Friday, May 16, 2025
ads
HomeХабарҳоНеъматулло Юлдошев раҳбари муваққатии Ўзбакистон интихоб шуд

Неъматулло Юлдошев раҳбари муваққатии Ўзбакистон интихоб шуд

Имрӯз 8- уми сентябр палатаи қонунбарори Маҷлиси Олӣ (Олий Мажлис) ва Сенати Узбакистон дар ҷаласаи якҷояи худ иҷрокунандаи муваққатии вазифаи президенти кишварро интихоб намуд.

Ваколати президентӣ дар Ӯзбакистон муваққатан ба дӯши раиси Сенати ин давлат Неъматулло Йӯлдошев гузошта шуд.

Юлдошев се моҳи оянда Ӯзбакистонро идора хоҳад намуд ва тибқи моддаи 96- и Сарқонуни ин кишвар дар ин муддат бояд раъйдиҳӣ баргузор шуда, раисҷумҳур расман интихоб гардад. Ҳамин моддаи Сарқонуни Ӯзбакистон 18 уми апрели соли 2011 тағйир дода шуда буд ва дар он таъкид шудааст, ки агар президент вазифаҳои худро иҷро карда натавонад, ваколатӣ ӯ ба таври автоматик ба дасти раиси Сенати Маҷлисӣ Олӣ мегузарад. Аз ин хотир пас аз марги Ислом Каримов тамоми раҳбарони давлатҳои дунё таъзияномаҳои худро ба номи Юлдошев ирсол доштанд.

Неъматулло Юлдошев аз соли 2015 ба ин сӯ раиси Сенати Маҷлиси Олии Ӯзбакистон аст. Вай 5 уми ноябри соли 1962 дар шаҳри Тошканд ба дунё омадааст. Пас аз хатми факултаи ҳуқуқшиносии ДД Тошканд дар идораҳои додситонӣ кор кардааст. Солҳои 2011- 2015 вазири адлия буд ва моҳи январи соли 2015 ба ҳайси раиси Сенат интихоб гардид.

Тахмин меравад, ки интихоботи президентӣ дар Ӯзбакистон моҳи декабри соли равон ба амал меояд. Дар ҳамин ҳол кадомин чеҳраи шинохтаи ин кишвар номзадии худро ба ин мақом хоҳад гузошт, ҳанӯз маълум нест, аммо гуфта мешавад, дар зудтарин фурсат аниқ хоҳад шуд.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика