Масҷид таърихии “Ҷӯрабек”, ки аз ҷониби генерал Ҷӯрабек дар соли 1897 дар Тошканд бунёд шуда, то ин дам ба ин ном дар саҳифаҳои таърих дохил буд ва яке аз меъмориҳои таърихии асри гузашта ба ҳисоб мерафт, вайрон карда шуда, ба ҷояш масҷиди нави замонавӣ сохта шуд.
Ба ин масҷид фавран номи президенти марҳуми Ӯзбакистонро доданд. Мардуми Тошканд, ки қаблан ин масҷидро ба номи асосгузораш Ҷӯрабек ном мебурданд, акнун маҷбур хоҳанд гашт, ки номи таърихиашро фаромӯш карда, Ислом Каримов ном баранд.
Бархе аз мардуми шаҳр ин масҷидро “Масҷиди алюкобонд” меноманд. Зеро дар сохтмони нави бинои он масолеҳи алюкобонд истифода шудааст, ки дар сохтмони биноҳои шарқии суннатии мусалмонӣ бесобиқа аст. Ба номи Каримов гузошта шудани масҷиди “Ҷӯрабек”-ро духтари президенти нахустини Узбакистон Лола Каримова, намояндаи ин кишвар дар ЮНЕСКО хабар додааст ва гуфтааст, ки таъмири масҷиди мазкурро худаш ва шавҳараш маблағгузорӣ намудаанд. Вай таъкид кардааст, ки “вақте корҳои барқарорсозии масҷидро оғод кардем, ҳатто дар гӯшаи хаёл надоштем, ки онро ба номи падари раҳматиам хоҳем гузошт”.
Ин дар ҳолест, ки Идораи меъморӣ ва ҳифзи обидаҳои таърихии Узбакистон гуфтааст, масҷиди “Ҷӯрабек” ба қоидаҳои тармими биноҳои таърихӣ зид таъмир карда шудааст ва пас аз таъмири кул бино моҳияти таърихии худро гум кардааст.