Кори ду ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон «Тоҷик Эйр» ва «Сомон Эйр»-ро Вазорати нақлиёт месанҷад. Кормандони ин вазорат тасмим гирифтаанд, ки фаъолияти ин ду ширкати мусофирбар, бахусус вазъи техникии ҳавопаймоҳои онҳоро тафтиш кунанд.
Гуфта мешавад, дар ин авохир дар кори ҳавопаймоҳои ин ширкатҳо нуқсҳои техникӣ зиёд ба чашм мерасанд ва азбаски ба ҳаёти одамон бештар хавф эҷод месозанд, чораҳои амалиашон аз пеш дида хоҳанд шуд.
Ду рӯз пеш аз ин як ҳавопаймои пур аз мусофири хатсайри Душанбе -Санкт- Петербург, ки шомили ширкати «Сомон Эйр» будааст, пас аз ба ҳаво боло шудан дучори мушкили техникӣ гаштааст ва пас аз се соат парвоз дар осмони Душанбе дубора ба фурудгоҳ нишастааст. Ҳавопаймо барои эҳтиёт муддати се соат сӯзишвории худро сарф намуда, ба таври изтирорӣ фурӯд омадааст. Пас аз ин парвози ноком раҳбарияти “Сомон Эйр” аз мардум узр пурсиданд. Ин ҳодиса дар байни мардум баҳси гармеро ба вуҷуд овард ва онҳо бештар изҳори нигаронӣ намуданд, ки ҳини парвозҳо ҳаёти эшон шадидан ба хатарҳо рӯбарӯ аст.
Ҳафтае қабл аз ин ҳам як ҳавопаймои ширкати «Тоҷик Эйр» ҳини парвоз аз Бишкеки Қирғизистон ба самти Душанбе дучори мушкили фаннӣ гашт ва маҷбур шуд, ки парвозро мавқуф гузошта, ба таври истирорӣ дар фурудгоҳи байналмиллалии “Манас” биншинад. Мусофирон шаберо гуруснаву ташна дар курсиҳои фурудгоҳ рӯз карда, рӯзи дигар ба ватан баргаштанд.
Дар гузашти як моҳ се ҳолате ба вуҷуд омадааст, ки ҳавопаймоҳои тоҷик ба далели нуқси техникӣ аз парвоз даст кашидаанд ва мусофиронро саривақт ба манзил нарасонидаанд. Таъкид мешавад, ки чунин ҳолатҳо зуд- зуд дар кори ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон ба амал меоянд ва масъулини идораҳои дахлдорро хеле нигарон сохтааст. Тафтиш аз ҷониби Вазорати нақлиёт ҳам маънои онро дорад, ки ин масъала дар деги калоне ҷӯшидааст ва аз эҳтимол дур нест, ки то худи Раисҷумҳур расида бошад.
Зафарбек Гулбеков, раҳбари шӯъбаи бехатарии парвозҳо дар Вазорати нақлиёт гуфтааст: «Кормандони хадамот, фурудгоҳ ва умуман мутахассисони техникиро ҷалб кардаем ва ин ҳодисаро тафтиш дорем. Ҳавопаймо ин техника аст ва техника ҳар вақт метавонад ба мушкил дучор шавад. Мо ҳоло ҳам дар «Тоҷик Эйр» ва ҳам дар «Сомон Эйр» тафтиш бурда истодаем.»
Мутахассисон мегӯянд, кори «Тоҷик Эйр» ва «Сомон Эйр» дар ин авохир хуб нест ва далели он дуздиву ғорати пули ширкат аз ҷониби раҳбарони он аст. Ҳавопаймоҳои нав харида намешаванд ва бо таъмири ҳавопаймоҳои кӯҳна кифоят мекунанд, ки дар натиҷа ҷони садҳо нафар мусофирро бо хатар мувоҷеҳ месозанд. Ин ҳолатҳо обрӯи Тоҷикистону тоҷиконро дар байни дигар давлатҳо мерезонад ва гуфта мешавад, ки агар ҳол дар ин ду ширкати ҳавопаймоӣ тағйир наёбад, пойи сайёҳони хориҷа, ки барои тамошои табиати нотакрори Тоҷикистон меоянд, оҳиста- оҳиста канда мешавад ва мамлакат аз як соҳаи сердаромад дар канор хоҳад монд.