Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни баромадаш дар ҳамоиш барои ҷашни 25-солагии истиқлолият бори дигар ҲНИТ-ро ба барандохтани ҷанги шаҳрвандӣ гунаҳкор кард.
Ӯ ҳамчунин давоми суханронияш ишора намуд, ки бо сабаби ҷанги шаҳрвандӣ Тоҷикистон аз дигар кишварҳо ақиб мондааст ва ҳатто дар охир таъкид кард, ки акнун он бо суръат тараққӣ хоҳад кард. Яъне ҳама айбро ба дӯши ҲНИТ гузошт ва бо ишора ба ин ки дигар ҲНИТ нест, бори дигар кафолат дод, ки минбаъд рушд чашмрас хоҳад буд. Ҳатто бори ҷаҳорум аз соли 2006 ваъда ниҳод, ки Тоҷикистон давоми ду соли дигар ба истиқлолияти комили энергетикӣ хоҳад расид.
Аммо Эмомалӣ Раҳмон нагуфт, ки сабаби пеш нарафтан ва ба як кишвари содиркунандаи қувваи корӣ табдил шудану сол аз сол ба пули муҳоҷирон мӯҳтоҷтар шудани Тоҷикистон баъди қариб 20 соли анҷоми ҷанг дар чист.
Инчунин нагуфт, ки дар фасоди саросарӣ, ғасби ҳукумат аз тарафи як хонавода, ғорати амволи тоҷирону соҳибкорон, фурӯши замин ба Чину Қирғизистону Ӯзбакистон, пулакикунии шоҳроҳи асосии кишвар аз тарафи домоди раисҷумҳур, поёнравии ҳарсолаи Тоҷикистон дар тамоми шохисҳои байналмиллалӣ, афзоиши чандкаратаи қарзи давлатӣ, барои кӯмакхоҳӣ дар як сол чанд маротиба сафар кардани мақомоти олии кишвар ба кишварҳои арабӣ, қабул нашудани сафари раисҷумҳури Тоҷикистон аз тарафи кишварҳои Аврупо, марги беш аз 1000 муҳоҷир дар Русия ҳар сол, хортарин миллат шудани тоҷик давоми даҳ соли охир ва дигар мусибатҳои ин миллату кишвар кӣ гунаҳкор аст.