Thursday, May 15, 2025
ads
HomeХабарҳоМуаллим барои нарафтан ба роҳпаймоӣ аз кор ронда шудааст

Муаллим барои нарафтан ба роҳпаймоӣ аз кор ронда шудааст

Як муаллими забони англисӣ бо номи Рустам Мирзоев, ки дар яке аз мактабҳои шаҳри Душанбе кор мекардааст, бинобар рад кардани амри роҳбари мактаб оиди ширкат дар роҳпаймоӣ (маршировка), аз кор ронда шудааст.

Айни ҳол Рустам Мирзоев дар Русия қарор дошта, ба кор дар бозор оғоз кардааст. Дар ин бора худи ӯ дар саҳифаи фейсбукиаш иттило додааст.

Рустам навиштааст “Бо амри тақдир ва бо сабабҳои ба худам маълум, ман ҳам номи муҳоҷири меҳнатиро гирифтам. Сабаби муҳоҷир шудани мо маоши кам, ноадолатии баъзе инсонҳо ва ҷӯрабозию порахӯрии сартосарӣ мебошад.”

Баъдан ӯ дар бораи аз кор ронда шуданаш чунин қисса кардааст: “Ман то дирӯз дар яке аз мактабҳои шаҳри Душанбе, ба ҳайси муаллими забони англисӣ дарс медодам. Моҳонаам 500 сомонӣ буд ва ман бо ҳамин маъош қаноат мекардам. Як рӯзи тобистон, аниқтараш моҳи июл, директори муассиса маро занг заду ба маршировка даъват кард. Ман, ки дар рухсатии меҳнатӣ будам, бо вай баҳс кардам. Баъди як ҳафта маро занг заду гуфт, ту аз кор озодӣ. Ман ҳам сабабашро напурсидаму дигар ба чои корам нарафтам.”

Рустам иттило додааст, ки баробари расидан ба Русия, ба кор оғоз кардааст: Ҳоло бошад, дар яке аз шаҳрҳои Русия ба ҳайси савдогар кору фаъолият дорам. Маъошам дар як рӯз 2000 рубл(240 сомон) ро ташкил медиҳад.”

Бо вуҷуди он, ки мақомоти Тоҷикистон даъво доранд, ки роҳпаймоӣ ихтиёрӣ буда, донишҷӯёну кормандони буҷавӣ дар он ихтиёран ширкат мекунанд, шикояту эътирозҳои зиёде аз тарафи ширкаткунандагон ҷой дошта, расонаӣ ҳам мешаванд.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика