Thursday, May 15, 2025
ads
HomeХабарҳоҲукумат корхонаи Зайд Саидовро ба Чин дод

Ҳукумат корхонаи Зайд Саидовро ба Чин дод

   Корхонаи “Тоҷик Азот”, ки ба Зайд Саидов ва шарики тиҷории ӯ Дмитрий Фирташ, миллионери укроинӣ таъаллуқ дошту баъди боздошти Зайд ба ҳукумати кишвар онро тасарруф карда буд, баъди танаффуси 7 сола имкон дорад аз нав ба кор оғоз кунад.

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон иттило додааст, ки 50 дарсади саҳмияҳои “Тоҷик Азот” ба гурӯҳи холдингии “Хэнан Чжун-Я”-и чинӣ барои 10 сол пешниҳод шудааст.  Дар назар аст ин ширкати чинӣ ба “Тоҷик Азот” 360 миллион доллар сармоя ворид намуда, давоми як сол онро ба кор дарорад. Дар сурати ба кор оғоз намудани он, имкон дорад 1000 нафар ба ҷои кор таъмин шаванд.

Пас аз ҳабси Зюйд Саидов 80 дарсади саҳмияҳои ба Дмитрий Фирташ (75%) ва Зюйд Саидов (5%) ба фоидаи давлат “мусодира” шуда буд. Дмитрий Фирташ эълон кард, ки тавассути додгоҳи байналмиллалӣ барои баргардонидани ҳақи худ талош хоҳад кард, аммо худаш дар гирдоби ҳаводиси Укроин печид.

Корхонаи “Тоҷик Азот”, ки дар шаҳри Сарбанд воқеъ аст, дар сурати пурра фаъолият карданаш имкони таъмини пурраи кишвар бо нуриҳои минералиро дорад. Сабаби қатъи фаъолияти он қатъи воридоти газ аз Ӯзбакистон буд ва маълум нест чиниҳо газро барои он аз куҷо дарёфт хоҳанд кард.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика