Созмони Миллали Муттаҳид дар маърӯзаи худ оид ба рушди саноат (ЮНИДО) Тоҷикистонро дар феҳрасти ақибмондатарин давлатҳои ҷаҳон дохил намуд ва дар раддабандие, ки аз нигоҳи пешрафтҳои иқтисодии мамолик омода гаштаанд, ин кишвари Осиёи Марказӣ дар шумори давлатҳои қашшоқи Африқо, Афғонистон ва Куриёи Халқӣ Демократӣ омадааст.
Дар маърӯзаи мазкур зикр шудааст, ки даромади нохолиси миллии ин кишварҳо ба сари ҳар нафар то 1045 доллари амрикоӣ рост меояд. Таъкид мегардад, ки маърӯзаи СММ оид ба рушди саноат бо ибтикори Бонки Ҷаҳонӣ омода гашта, дар он ба тараққиёти иқтисодии кишварро бештар аҳамият дода шудааст.
Назар ба раддабандии ин ниҳоди молиявӣ даромади нохолиси кишварҳои Узбакистон, Украина, Молдова ва Гурҷистон ба ҳар тан аз аҳолӣ ҳудуди 4125 доллар то 1046 доллар арзёбӣ шуда, сатҳи он поинтар аз ҳисоби миёна номбар гардидааст. Аммо Қазоқистон, Туркманистон, Озарбойҷон, Белорус ва Чину Эрон дар феҳрести давлатҳое қарор доранд, ки сатҳи даромади иқтисодӣ миёна буда, ба ҳар нафар аз аҳолӣ даромади нохолиси миллӣ аз 12 475 то 4 126 доллар рост омадааст. Гуфта мешавад ,даромади холиси миллии кишварҳое ба монанди Русия, Эстония, Литва ва Латвия аз сатҳи баланд ҷой гирифта, ин нишондод дар ин мамолик ба ҳар сари аҳолӣ 12 746 доллар ва аз он болотар будааст.
Аммо Тоҷикистон аз байни кишварҳои пасошӯравӣ аз нигоҳи рушди иқтисодӣ ақибмондатарин буда, даромади холиси миллии он дар соли 2015 ба ҳар нафар аз оҳолии кишвар 1045 доллари амрикоиро ташкил додааст.