Thursday, May 15, 2025
ads
HomeХабарҳоCайфулло Сафаров: Хадамоти махсуси кишварҳои дигар ихтилофро доман заданд

Cайфулло Сафаров: Хадамоти махсуси кишварҳои дигар ихтилофро доман заданд

Ба корҳои дохилии кишвари мо хадамоти махсуси дигар давлатҳо дахолат карда, оташи зиддиятҳои дохилиро доман мезаданд ва кишварро ба бесуботӣ ва нобоварӣ ба ояндаи худ мекашониданд. Вазифаи Ҳукумати нав аз ин хатар раҳо кардани мардум ва ҳифзи давлати миллии тоҷикон буд.

Ҳар як халқе, ки соҳибистиқлол мегардад, мақсад ва вазифаи  аввалиндараҷаи он таҳияи низоми идораи давлатӣ ва ба ҳам овардани ҷомеа мешавад, бахусус дар ҳолати фалаҷ шудани сохторҳои давлатӣ.

Ин нуқтаро , муовини авали директори Маркази тадқиқоти  стратегии назди Президенти Тоҷикистон дар матлабе бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар  сомонаи Агении иттилооти «Ховар» баён доштааст.

Инчунин таъкид кардааст, ки сарсахттарин мухолиф ва танқидгари Ҳукумат низ дастовардҳои бузурги Тоҷикистонро дар солҳои истиқлолият эътироф накарда наметавонад.

Сайфулло Сафаров, дар матлабе аз таърихи халқи тоҷик ёдовар шуда гуфтааст, ки «таърих гувоҳ аст, ки дар тӯли ҳазорсолаҳо оини давлату  давлатдории тоҷикон сахтиҳои хорошикан, таназзулу эҳё шуданро борҳо аз сар гузаронида, аз дунболи ҳар шикасту инқироз, бозэҳёшавӣ ва камолоти афзунтарро ноил гаштааст. Имрўз аз  замони  расман эълон шудани Истиқлолияти давлатии мо  25 сол гузашт. Дар ин муҳлати бисёр муҳим пояҳои устувори давлатдории муосири тоҷикон  гузошта   шуданд. Бо душворӣ бошад ҳам, имрўз сарсахтарин мухолиф ва танқидгари Ҳукумат низ дастовардҳои бузурги моро дар соҳаҳои гуногун  эътироф накарда наметавонад».

Ў аз ҳаводиси солҳои наваддум ва мавқеъҳои мухталифи  созмону ҳаракатҳо интиқод карда гуфтааст, ки «бетаҷрибагии сиёсӣ, содагӣ ва зудбоварӣ мардумро ғуломи равандҳои сиёсӣ намуд. Давлат дар ин вазъият пурра фалаҷ гардида буд. Ҳокимият дар баъзе маҳалҳо ба дасти дуздону авбошону одамкушон гузашта тамоми ҳуқуқҳои заҳматкашонро зери по карда буданд. Ба сухани мардуми хонабардўш касе гўш намекард. Мардум маҷбур шуданд, ки хонаву ҷойи худро монда, ғарибу мусофир ва муҳоҷир шаванд.

Бесоҳибии заминҳо ва ба муҳоҷирати корӣ рафтани мардум аз ҳамон вақту замон реша мегирад ва ба гардани Хукумати имруза бор кардани ин гуноҳи  муҳочират асос надорад». Сайфулло Сафаров, ҳамон ҳаракату созмонҳоеро ишора дорад, ки талоши истиқлолиятхоҳӣ ва амалӣ шудани ормонҳои миллиро мекарданд, ки мутаассфиона ба оташи ҷанг кашида шуд. Бо вуҷуд ў мегўяд, ки он солҳо ба корҳои дохилии кишвари мо хадамоти махсуси дигар давлатҳо дахолат карда, оташи зиддиятҳоро доман заданд.

Бояд  гуфт, ки бозгардонидани ҳокимияти халқ ба худи халқ кори осоне набуд, зеро худи мардум ҳам дар чорроҳа монда дўстро аз душман фарқ намекард. Бештари мардум ба маҳаллу миллиятҳои мавҷуда ва гуруҳҳои этникӣ ҷудо шуда буданд. Ин бузургтарин таҳдид барои Истиқлолияти давлатӣ ба шумор мерафт.

Ба корҳои дохилии кишвари мо хадамоти махсуси дигар давлатҳо дахолат карда, оташи зиддиятҳои дохилиро доман мезаданд ва кишварро ба бесуботӣ ва нобоварӣ ба ояндаи худ мекашониданд Вазифаи Ҳукумати нав аз ин хатар раҳо кардани мардум ва ҳифзи давлати миллии тоҷикон буд. Ҳар як халқе, ки соҳибистиқлол мегардад, мақсад ва вазифаи  аввалиндараҷаи он таҳияи низоми идораи давлатӣ ва ба ҳам овардани ҷомеа мешавад, бахусус дар ҳолати фалаҷ шудани сохторҳои давлатӣ».

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика