Thursday, May 15, 2025
ads
HomeХабарҳоОбро қимат карданд, акнун навбати ҳаво!

Обро қимат карданд, акнун навбати ҳаво!

Корхонаи “Обу корези Душанбе” гуфтааст, ки сар аз 1 уми октябри соли равон нархи истифодабарии оби нушокиро барои аҳолӣ ва коргоҳҳои ғайрибуҷавӣ дар ҳудуди 20 дарсад қимат мекунад.

Баъд аз ҷашнҳо 25 солагии Истиқлолу иди Қурбон хабари боло бурдани нархи оби нушокӣ сокинони пойтахти Тоҷикистонро нороҳат кард ва онҳо мегӯянд, ҳукумати кишвар муддати 25 соли мавҷудият ягон бор аз поин овардани нархҳо сухан намекунад ва пайваста аз қимат сохтани ҳама гуна хизматрасониҳо хабар медиҳад.

Дар пайи бӯҳрони иқтисодие, ки Тоҷикистон аз сар мегузаронад, даромади аҳолӣ низ назар ба ду соли пеш коста, камбизоатӣ рӯз аз рӯз доман паҳн мекунад. Бошандагони Душанбе мегӯянд, боло бурдани арзиши истифодабарии оби нушокӣ садои зангӯлаест, ки дигар идораҳои хидматарасонро низ бедор месозад ва онҳо низ аз баланд бардоштани нархи хизмати худ хабар хоҳанд дод.

Дар ҳамин ҳол сокинони пойтахти Тоҷикистон аз аввали моҳи октябри соли ҷорӣ ба 1 мукааб метри оби нӯшокӣ маҷбур хоҳанд гашт, 61 дирам бисупоранд. Онҳо пеш аз ин ба ин миқдор об 52 дирам пардохт мекарданд. Корхонаи “Обу корези Душанбе” мегӯяд, корхонаҳои ғайрибуҷавӣ барои ҳар як мукааб метри об пеш аз ин 4 сомониву 48 дирам пардохт менамуданд ва минбаъд барои 1 метри мукааб 5 сомониву 38 дирам пардохт хоҳанд кард. Ин манбаъ таъкид намуд: “Арзиши истифодаи об барои корхонаҳои буҷавӣ сар аз якуми январи соли 2017 боло бурда мешавад”.

Аммо масъулони ин корхона сабабҳои боло бурдани нархи истифодаи обро шарҳ надоданд ва танҳо гуфтанд, ки қимат кардани нарх бо ризоияти Хадамоти зидиинҳисорӣ ба роҳ андохта шудааст. Боло бурдани нархҳо зиндагии бе ин ҳам мушкили мардумро ба душвориҳо мевоҷеҳ месозад ва ҳоло мардум чунон дилзанак шудаанд ва дар ин авохир гӯшбақиморанд, ки ҳукумати “халқпарвар” боз аз боло бурдани кадом нархи маҳсулот “хабар” медиҳад. “Шояд акнун навбати ҳаво бошад!”- мегӯянд онҳо ним шӯхиву ним ҷиддӣ.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика