Thursday, May 22, 2025
ads
HomeХабарҳоИттифоқи нависандагон ба нанг омадааст ё тиҷорати навро сар кардааст

Иттифоқи нависандагон ба нанг омадааст ё тиҷорати навро сар кардааст

Низом Қосим,раиси иттифоқи нависандагон ба роҳбарияти телевизионҳои давлатӣ расман муроҷиат карда изҳор доштааст, ки бидуни огоҳии Иттифоқи нависандагон маҳфилҳои адибонро намоиш надиҳанд.


Яке аз роҳбарони телевизиони давлатӣ ба мо иттилоъ дод, ки ин огоҳиро як моҳ қабл гирифтаанд. Ин хабарро дар садорати Иттифоқи Нависандагон низ тасдиқ карданд.


Яке аз роҳбарони ИН гуфт, «ки солҳои охир ҳамсарони дуюму сеюм ва маъшуқаҳои мансабдорон аъзои иттифоқ шудаанд ва шарм накарда ҳар рӯз маҳфилҳои шеърӣ доир кардаву тавассути телевизион намоиш дода мешавад. Дар ҳоле ки  шеъри ҳалол надоранд ва шеърҳоро мехаранд. Ҳамин шоиркунонии хонумҳоро Бозор Собир аз давраи шуравӣ сар карда буд. Маъшуқаи худро шоир кард ва аз барои ў шеър менавишт. Ҳамаи корро ҳамин хел шахсони маишатпарасту хуморӣ ва маъшуқабоз ҷазир мекунанд.

«Дасти пир»-и Бозорро Раҳмат Назрӣ  ва Низом Қосим гирифт. Махфират Юсуфӣ, қиссаҳои ошиқии афсонавӣ менавишт, ки  ҳамсари яке аз мансабдорони радаи боло аст ва ҳоло аъзои ИН мебошад.  Вале аз тарси боло хориҷ карда натавонистем.

Чанд хонум — шоираҳои дигарро ҳам аз тарси «кришаашон» хориҷ карда нашуд, ман ошкор мегўям. Боз дар  як  бахши радиои  муҳими давлатӣ  раисаш мондаанд.  Агар дар вазифаҳои давлатӣ худиву ҳамсарону маъшуқаҳоро мемонед, дар шеъру шоирӣ, ки истеъдоди эҷод талаб мекунад, мумкин нест.

Усмон Сабз, солҳои сол мансабпараст буд, бо шеърҳои фачу лучаш аъзои ИН гардидааст, ки  аввал ҳаминро хориҷ кардем. Намедонем бо кадом роҳ аъзо шуда буд, шеърҳояш аз комиссияи талили назм нагузашт. Яке дигараш ғазалҳои Бедилу Мавлоноро дуздида танҳо калимаҳоро иваз кардааст. Инро ҳам пеш кардем. Хориҷ кардан идома дорад»- гуфт манбаъ.


Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо баргузории як ҷаласа 26 нафар, аз ҷумла Усмон Сабзов, раиси собиқи ноҳияи Ҳисорро аз узвияти ин созмон хориҷ кард. Ба иттилои Иттифоқи нависандагон  ин иқдом ба хотири иҷрои банди 25-уми Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 8-уми апрели соли 2016 дар бораи омӯзишу таҳлили маҳсули эҷодӣ ва арзёбии сатҳи касбии аъзои ИНТ амалӣ гашта, натиҷаи кори комиссияест, ки бо ин мақсад ташкил шуда буд.


Комиссия хулоса кардааст, ки осори ин нафарон бе омӯзиши ҷиддӣ нашр шуда, солҳои 2014-2015 ба таври дастаҷамъӣ ба узвияти Иттифоқи нависандагон пазируфта шуда буданд.


Дар натиҷаи овоздиҳии якдилона Абдуҳалим Самадзода (Самадов Абдуҳалим Каримович), Усмони Сабз (Сабзов Усмон Раҳмонович), Самариддин (Яқубов Самариддин Эмомович, Наргис (Эшонҷонова Қурбоной Давлатовна), Ҷумъаи Махшул, Зикруллои Файзулло, Мирзоҳайдар Умарзод, Сумангул Бобоева, Наврӯзи Гулзода, Кулолӣ (Ҳаитбой Лоиқов), Эгамназари Соҳибназар, Субҳон Ёдгорӣ, Ваҳҳоб Набиев, Саидҷалоли Саид, Шоҳмирзои Хоҷамуҳаммад, Муфаззали Аҷамрод, Файзулло Эшонҷон, Ширин Абдулло, Анвари Ҳусейн, Абдуқаҳҳори Қосим, Ҳазрати Ғайрат, Гулназар Хизмат, Гулназари Хатлонӣ (Бӯрӣ Гулназаров), Абдураҳим Муталзоди Фархорӣ (Давлатов Абдураҳим Муталович), Маликаи Аваз (Авазова Малика Ҷондоровна), Нуралӣ Валӣ ва Дӯстмурод Ӯроқов аз узвияти ИНТ хориҷ шуданд.


Феълан кори комиссияи омӯзишу таҳлили маҳсули эҷодӣ ва арзёбии сатҳи касбии аъзои ИНТ давом дорад, аз ин рӯ ихроҷи дигарон аз ИНТ истисно нест, -қайд мекунад манбаъ.


Дар ҷомеа дар бораи бо додани пора ба ИН аъзо шудан сару садоҳо кам нест. Адибони ҷавон низ фаъолияти ин итифоқро интиқод карда онро , вассофи ҳукумат мехонанд ва мегўянд,  дар ҳоле ки дарду доғи ҷомеа кам нест, аммо онҳо дар фикри эҷоди назми тамаллуқӣ мебошанд. Ин аст, ки имрӯз назму наср ҷавобгӯйи завқи хонанда нест.

Иттифоқи нависандагон аз ташкилотҳои бозмонда аз даврони Шӯравӣ аст, ки аз буҷаи давлат маблағгузорӣ мешавад.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика