Friday, May 16, 2025
ads
HomeХабарҳоДар Озарбойҷон мӯҳлати президентӣ тамдид мегардад

Дар Озарбойҷон мӯҳлати президентӣ тамдид мегардад

Дар Озарбойҷон маъракаҳои таблиғотӣ доир ба баргузории раъйдиҳии умумихалқӣ оғоз гардид, ки гуфт мешавад, 26 уми сентябри соли равон баргузор хоҳад шуд.

Тағйиру иловаҳо ба Сарқонуни ин кишвар ба райъдиҳии умумӣ гузошта мешаванд, ки яке аз асоситаринашон тамдиди мӯҳлати президентӣ аз панҷ соли мавҷуда ба ҳафт сол аст.

Ба ин шева президенти вақти Озарбойҷон Илҳом Алив қасд дорад, ки мӯҳлати ҳукмронии худро дар ин кишвар тамдид намояд. Ин тарзи ҳукуматронӣ дар ҷамоҳири собиқ шуравӣ падидаи нав нест. Ҷамоҳире ба монанди Ӯзбакситону Тоҷикистон ва Туркманистону Руссия кайҳо дар Сарқонуни худ иловаҳо дохил намудаанд ва мӯҳлатии раёсатҷумҳуриро аз 4 солу 5 сол ба 6 солу 7 сол дароз кардаанд.

Ислом Каримов, президенти нахустини Ӯзбакистон бори аввал аз ин роҳ гом ниҳод ва дар натиҷа 25 сол дар сари қудрат монда, оқибат танҳо марги ғайриинтизор ӯро 2 юми сентябри соли равон аз ин курсӣ ба пояи қабр кашид.

Дигаре аз президентҳо Эмомалӣ Раҳмон аст, ки низ дар Қонуни асосии Тоҷикистон иловаҳо дохил намуда, зимоми қудратро солҳост, ки аз даст намедиҳад. Ҳатто дар райъпурсии умумие дар ин авохир боз ба Сарқонуни кишвар тағйирот дохил карда шуда, синну соли шахси ба мансаби раисҷумҳур интихобшавандаро аз 40 ба 30 сол поён оварда шуд.

Сиёсатшиносон гуфтанд, ки Эмомалӣ Раҳмон роҳро барои писари худ Рустами Эмомалӣ ҳамвор сохт ва ӯ метавонад дар интихоботи оянда бемалол ширкат варзида, зери ҳимояти падари худ ба муваффақият ноил гардад ва ба ин васила ҳукмронии сулолаи Раҳмониёнро дар Тоҷикистон боз солҳо давом бидиҳад.

Дар ҳамин ҳол Илҳом Алиев раисҷумҳури Озарбойҷон низ аз роҳи ҳамтоҳои худ чун Каримову Раҳмону Путин гом мебардорад ва ният дорад, ки ин кишварро солҳои мадид зери сарпанҷаи худ қарор диҳад.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика