Табибони амрикоӣ баъд аз таҳқиқоти тӯлонӣ ба хулосае омадаанд, ки нӯшокиҳои спиртӣ яке аз сабабҳои густариши амрози дил мебошанд.
Онҳо назари табибонеро, ки то ин дам мегуфтанд миқдори муайяни алкогол кори дилро ба танзим медарорад ва аз беморӣ нигаҳ медорад, комилан рад намуданд ва исбот карданд, ки ҳатто миқдори ками нӯшокиҳои спиртӣ даҳлези дилро аз равған пур карда ва дар фарҷом ба сакта мубаддал месозад.
Дар робита ба ин масъала натиҷаи таҳқиқоти табибони амрикоӣ дар маҷаллаи “Journal of the American Heart Association” ба табъ расидааст. Табибон мутмаинанд, ки агар одам ҳар рӯз 10 грамм арақ нӯшад, хатари фибриллятсияи даҳлези дили ӯ панҷ дарсад меафзояд. Агар рӯзмарра 10 грамм барзиёд нӯшад, даҳлези чапи дил вай ҳудуди 0,16 миллиметр васеъ мегардад. Барои исботи ин фикри худ мутахассисон 5220 нафарро аз муоина гузаронданд, ки 54 дарсади онҳоро занҳои то 56 сола ташкил медоданд. Ширкатдорони амалиёти таҷрибавӣ ташхиси электрокардиографиро гузаштанд. Аз 17659 адад санҷиш, ки тӯли шаш сол гузаронида шудааст, табибон 1088 ҳолатеро муайян намудаанд, ки ба фибриллятсияи даҳлези дил вобаста аст. Аз ин табибон ба хулосае омадаанд, ки барои комилан бартараф намудани амрози дил аз нӯшидани машруботи спиртӣ парҳез намудан зарур аст.