Вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар Шӯрои навбатии СММ мавриди баррасӣ қарор мегирад. Дар ин ҷаласа инчунин бӯҳрони Сурия ва Украина муҳокима мешаванд ва интизор меравад, дар робита ба ин масоил баёнияҳои ин созмони бонуфузи дунё нашр гардад.
Иҷлосияи Шӯрои СММ аз 13 то 30 юми сентябри соли ҷорӣ дар Женеви Суис баргузор ва идома мекунад ва таъкид мешавад, ки дар бораи вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон маърӯза ва таҳлилҳои нави ходимони ин ниҳод пешниҳод мегардад. Аммо ҳанӯз маълум нест, ки Тоҷикистонро дар ин маҷолис кӣ муаррифӣ месозад.
Коршиносони ин соҳа дар ин авохир аз шадидан бад гаштани вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ҳадс мезананд ва таъкид мекунанд, ки мақомоти феълии ин кишвар озодиҳои башарро дар қаламрави худ маҳдуд месозанд ва аз сухани озод ҷилавгирӣ мекунанд. Ҳизбҳои сиёсӣ шадидан саркӯб гашта, арзишҳои демократӣ поймол мегарданд. Шиканҷаи маҳбусон низ аз мояи нигарониҳои созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар гаштааст ва вуҷуд доштани ин масоили доғ аз чашми кормандони СММ дур намонда, эҳтимол меравад, дар маърӯзаи нави Комисссарияти СММ оид ба ҳуқуқи башар садо хоҳад дод.
Дар ҷаласае, ки 6 уми майи соли ҷорӣ баргузор гардида буд, ба мақомоти тоҷик 203 тавсиянома дар робита ба бартараф сохтани муаммоҳои ҷойдошта пешниҳод шуда, аз он 119 пешниҳодро Тоҷикистон пазируфта буд. Гуфта мешавад, манъ сохтани ҳукми қатл, чорабиниҳои зидди шиканҷаи боздоштшудаҳо ва маҳбусон, баробарҳуқуқии занону маъюбон, аққалиятҳои ҷинсӣ аз ҷумлаи он пешниҳодот буданд, ки намояндаи дар СММ барои баррасиву чорасозӣ қабул карда буд. Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои СММ беш аз 40 масъала муҳокима мегарданд.