонии ин роҳи оҳан 300 километр кӯтоҳтар хоҳад шуд.
Ин дар ҳолест, ки Туркманистон бо ин тарҳ мухолифат мекунад.
Мақомоти Туркманистон бар таъйини бандари Шерхон дар вилояти Қундӯзи Афғонистон ва вилояти Хатлон дар Тоҷикистон, ба унвони нуқтаи пайвастшавии роҳи оҳан дар марзи ин ду кишвар пофишорӣ мекунанд.
Бонки Рушди Осиё, ки қаблан барои таъмини ҳазинаи сохти ин роҳи оҳан дар дохили Афғонистон ва Тоҷикистон эъломи омодагӣ карда буд, ба далели ихтилофи назари Душанбе ва Ишқобод, ба таври муваққат ҳамкории худро ба таъхир андохтааст.
Тарҳи сохти ин роҳи оҳани минтақаӣ дар дидори руасои ҷумҳурии Афғонистон, Тоҷикистон ва Туркманистон дар моҳи марти соли 2013 дар Ишқобод имзо шудааст.
Дар ин росто чанде пеш муносибати Тоҷикистон бо кишвари Туркманистон бо сабаби иттиҳоми таҷовузи як духтари навраси туркман аз тарафи дипломати тоҷик ру ба сардӣ оварда буд.