Гюленчиҳои Тоҷикистстон дар бораи Эмлмалӣ Раҳмон бо номи «Файзи истиқлол — 25» китоб нашр кардаанд.
Ин китоб дар арафаи таҷлили 25 умин солгардиТоҷикистон зимни як ҳамоиш муаррифӣ шуда сиёсати Эмомали Раҳмонро васф карда, аз ӯ ҳамчун меъмори сулҳу ваҳдат ва сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ шудааст.
Ин китоб бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии « АвруОсиё» ё маъруф ба «Диалог» , ки муассисаш ҳаракати «Хизмет» ва муассисаш сиёсатмадори мазҳабӣ Фатҳулло Гюлен шаҳрванди Туркия, ки ҳоло муқими Амрико аст, нашр шудааст ва муаллифи мушаххас надорад. Китоб бо забони тоҷикӣ ва англисӣ нашр шудааст.
Дар ҳоле ташкилоти «Диалог» китоб дар бораи сиёсатмадории Эмомалӣ Раҳмон, нашр кардааст, ки ҳукумати Туркия баъди ҳодисаи кудетои тобистони соли ҷорӣ ба кишварҳои дигари минтақа расман нома навишта хоҳиш кардааст, ки литсей ва ташкилотҳои «Диалог», ки ба Фатҳуллоҳ Гюлен иртибот доранд баста шавад.
Дар Тоҷикистон ба «Дилаог»-и Гюлен бештар зиёиён ва профессорон ҷалб шудаанд ва ҳар ҳафта дар қароргоҳи ин марказ ҷамъ мешаванд. Мавзӯи баҳс асосан илми ва тарбиявӣ аст, на сиёсӣ. Ҳар сол зиёиён, профессорон ва журналистон дар бораи мактаб ва афкори мазҳабиву илмии Фатҳулло Гюлен мавод менависанд ва дар шакли китоб нашр мешавад.
Дар Тоҷикистон аз тарафи Вазорати маориф ва илм бо тавсияи КДАМ ташкилоти туркии «Шалола», ки муассиси литсейҳои тоҷикӣ-туркӣ буд ва таҳти сарпарастии «Диалог» фаъолият мекард, қатъ карда шуд. Номи литсейҳои мазкур ҳам иваз шуданд ва теъдоди омўзгорони турк ҳам кам карда шуд.
Дар ҳоле, дар Тоҷикистон, дар доираи зиёиён ва минбари Академияи илмҳо афкори Гюленгароӣ дар авҷ аст, ки кишвари Туркия яке аз шарикони асосии иқтисодии Тоҷикистон маҳсуб мешавад ва Фатҳулло Гюлен ашаддитарин мухолифи сиёсии ҳукумати вақти Туркия дониста мешавад ва ҳукумати Туркия кудетои нофарҷоми ахири дар Тобистон рӯйдода маҳз Фатҳулло Гюленро саркардаи ин кудето медонад.